Бархе ширкатҳо ва созмонҳои хусусӣ дар Тоҷикистон тақсими ройгони ниқоби тиббиро байни мардум оғоз карданд.
Меҳмонхонае дар шаҳри Душанбе тақсими ҳудуди 10 ҳазор ниқоби тиббии ройгонро дар байни раҳгузарон ва муштариёни худ оғоз кардааст.
Фирӯза Ҷалилова, мудири ресторан ба расонаҳо гуфтааст: Мо мехоҳем ба ин равиш ҳушдор диҳем, ки риояти қавонини беҳдошт ва истифода аз ниқобҳои тиббии муҳофиз беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус аст.
Ба гуфти Фирӯза Ҷалилова, агар бемории корона паҳн шавад, мо ҳам муштариёни худро аз даст медиҳем, бинобарин шуруъ ба тақсими ниқоби тиббии ройгон кардем.
Раҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе бо иттилоъ аз ин иқдом ба ин ресторан омаданд ва аз онҳо ниқоби тиббӣ дарёфт карданд.
Роҳгузарон ва нафароне, ки дар наздикии қаҳвахона кор мекунанд, мегӯянд, ки ин иқдоми бисёр хуб ва сазовори пуштибонӣ аст.
Ба бовари шоҳидони ин ҳол агар мардум дар ин рӯзҳои сахт аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд, хуб хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бар инанд, ки дар Тоҷикистон мақомоти кишвар тоҷирон ва соҳибони корхонаву коргоҳҳоро маҷбур ба он мекунанд, ки дороии худро барои сохту духти ниқобҳои тиббӣ сарф кунанд ва онро ройгон ба мардум тақсим намоянд.