Бақияи қарзи андоз дар Тоҷикистон 5% афзоиш ёфта, то 1 июли соли 2023 ба 764,3 млн сомонӣ (беш аз 70 млн доллар) расидааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз, 14 август раиси он Нусратулло Давлатзода иттилоъ дод
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 36,2 млн сомонӣ зиёдтар аст.
5 қарздори асосӣ, ки ба гуфтаи раиси Кумита дар умум қариб 235 млн сомонӣ (ҳудуди 22 млн доллар) қарздоранд иборатанд аз:
— ҶСК «НБО Сангтӯда-1» — 94 млн сомонӣ;
— ҶДММ «Талко ресурс» — 39 млн сомонӣ;
— ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳкорӣ» — 36,5 млн сомонӣ;
— ҶСК «НБО Роғун» — 33,3 млн сомонӣ;
-ҶСК «Тоҷиктелеком” ва сохторҳои он – 31,5 млн сомонӣ.
Ба қавли Нусратулло Давлатзода сабабҳои қарздорӣ аз пардохти андозҳо гуногун мебошанд.
“Баъзеашон ба вазъи молиявӣ ва баъзе ба сабабҳои дигар марбутанд. Дар ин самт мо кор бурда истодаем”, — иброз дошт Давлатзода.
Бузургтарин қарздор эълон шудани НБО “Сангтӯда-1” дар ҳолест, ки ин нерӯгоҳ ҳамеша аз пардохт нашудани маблағи барқи фурӯшиаш аз сӯи “Барқи тоҷик” . Ҳар сол ҳукумат даҳҳо миллион қарзи ин ширкат жар назди буҷаро “мебахшад”, чун сабаби қарздориаш ширктаи монополии “Барқи тоҷик” аст. Дар навбати худ “Барқи тоҷик” аз тарафи аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон дар чанд самт ғорат мешавад. Барои мисол, қисмати асосии пули барқи содироткардаи ин ширкат ба аъзои хонаводаи раисҷумҳур меравад.
Қарзи НБО “Роғун” ҳам зоҳиран аз ҳамин ҳисоб ба вуҷуд омадааст.
Яке аз бузургтарин қарздорон эълон шудани ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҳолест, ки гуфта мешуд даромдаи софи ин ширкат ҳамроҳ бо “Почтаи тоҷик” соли гузашта наздики 100 миллион сомониро ташкил додааст.
Ин ширкат аз сӯи қудои раисҷумҳур Бег Сабур идора мешавад ва ба хонаводаи ӯ ҳамроҳ бо духтари раисҷумҳур табдил шудааст.
Раиси Кумитаи андоз гуфт, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз қарздорон ба таври маҷбурӣ ба маблағи 486 млн сомонӣ андозҳо ситонида шудааст.
Давлатзода таъкид дошт, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зиёда аз 8,5 млрд сомонӣ (беш аз 780 млн доллар) ҷамъоварӣ ва ба буҷети давлатӣ равона гардидааст, ки 594 млн сомонӣ зиёдтар аз нақшаи тасдиқшуда аст.
“Дар муқоиса бо солҳои пешин иҷрои қисмати даромади буҷети давлатӣ беҳтар шуда, дар ин давра иҷрои танҳо ду навъи андоз — андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ва андоз аз захираҳои табиӣ таъмин нашуд”, — илова кард раиси Кумита.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар 6 моҳи ҷоли ҷорӣ дар натиҷаи имтиёзҳои пешниҳодшуда аз пардохти андоз ба ин ё он соҳа ва бахшҳои иқтисод, ба буҷети кишвар ҳудуди 2,7 млд сомонӣ (ҳудуди 248 млн доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.