Рубрики Хабарҳо

Раиси маҷлиси Эрон ба коруно мубтало шуд

Равобити умумии маҷлиси Эрон аз мусбат будани натиҷаи озмоиши корунои Али Лориҷонӣ хабар дод. 

Идораи кулли фарҳангӣ ва равобити умумии маҷлиси Эрон бо интишори иттилоияе эълом кард: ба думболи бурузи бархе алоим дар Алӣ Лориҷонӣ, аз ӯ озмоиши коруно ба амал омад ва бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи мусбат он дар ҳоли ҳозир дар карантин ва таҳти дармон аст. 

Дар ин иттилоияи омадааст: 

“Дар пайи тамосҳои бархе намояндагони мӯҳтарам ва ҳамкорон дар маҷлиси Шӯрои исломӣ, ки ҷуёи ҳоли ҷаноби оқои доктор Лориҷонӣ, риёсати мӯҳтарами Маҷлис шудаанд, ба огоҳӣ мерасонад ҳасби иттилоъи восила аз ҳавзаи риёсати Маҷлис, ба думболи буруз бархе алоим, аз ӯ озмоиши коруно ба амал омад ва бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи мусбати он дар ҳоли ҳозир дар карантин ва таҳти дармон аст”. 

Гуфтанист, теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Эрон ба вируси коруно мубтало шуда ва бархе низ ҷон бохтаанд. 

19 феврал 2020 марги ду нафар бар асари ибтило ба вируси коруно дар шаҳри Қум дар Эрон тайид шуд. Рӯзи баъд вазорати беҳдошти Эрон ибтилои 5 нафар ба ин вирусро тайид кард. 

Каёнваш Ҷаҳонпур, сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон имрӯз эълом кард, ки то кунун 3160 нафар дар ин кишвар бар асари вируси коруно ҷон бохта ва теъдоди афроди мубтало ба ин беморӣ низ ба 50 ҳазору 468 нафар расидааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *