Як расонаи туркӣ эълом кард нерӯҳои иттилоотии ин кишвар ба иттилооти ҳувияти ҳудуди 10 ҳазор узви ДОИШ дар саросари ҷаҳон даст ёфтаанд.
Рӯзномаи “Сабоҳ” гузориш дод ин иттилоот шомили зиндагинома, табаият, ҷузъиёти омӯзишҳои вижа, маҳоратҳо ва таслиҳоти ин гурӯҳ аст.
Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, иттилооте ҳам дар бораи аъзои хонавода, миллат, адресҳо ва тамосҳои ин аъзои ДОИШ ба даст омадааст.
Кашфи ин иттилоот пас аз он сурат гирифт, ки як шабакаи шомили панҷ нафар дар иртибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи давр задани таҳримҳо дар Туркия шиносоӣ шуданд.
Бар асоси гузориши рӯзномаи “Сабоҳ”, вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз вуҷуд бастаи дорои иттилооти афроди узви ДОИШ огоҳ буда ва қарор будааст барои ба даст овардани он, пул пардохт кунад.
Кашфи ин иттилоот пас аз он сурат гирифт, ки гурӯҳи ДОИШ аз кушта шудани саркардаи худ, Абуҳусейн Ал-Ҳошимии Ал-Қурайшӣ, дар ҷараёни даргирӣ бо як гурӯҳи ҷиҳодгаройи дигар ба номи “Ҳайати таҳрир-аш-Шом” дар шимолу ғарби Сурия хабар дод.
Сухангӯи нави гурӯҳи террористии ДОИШ дар як файли савтии сабтшуда, ки рӯзи панҷшанбе (10 август) дар каналҳои телеграмии ин гурӯҳ мунташир шуд, гуфт, ки Қурайшӣ “пас аз даргирии мустақим дар яке аз маҳаллоти Идлиб” бо “Ҳайати таҳрир-аш-Шом”, аз шохаҳои пешини Ал-Қоиъда дар Сурия кушта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар ва дар поёни моҳи апрел, Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия, эълом карда буд саркардаи ДОИШ бо номи Мустаор Ал-Қурайшӣ, дар ҷараёни амалиёти сервисҳои иттилоотии Туркия дар Сурия “хунсо” шудааст.
Ба гузориши хабаргузории давлати “Анадолу”-и Туркия, ин мард дар Африн дар ҳамсоягии Идлиб ва таҳти конгтрули нерӯҳои Туркия ва гурӯҳҳои сурии тарафдори Анқара кушта шуд.
Сухангӯи ҷадиди ДОИШ аммо “Ҳайати таҳрир-аш-Шом”-ро муттаҳам кард, ки аз тарафи Анқара Ал-Қурайширо кушта ва аъзои ин гурӯҳ, ҷасади раҳбари ДОИШ-ро ба давлати Туркия таҳвил доданд.
Ҳамчунин як рӯз пас аз нишасти кишварҳои узви эътилофи мубориза бо ДОИШ дар Риёз, мақомҳои амниятии Покистон аз кушта шудани Саноъуллоҳ Ғафорӣ, мулаққаб ба Шиҳоби Ал-Муҳоҷир, раҳбари шохаи ДОИШ-и Хуросон, ба дасти нерӯҳои ин кишвар хабар доданд.
Мақомҳои амниятии Покистон гузориш доданд ин “террористи ҷаҳонӣ” дар вилояти Кунар Афғонистон кушта шудааст.