Рубрики Хабарҳо

Баргузории раъйпурсӣ дар Лаҳистон дар бораи сиёсати паноҳҷӯии Аврупо

Давлати Лаҳистон аз баргузории як ҳамапурсӣ дар моҳи октябр дар мавриди пазириши “ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ” хабар дод. Ин кишвар дар баробари ислоҳи сиёсати паноҳҷӯи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар моҳи июн бар сари он тавофуқ шуд, муқовамат мекунад. 

Давлати Лаҳистон мехоҳад бо баргузории як раъйпурсӣ, ислоҳоти паноҳҷӯии тасвибшуда дар Иттиҳодияи Аврупо ва тааҳҳуди кишварҳо ба пазириши паноҳҷуёнро ба раъйи шаҳрвандон бигузорад. 

Ин ҳамапурсӣ қарор аст дар 15 октябр ҳамзамон бо интихоботи парлумонӣ баргузор шавад. Матваш Муриёноуитский, нахуствазири Лаҳистон, дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок гузошта шуд, ин хабарро эълом кард. 

Шаҳрвандони Лаҳистон қарор аст дар референдум ба ин пурсиш бо “оре” ё “на” посух диҳанд: “оё шумо аз пазириши ҳазорон муҳоҷири ғайриқонунӣ аз Ховари Миёна ва Африқо, таҳти механизми пазириши илзомии таҳмилшуда тавассути бюрокросии аврупоӣ, ҳимоят мекунед?” 

Тавофуқ дар дохили Иттиҳодияи Аврупо 

Вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пас аз солҳо музокира, дар оғози моҳи июн бар рӯйи ислоҳи сиёсати паноҳандагӣ ба тавофуқ расиданд. 

Ин тавофуқ тасреҳ мекунад, ки пазириши паноҳандагони дигар набояд дар оянда довталабона бошад, балки илзомӣ аст. Солона бояд битавон дасти кам 30 ҳазор нафарро дар кишварҳои мухталиф тақсим кард. Кишварҳое, ки намехоҳанд паноҳҷӯ бипазиранд, метавонанд ба ивази ҳар фарде, ки рад мекунанд маблағи 20 ҳазор евро бипардозанд. 

Лаҳистон ва Венгрия дар баробари ин созишнома муқовамат нишон медиҳанд. Давлати Варшава хостори он аст, ки ҳар кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо худаш тасмим бигирад, ки чи гуна аз кишварҳое, ки бо теъдоди болои паноҳҷуён рӯ ба рӯ ҳастанд ҳимоят кунад. 

Интиқоди опозитсион аз ҳизби ҳоким 

Ҳизби ҳокими миллии муҳофизакори мавсум ба “Ҳақу адолат” (PIS) ба далели таварруми боло, қавонини сахтгирона алайҳи сақти ҷанин ва расвоиҳои мухталиф перомуни иқтисоди хешовандсолорӣ таҳти фишор аст. Раҳбари ҳизб ва муовини раиси давлат, Ярослав Качинский, пеш аз ин идеяи баргузории ҳамапурсӣ ҳамзамон бо интихоботи июнро матраҳ карда буд. 

Ин референдум дар асл қарор буд фақат дар мавриди сиёсати муҳоҷирати Иттиҳодияи Аврупо бошад. Аммо сипас ҳизби ҳокими муҳофизакор эълом кард, ки дар ҳамапурсӣ чаҳор пурсиш матраҳ мешавад: хусусисозии ширкатҳои давлатӣ, афзоиши сини бознишастагӣ, сиёсати паноҳандагии Иттиҳодияи Аврупо ва пурсиши чаҳорум низ қарор аст имрӯз душанбе 14 август эълом шавад. 

Опозитсиюн ҳизби ҳокимро ба басиҷи райдиҳандагон аз тариқи баргузории референдум ва таблиғоти популистӣ алайҳи паноҳҷуён муттаҳам кардааст. Аммо дар ҳар сурат натоиҷи референдум таъсире бар раванди тасмимгирӣ дар Иттиҳодия Аврупо нахоҳад дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *