Рубрики Хабарҳо

Адами коруно, фатвои хӯрдани рӯза ва кишти ҳар ваҷаб замин дар табрикоти рамазонии Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоти имсолаи рамазониаш на танҳо дар мавриди рӯза, балки дар бораи вабо ҳам аз Паёмбари ислом (с) ҳадис овард, вуҷуди коруно дар кишварро рад кард, ба гурӯҳе аз мардум иҷозаи хӯрдани рӯзаро дод ва амр кард ҳар ваҷаб замин кишт карда шавад. 

Баъди муборакбодии фарорасии Рамазон ва даъват ба хайру садақа, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вируси корeно пардохт ва гуфт, ки вирус дар кишвр вуҷуд надорад: “Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалигардида, шиддати он паст нагардида истодааст” — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон

Сипас ӯ мардумро ба риояи тозагӣ ва шартҳои беҳдоштӣ даъват кард ва ҳадис ҳам овард, ки .“Покизагӣ нисфи имон аст”.

Раисҷумҳур ҳатто дар бораи вабо аз Паёмбар(с) ҳадис зикр кард. Ӯ таъкид кард: Пайғамбари гиромӣ, ҳамчунин, фармудааст: — “Ҳангоме ки дар бораи паҳн гаштани бемории сирояткунанда дар сарзамине хабардор шудед, ба он сарзамин дохил нашавед. Аммо агар дар сарзамине бошед, ки дар он ҷо марази сирояткунанда хуруҷ кардааст, пас аз он сарзамин берун наравед!”

Ва бо овардани ҳадиси дигаре гуфтаҳояшро тақвият дод: Дар ҷойи дигар ба ин маънӣ гуфтааст: — «Инсон худ ва дигаронро аз хатарҳои ногаҳонӣ эҳтиёт намояд ва аз бемориҳое, ки хусусияти сироятӣ доранд, барҳазар созад».

Зоҳиран зикри ин ду ҳадис дар ин маврид ишора ба талаби бархе аз мардум мабнӣ ба бозгардонидани тоҷикони дармонда дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Туркияву Ҳинд ва муҳоҷирони бехонумоншуда дар Русия буд. Яъне “мо наметавонем аз кишварҳои вирусзада шуморо баргардонем, чун Паёғамбар манъ кардааст”. 

Ӯ бо ишора онҳоро ба сабр даъват кард.  “Бовар дорам, ки мардуми таҳаммулгарои мо ин мушкилотро низ бо сабру тамкин паси сар” мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт гурӯҳе аз шаҳрвандон метавонанд рӯзаи худро хӯранд: 

«Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми кишвар, инчунин, таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд” — фатво дод Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон мисли ҳамеша ба кишти ҳар ваҷаб замин таъкид кард ва гуфт “бо дарназардошти ин, ки соли ҷорӣ яке аз вазнинтарин солҳо дар ҳаёти башарият, аз ҷумла мардуми мо дар оғози ҳазораи нав мебошад, ман дар ҷаласаи Ҳукумат тамоми роҳбарону масъулонро доир ба 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, яъне нони дуюм ва то 60 фоиз афзоиш додани масоҳати кишти такрорӣ — ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вазифадор намудам. Дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар як оила ин масъаларо фаҳмонем, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда шаванд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *