Вазири дифоъи Лаҳистон эълом кард, ки теъдоди нерӯҳои низомии худ дар марзи Беларусро ба ҳудуди 10 ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт.
Бар асоси гузориши радиои давлатии Лаҳистон, Мариуш Блашак, вазири дифоъи ин кишвар эълом кард, ки теъдоди нерӯҳои низомӣ дар марзи кишвараш бо Беларус ба ҳудуди 10 ҳазор нафар афзоиш хоҳад ёфт.
Блашак бо таъкид бар ин ки теъдоди сарбозони кишвараш дар марзи Беларус афзоиш хоҳад ёфт, гуфт: “тақрибан 10 ҳазор сарбоз мустақар хоҳанд шуд, ки 4 ҳазор нафар аз онҳо марзбононро пуштибонӣ хоҳанд кард.
Вай афзуд: 6 ҳазор нафар аз ин низомиён низ дар манотиқи шарқи кишварамон қобилияти низомии худро тавсеа хоҳанд дода ва дар ҳолати омаду бош хоҳанд буд.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2000 сарбози лаҳистонӣ дар марзи ин кишвар бо Беларус барои муқобила бо муҳоҷират мустақар ҳастанд ва садҳо полис ва марзбон низ дар ин минтақа ҳузур доранд.