Ду сол пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, намояндаи пешини Амрико барои Афғонистон аз раҳбарони мухолифи Толибон хост ба Кобул бираванд ва бо Толибон гуфтугӯ кунанд.
Залмай Халилзод дар мусоҳибае бо “Афғонистон интернешнл” гуфтааст Толибон ва соири бозигарон дар Афғонистон рӯйи ҳукумати фарогир ва қонуни асосӣ тавофуқ кунанд.
Халилзод рафтани раҳбарони мухолифи Толибон ба Кобул ва гуфтугӯи онҳо бо Толибон бар сари қонуни асосӣ ва ташкили ҳукумати фарогирро як равиши муассир хонд.
Залмай Халилзод пас аз моҳҳо музокира бо Толибон, тавофуқномаи Доха байни Амрико ва Толибонро имзо кард. Дар пайи ин тавофуқнома нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико Афғонистонро тарк карданд ва давлати пешини Афғонистон суқут кард.
Халилзод дар мусоҳиба бо “Афғонистон интернешнл” дар бораи нигарониҳои амниятӣ ва манъи фаъолияти сиёсии мухолифони Толибон дар дохили Афғонистон, гуфт, ки Толибон афви умумӣ эълом кардаанд ва раҳбарони баландпояи ҳукуматҳои пешин аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай дар Кобул ба сар мебаранд.
Залмай Халилзод гуфт, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай “кушта нашуданд.” Бо ин ҳол, ӯ таъйид кард, ки мушкилот барои ин раҳбарон вуҷуд хоҳад дошт.
Пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, раҳбарони ҷиҳодӣ, мақомоти аршади ҳукумат ва раҳбарони аҳзоб аз Афғонистон хориҷ шуданд. Ин раҳбарон пас аз хурӯҷ аз Афғонистон ҳамчунон ба фаъолиятҳои сиёсӣ бо тамаркуз бар мухолифат алайҳи Толибон идома додаанд.
Намояндаи пешини Амрико аз Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон низ хост, ки фаъолиятҳои худро аз дохили Афғонистон идома диҳад. Ў гуфт, ки роҳҳои музокираи мустақим ва ғайримустақим бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва афғонҳои бонуфуз дар байни Толибон вуҷуд дорад.
Халилзод дар бахше аз суханонаш гуфт, ки агар раҳбарони мухолифи Толибон ба ин тасаввур бошанд, ки Амрико бори дигар бар Толибон ҳамла кунад ва нерӯҳояшро барои муҳофизат аз онҳо бигуморд, иштибоҳ мекунанд ва он давра поён ёфтааст.
Гуфта мешавад, мусоҳибаи комили Залмай Халилзод рӯзи сешанбе 15 август аз телевизиони Афғонистон интернешнл пахш мешавад.