Рубрики Хабарҳо

Зулқарнайн кӣ буд —Искандар, Фиръавн ё Куруш?

Зулқарнайн, шахсияте, ки дар Қуръони карим аз ӯ ҳамчун як подшоҳи одил ва қудратманд зикр шудааст, ӯ лашкаркашиҳое ба ҷониби шарқ ва ғарб дошт ва барои дифоъ аз қавме миёни онҳо ва қавми Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ деворе сохт. 
Нахуст мепардозем ба қиссаи ин марди одилу қудратманд, ки дар 13 ояти сураи Каҳф чунин зикр шудааст:
Ва аз ту дар бораи Зулқарнайн мепурсанд. Бигӯ: «Барои шумо аз ҳоли ӯ хабаре хоҳам дод». Мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро ба ӯ нишон додем. Ӯ низ роҳро пай гирифт. То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки дар чашмае гилолуду сиёҳ ғуруб мекунад ва дар он ҷо мардуме ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ уқубаташон кун ва мехоҳӣ бо онҳо ба некӣ рафтор кун». Гуфт: «Аммо ҳар кас, ки ситам кунад, мо уқубаташ хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш баргардонида шавад, то ӯ низ ба сахтӣ азобаш кунад. Ва аммо ҳар кас, ки имон овард ва корҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва дар бораи ӯ фармонҳои осон хоҳем ронд». Боз ҳам роҳро пай гирифт. То ба макони баромадани офтоб расид. Дидаш, ки бар қавме тулӯъ мекунад, ки ғайр аз партави он барояшон ҳеҷ пӯшише қарор надодаем. Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ хабар дорем. Боз ҳам роҳро пай гирифт. То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки гӯӣ ҳеҷ суханеро намефаҳманд. (Сураи Каҳф: 83-95)
Фахри Розӣ дар тафсираш мегӯяд: яҳудиён касоне буданд, ки мушрикони Қурайшро водор сохтанд то Паёмбари Худо (с)-ро аз Асҳоби Каҳф, аз Зулқарнайн ва аз руҳ бипурсанд. Аммо дар мавриди инки Зулқарнайн кист ва аз аҳли куҷост беш аз 13 аср аст, ки торихнигорону бостоншиносонро сардаргум сохта миёни донишмандон ихтилофи назар аст, аз ҷумла:

1: Искандар
Бархе аз муаррихони форсу араб бар инанд, ки номи Зулқарнайн Искандар аст.
Саъид ибни Бишр аз Қатода ривоят мекунад, ки Искандар ҳамон Зулқарнайн аст ва падараш нахустин Қайсар ва аз фарзандони Сом ибни Нуҳ аст. Аммо Зулқарнайни дуюм ҳамон Искандар писари Филипс аст.
Ибни Касир дар тафсираш ёдовар мешавад, ки ӯ Искандар аст, сипас ин қавлро нодуруст медонад.
Арзақӣ мегӯяд: ӯ бо Иброҳими Халилуллоҳ тавофи Каъба карда буд ва нахустин касе буд, ки ба Иброҳим (а) имон овард ва Хизр (а) вазири ӯ буд.

2: Искандари Мақдунӣ (Македонӣ)
Торихшиноси иронӣ Яъқуби Исфаҳонӣ дар китобаш “Торихи Яъқубӣ” мегӯяд: “… аз ҳокимони Рум нахустинашон Филипс ва пас аз ӯ писараш Искандар, ки ӯ ҳамон Зулқарнайн аст.
Муаррихи дигари иронӣ Ибни Балхӣ бар ин назар аст: Искандари Румӣ ҳамон Зудқарнайн аст, ки ба мулки форс омада Дороро кушта мулкашро барбод кард.

3: Саъб ибни Муросид
Каъбул Аҳбор мегӯяд: ончи, ки аз гузаштагон ба мо расидааст ӯ аз Ҳамир ва номаш Саъб аст.
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд: ӯ аз Ҳамир ва номаш Саъб ибни Муросид (ё Муроид) аст.

4: Ахнотун
Донишманди араб Ҳамдӣ ибни Ҳамза Абузайд дар китобаш “Факу асрор Зилқарнайн ва Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ” меорад, ки Зулқарнайн ин ҳамон Ахнотун подшоҳ (фиръавн)- и мисрӣ аст, ки яке аз даъватгарон ба сӯи яктопарастӣ буд.

5: Абдуллоҳ ибни Заҳок.
Ин қавли Абдуллоҳ ибни Аббос (р) аст, ки мегӯяд: Зулқарнайн номаш Абдуллоҳ ибни Заҳок ибни Маъд аст.

6: Марзбон ибни Марзба
Ибни Ҳишом бар ин назар аст, ки номи Зулқарнайн Марзбон ибни Марзба аст.
Қуртубӣ дар тафсираш чанд қавлро зикр намуда аз ҷумла Зулқарнайнро аз аҳли Миср ва номашро Марзбон меномад.

7: Ҳурмус
Дорул Қутнӣ бар ин бовар аст, ки номи Зулқарнайн Ҳурмус аст.

8: Куруши Кабир.
Баъзе аз донишмандон, Аз ҷумла муфассир ва донишманди ҳиндӣ Абулкаломи Озод пас аз таҳқиқ ва ҷустор Куруши Кабирро Зулқарнайн медонад. Доъӣ ва донишманди барҷастаи араб Шайх Шаъровӣ аз ҷумлаи касоне аст, ки назарияи Абулкаломро қабул дорад, инчунин аз донишмандони муосир Доктор Аднон Иброҳим ва чанд тани дигар низ бо далоили нақлӣ ва ақлӣ Зулқарнайн будани Курушро исбот мекунанд.

ЗУЛҚАРНАЙН, ЧАРО БА ИН НОМ ЁД МЕШАВАД?

Ваҳаб ибни Мунабаҳ мегӯяд: зеро ӯ дар сар ду шохи мисин дошт.
Бархе аз донишмандон аз аҳли китоб (яҳуд ва насоро) мегӯянд: зеро ӯ мулки Форс ва Румро ҳукмронӣ мекард (яъне соҳиби ду қитъаи бузурги аз замин буд)
Бархе аз донишмандон, аз ҷумла Имом Зуҳрӣ бар ин назаранд, ки Зулқарнайн сарзаминҳоро аз шарқ то ғарб зери мулки худ дароварда буд.
Баъзе дигар аз донишмандон бар ин назаранд, ки ӯ ду аср ҳукмронӣ кардааст ва ё ҳукуматаш ду аср будааст (чунончи ҳукумати Куруши Кабирро пас аз ду аср Искандари Македонӣ шикаст дода буд)

ОЁ ЗУЛҚАРНАНЙН ПАЁМБАР БУД?

Ҳадисеро Ҳоким зери шумораи (104) ва Байҳақӣ зери шумораи (18050) аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: “… ва намедонам, ки Зулқарнайн оё паёмбар буд ё не…” (Ҳадис заиф аст)
Умар ибни Хатоб (р) мардеро шунид, ки марди дигареро гуфт: эй Зулқарнайн, Умар (р) гуфт: маҳ… оё басанда набуд, ки худро бо номҳои паёмбарон мегузоштед ва акнун ба номҳои фариштагон мегузоред.
Дар ривояти заифе омадааст, ки Умар (р) ва Алӣ (р) бар ин боваранд, ки Зулқарнайн фаришта ва ё бандаи некукоре буд.
Муҷоҳид аз Абдуллоҳ ибни Амр ривоят мекунад, ки Зулқарнайн паёмбар буд.
Исҳоқ ибни Бишр мегӯяд: Аз Усмон ибни Соҷ ва ӯ аз Хасиф ва ӯ аз Икрима ривоят мекунад, ки Ибни Аббос (р) гуфт: Зулқарнайн подшоҳи некукор буд, Худо аз амалҳояш розӣ бод, Худованд дар китобаш ӯро сутудааст, Хизр (а) вазир ва сарлашкари ӯ буд ва ӯ барои Зулқарнайн ба манзалати мушовир буд.
Дар ривояти дигаре омадааст, ки Алӣ (р) мегӯяд: ӯ на паёмбар ва на подшоҳ буд, балки як бандаи солиҳ ва накукор буд.
Арзақӣ ва чанд тани дигар аз уламо бар ин назаранд, ки Зулқарнанайн ба дасти ҳазрати Иброҳим имон оварда ҳамроҳ бо ӯ ва писараш Исмоил (а) тавофи хонаи Худоро карданд.

ЛАШКАРКАШИҲОИ СЕГОНАИ КУРУШИ КАБИР БО ЛАШКАРКАШИҲОИ СЕГОНАИ ЗУЛҚАРНАЙН, КИ ДАР ҚУРЪОН ЗИКР ШУДААНД МУТОБИҚАТ МЕКУНАД.

1 – Лашкаркашии якум:
(Зулқарнайн)- То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки дар чашмае гилолуду сиёҳ ғуруб мекунад ва дар он ҷо мардуме ёфт. Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ уқубаташон кун ва мехоҳӣ бо онҳо ба некӣ рафтор кун».
(Куруши Кабир)- Нахустин лашкаркашии Куруши Кабир ба сарзамини Лидиё дар шимоли Осиёи сағир сурат гирифта буд, ки ин сарзамин тарафи ғарбии зери ҳукумати Куруш қарор дошт.

2 – Лашкаркашии дуюм:
(Зулқарнайн)- То ба макони баромадани офтоб расид. Дидаш, ки бар қавме тулӯъ мекунад, ки ғайр аз партави он барояшон ҳеҷ пӯшише қарор надодаем. (Сураи Каҳф: 90)

(Куруши Кабир)- Ҳередот мегӯяд: Туғёни баъзе аз қабоили ваҳшӣ Курушро водор сохт пас аз фатҳи Лидиё ба ховар ҳамла кунад.

3 – Лашкаркашии сеюм:
(Зулқарнайн)- Боз ҳам роҳро пай гирифт. То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки гӯӣ ҳеҷ суханеро намефаҳманд. Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар замин фасод мекунанд. Пас, оё барои ту хироҷе муқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо садде (деворе) бисозӣ?» Гуфт: «Он чӣ Парвардигори ман маро ба он тавоноӣ додааст, беҳтар аст. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо садде (деворе) бисозам. Барои ман тиккаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду кӯҳ ҷамъ карда шуд, гуфт: «Бидамед!». То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам». (Сураи Каҳф: 92-96)

(Куруши кабир)- сеюмин лашкаркашии Куруш ба кӯҳҳои Қафқоз ба тарафи шимол буд. Мардуми онҷо аз Куруш хостанд то барои ҷилавгирӣ аз ҳуҷуми қавмҳои ваҳшӣ чорае бинад. Куруш онҷо саде бино кард, ки дар китобҳои арманӣ он ба номи “Баҳок Гуроӣ” (Дарбанди Куруш) ва “Кобон Гуроӣ” (Гузаргоҳи Куруш) ёд мешавад.

ЗУЛҚАРНАЙН ШАХСИЯТЕ, КИ ЧОРДАҲ АСР ДОНИШМАНДОНРО БА ҲАЙРАТ ГУЗОШТА БУД ДОНИШМАНДИ ҲИНДӢ ОНРО КАШФ КАРД.

Доктор Абдулмунъим Намр, нависанда ва собиқ вазири авқофи Миср ақволи муфассирон ва торихнигоронро ба тартиби зер зикр намуда раъйи мутарҷими Қуръон ва донишманди ҳиндӣ Абулкаломи Озодро мавриди таъйид қарор медиҳад.
Нахуст Доктор Абдулмунъим Намр ақволи муфассирону донишмандонро чунин меорад:
Тафсири Ал-кашшофи Замахшарӣ бар ин назар аст, ки Зулқарнайн ҳамон Искандар аст, ё як бандаи некукор, подшоҳ ва ё паёмбаре аз паёмбарони Худо буд.
Имом Ибни Касир дар тафсираш Зулқарнайнро Искандар номида сипас ин раъйро ботил медонад.
Қуртубӣ дар тафсираш ӯро аз аҳли Миср ва номашро Марзбон медонад ва аз Ибни Ҳишом нақлеро ёдовар мешавад, ки ӯ ҳамон Искандар аст.
Ин ақвол ва ривоёт ҳама аз рӯи тахмин буда ҳеҷ санаде дар онҳо вучӯд надорад. Аммо Олусӣ дар тафсираш ҳама ин ақволи мазкурро ҷамъ ва зикр намуда ва мегӯяд ҳеҷ яке аз онҳо мавриди қабул набуда ва худи Олусӣ Искандари Македониро ихтиёр намудааст.

МАВҚИФИ АБУЛКАЛОМИ ОЗОД

Донишманди маъруфи Ҳинд ва мутарҷими маонии Қуръони Карим Абулкаломи Озод ҳеҷ яке аз ин ақволро напазируфта ва бар ин назар аст, ки ақволи мазкур ҳама ифтирозӣ ва холӣ аз далели қонеъкунанда ҳастанд. Қавли касонеро, ки Искандарро Зулқарнайн медонанд рад намуда шахсияти қуръонӣ будани Искандарро аз ҳақиқат дур медонад, чун Искандар:
1 – Ҳеҷ кишваркушоие дар ғарб надорад.
2 – Ӯ ҳеҷ ҷой саде бино накардааст.
3 – Ӯ аз зумраи муъминон набуд.
4 – Бо қавмҳое, ки мағлуб карда буд меҳрубону одил набуд.
Абулкаломи Озод дар идомаи суханаш иддаои касонеро, ки Зулқарнайнро араб ва аз аҳли Яман медонанд рад мекунад, зеро агар ба сабаби нузули оёти мазкур нигариста шавад сабабаш ин буд, ки яҳудиён мехостанд бо ин саволашон Паёмбари Худо (с) ро ки низ араб буд оҷиз ва ҳолашро танг бисозанд. Зулқарнанй агар араб ва аз аҳли Яман мебуд қурайшиён ва ё худи Паёмбар (с) аз он огоҳ мебуданд, ки дар ин сурат ҳадафи яҳуд аз танг сохтани Паёмбар бо ин саволашон беҳуда буд. Бинобар ин хулоса чунин аст, ки муфассирон ба хулосаи қонеъкунандае нарасиданд, гузаштагон кӯшиши таҳқиқ накарданд, мутаахирин кӯшиш карданд аммо ба натиҷаи назаррасе ноил нашуданд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки онҳо дар ин ҷусторашон роҳи хаторо интихоб кардаанд. Дар осор омадааст, ки савол аз ҷониби худи яҳудиён буд ва ё онҳо қурайшиёнро ба чунин пурсиш водор сохта буданд. Пас касоне, ки дар мавриди Зулқарнайн сухан карданд мебоист онҳо ба асфори яҳуд назар мекарданд то бубинанд, ки дар китобҳои онҳо чизе дар мавриди ин шахсият равшание андохта шудаааст ва ё на, агар чунин кореро анҷом медоданд ба ҳақиқат наздик мешуданд.
Чаро? Зеро чун пурсиш аз ҷониби яҳудиён матраҳ шуда буд ва қасди оҷиз сохтани Паёмбари Худоро доштанд ва ба ин гумон буданд, ки арабҳо ва ё худи шахсияти Паёмбар (с) аз ончи дар китобҳои онҳо аз ҷумла нахустин масдарашон Таврот омадааст бехабаранд.

АБУЛКАЛОМИ ОЗОД ДАР МАВҚИФАШ УСТУВОР АСТ.

Абулкаломи Озод пас аз таҳқиқу баҳсҳои тулонӣ дар бораи ин шахсияти бузург боз ба китобҳои пеш аз исломӣ аз ҷумла китобҳои Бани Исроил пардохта, аз ҷумла дар Таврот реша ва асли ин вожа чунин будааст: “Зулқарнайн” ва “Луқароноим” ки дар худи Таврот ишора ба кунияи шоҳ “Куруш” ва ё “Хурас” будааст, инчунин дар Таврот ба номҳои “Гуруш” ва “Қуруш” зикр шудааст.

МУҶАССАМАИ КУРУШ

Пас аз чанд сол дар сафарам ба Ирон ва дидор аз асарҳои қадимаи ин кишвар ва мутолиаи таълифоти бостоншиносон парда аз ин муамморо бардошта шукукамро дур кард. Ба ин хулоса расидам, ки Зулқарнайн касе ғайр аз Куруш буда наметавонад ва дигар ниёзе ба пажуҳиш дар бораи кӣ будани ин шахсият намемонад. Муҷассамае ба андозаи қомати инсон, дорои ду бол ба монанди болҳои уқоб, дар сараш ду шох ба монанди шоҳхои ром, ки ин муҷҷасама ҳамон Зулқарнайн буда метавонад. Шоҳе, ки дар ин муҷассама тасвир шуда ва дар сар ду шох дорад ҳамон тасаввуре аст, ки яҳудинё онро наҷотдиҳандаи худ медонистанд, яъне ҳамон Куруш.

КУРУШ ДАР МИЁНИ ҚУРЪОН ВА ТАЪРИХ.

Ончи, ки Абулкаломи озод ба он даст ёфт дигар пажуҳишгаронро басанда аст, чун ӯ муфассири Қуръон аст ва чигуна пайванд додан шахсияти қуръонӣ бо шоҳ Курушро медонад. Худи Абулкаломи Озод мегӯяд: ҳеҷ масдаре аз манобеи форсӣ вуҷӯд надорад то бар он эътимод кард, аммо ончи ба мо кумак кард китобҳои торихии юнонӣ буд, гувоҳӣ ва шаҳодати онҳо авсақ ва наздиктар аст, чун торихнигорони юнонӣ аз мардумоне ҳастанд, ки миёни онҳо ва мардуми форс пайваста душманӣ вуҷӯд доштааст. Бинобар ин гувоҳии юнониён ба Куруш шаҳодати бар ҳақ мебошад, ки бӯи таассуб надорад. Абулкаломи Озод ин қавли шоири арабро низ зикр мекунад:
و مليحة شـــهدت لها ضراتها ***** و الفضل ما شهدت به الأعداء
(Фазилат як шахс ҳамон аст, ки душманаш ба он гувоҳӣ диҳад)
Онҳо (юнониҳо) бар ин боваранд, ки Куруш шоҳи одил, саховатманд, марди шариф ва бо душманонаш нармдилу нармгир буд, ӯ мақоми баланди инсониятро ба худ касб карда буд.
Яке дигар аз пажуҳишҳои Абулкаломи Озод ин буд, ки ӯ сифатҳои қуръонии Зулқарнайнро бо сифатҳои Куруш дар масодири юнонӣ муқоиса намуда онҳоро ҳамгаро ва қобили қабул дарёфт. Ин буд яке дигар аз далелҳои қавие, ки Абулкалом дар таҳдиди шахсияти Зулқарнайн даст ёфтааст.

КУРУШ КИСТ?

Ӯ аз як хонаводаи форсӣ буд, ки дар миёнаҳои қарни шашуми қабл аз милод, дар замоне, ки кишвараш зери фишори давлати Бобул ва Ошур ба ду ҳукумат тақсим шуда буд, зуҳур кард. Куруш тавонист ду ҳукуматро зери ҳукумати худ муттаҳид карда кишварашро ба шарқ ва ғарб, чунончи Қуръони Карим ба он ишора намудааст, тавсеа бидиҳад. Ӯ нахустин империяи форсиро таъсис намуд ва ҳангоме, ки подшоҳи Бобулро дар соли 538 қабл аз милод шикаст дод ба яҳудиён кумаку меҳрубонӣ намуда барояшон фурсате муҳаё кард то ба кишварашон бозгарданд. Ҳамон гуна, ки пештар ишора кардем ӯ дар шуҷоату адолат беҳамто буд, то инки соли 529 қабл аз милод даргузашт.

САД (ДАРБАНД)-И ЯЪҶУҶ ВА МАЪҶУҶ

Ин сад дар гузаргоҳе барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои қабоили Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ, ки аз тарафи шимол ба ҷануб сурат мегирифт сохта шуда буд, инчунин ба номи “Сади Зулқарнайн низ ёд мешавад, зеро ӯ ин садро барои ҷилавгирӣ аз Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ бино карда буд. Абулкаломи Озод мегӯяд: шавоҳид нишон медиҳад, ки онҳо қабилаҳои бодиянишини ваҳшӣ буданд, ки аз даштҳои шимол-шарқӣ то қарни 9-и пеш аз милод монанди сел ба сарзаминҳои ғарбӣ ва ҷанубӣ ворид мешуданд. Дар гузашта онҳо ба номҳои мухталиф ёд мешуданд, дар Аврупо ба онҳо “Майгр” ва ё “Майкр” мегуфтанд ва дар Осиё ба номи Татор. Баъзе аз ин қавм дар қарни шашуми қабл аз милод дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ мунташир ва ҷойгузин шуданд.
Онҳо аз кӯҳҳои Қафқоз ба Осиёи ғарбӣ ҳамла оварданд ва бо таъкиди том гуфта метавонем, ки шикояти қавмҳои кӯҳнишин аз ин қавм Курушро водор сохт садди маҳкам ва оҳанине бино кунад. Ин мантиқаи шимол-шарқӣ зодгоҳи аслии ин қавм бо номи “Манголиё” ёд мешавад ва қабилаҳои кучманчии онҳо ба номи манғул. Дар манобеи юнонӣ асли вожаи манғул “Мангук” ва “Манҷук” ёд шудааст, ки дар ҳарду ҳолат нутқи ин вожа ба нутқи ибрии ин вожа “Макук” ва нутқи юнонии “Микок” наздик аст. Дар китобҳои торихи Чин низ қабилаеро дар он сарзамин ба номи “Явосӣ” ном бурдаанд. Аз инҷо бармеояд, ки ин вожа оҳиста оҳиста таҳриф шуда дар забони ибрӣ ба “Я,ҷуҷ” табдил шудааст. Гуфта мешавад, ки вожаҳои “Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ” дар асл ибрӣ будаанд аммо асли ин ду вожа на ибрӣ балки вожаҳои бегона буда ба худ шакли ибрӣ касб кардаанд ва дар забони юнонӣ ба “Гог ва Магог” зикр шудааст, ҳамчунин дар тарҷумаи китоби “Тавроти Септуагинт” низ ба ин ном ёд шудаанд. Дар дигар забонҳои аврупоӣ низ ба номи Гог ва Магог хонда мешаванд.
Сипас Абдулкаломи Озод аз ғоратҳои ҳафтгонаи ин қавм ба кишварҳои ғарбӣ ва ҷанубӣ ёдовар мешавад.

САД ДАР КУҶО ВОҚЕЪ АСТ?

Сипас Абулкаломи Озод мавқеъ ва ҷойгиршавии сад (Сади Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ)-ро муаян месозад, ки ба андешаи ӯ дар силсилакӯҳҳои Қафқоз миёни баҳри Хазар “Қазвин” ва “Баҳри Сиёҳ” воқеъ шудааст, чунончи Қуръони Карим ва китобҳои торих зикр намудаанд, Куруш дар ин гузаргоҳ саде бино кардааст. Абулкаломи Озод дар идомаи суханаш мегӯяд: манобеи арманӣ, ки худ шоҳиди маҳалӣ ба ҳисоб меояд, ин девор ва ё садро бо номи “Баҳок Гурои” ва ё “Кабон Гурои” номидаанд, ки ҳарду ба як маъно “Тангаи Гуруш” ва ё “Гузаргоҳи Гуруш” аст. Абулкаломи Озод гувоҳ ва далели дигареро изофа мекунад, ки аз аҳамият холӣ нест, ва он инки дар забони гурҷӣ, ки яке аз кишварҳои Қафқоз аст аз замонҳои қадим ин тангаро ба “Дарвозаи оҳанин” ёд мекунанд.

ОЁ ДЕВОРИ БУЗУРГИ ЧИН ҲАМОН САДИ ЗУЛҚАРНАЙН АСТ?

Пас аз онки Абулкаломи Озод макони сад ва кӣ будани Яъҷуҷ ва Маъҷуҷро равшан ва ошкор намуд даъвои касонеро, ки девори бузурги Чинро ҳамон сади Зулқарнайн медонанд ба сабаби мутобиқат накардани мушахассоти он ба инро аз ҳақиқат дур медонад, чун девори бузурги Чин дар соли 264 қабл аз милод сохта шудааст ва сади Зулқарнайн дар асри шашуми қабл аз милод.

ДЕВОРИ АНУШЕРВОН

Инчунин иддиои касонеро, ки “Девори Дарбанд” ва ё “Бобул-абвоб” (чунончи назди арабҳо машҳур аст) ки онро Анушервон (яке аз шоҳони Форс 531-579 милодӣ) бино кардааст сади Зулқарнайн медонанд рад кардааст, чун ин тақрибан ҳазор сол пас аз сади Зулқарнанйн бино шудааст ва мушахассоти он ба сади Зулқарнайн мутобиқат намекунад. Девори Анушервон аз кӯҳ ба соҳили густариш ёфтааст, на байни ду куҳ (байна садафайни мазкур дар Қуръон) ва аз санг сохта шудааст ва ҳеҷ аломате аз оҳан ва мис дар он дида намешавад.
Ҳадаф аз “Алъайн алҳамиа” оби моил ба тира ва қаҳваи аст, ки аз оби соф фарқ мекунад. Чун Зулқарнайн ба соҳили ғарбии Осиёи сағир расид офтобро дарёфт, ки дар баҳр дар мантиқае миёни Туркиё аз шарқ ва Юнон аз ғарб, ки онҷо ҷазираҳои бисиёр аст, ғуруб мекард.
Ҳадаф аз “Матлаъи шамс” сафари дуюми Зулқарнайн ба ҷониби шарқ, ҳудуди Афғонисто ва Покистони феълӣ аст, то қабилаҳои бадавӣ ва кӯҳие, ки даст ба ғорат дар ин кишвараш мезаданд дарсе диҳад.
Абулкаломи озод нахустин касе буд ин ҷустори арзишманд ва мушкилоти деринаеро, ки мутафаккиронро дар ҳайрат гузошта буд, ҳал намуда бо ин васила яке аз далоили нубувватро бароямон кушод. Раҳмату мағфирати Худо бар ӯ бод.

Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Манбаъ Фейсбук

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *