11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ню-Йорк Таймз: ҷангҷуёни Толибон хаста аз сулҳ, дар орзуи “ҷиҳод” дар кишварҳои дигаранд

Ню-Йорк Таймз душанбе дар гузорише навишт, ки алоқаи ҷангҷуёни толиб ба ҷангидан дар Покистон ва кишварҳои дигар боиси ҳарос аз густариши ифротгаройӣ ва даргирӣ дар берун аз марзҳои Афғонистон шудааст. 

Як пулиси Толибон гуфт, ки дӯстонаш дар Покистон ҳамалоти интиҳорӣ анҷом доданд. 

Ин рӯзнома бо хонаводаи як ҷангҷуйи толиб сӯҳбат карда, ки пас аз бозгашти ин гурӯҳ ба қудрат, аз зиндагии оддӣ ва бидуни ҷанг дилзада ва хаста шуда буд ва тасмим гирифт, ки барои “ҷиҳод” ба Покистон биравад. 

Ба нақл аз Ню-Йорк Таймз, ӯ дар масири рафтан ба Покистон видеое аз худ сабт кард, ки дар он гуфта буд: “танҳо тақозои мо шаҳодат аст.” 

Ин рӯзнома мегӯяд, ки ӯ баъдан дар даргирӣ бо нерӯҳои амниятии Покистон кушта шуд. 

Ҳукумати Покистон борҳо аз Толибон интиқод карда, ки ба ҷангҷуёни Покистони паноҳ дода ва шибҳинизомиёни афғон дар ҳамалот бар нерӯҳои покистонӣ саҳм доранд. 

Мақомоти покистонӣ аз Толибон хостаанд, ки ҷилави вуруди ҷангҷуён аз Афғонистон ба Покистонро бигирад. 

Мақомоти Толибон бо лаҳни тунде ин изҳороти мақомоти аршади покистониро рад кардаанд. Аммо, гузориши Ню-йорк Темз нишон медиҳад, ки ҷангҷуёни омухта ба ҷанг ва ҷиҳоди фаромарзӣ, дарди сари тоза барои ҳукумати Покистон шудаанд. 

Як ҷангҷуи Толибон, ки ҳоло дар шаҳри Кобул пулис аст, ба Ню-Йорк Таймз гуфт: “сулҳу амният дар кишвари мо омадааст, ҳоло мо бояд дар кишварҳои дигар ҷиҳод кунем ва ба мусулмонон барои ба даст овардани ҳуқуқашон кумак кунем.” 

Як ҷангҷуи дигар низ ба ин рӯзнома гуфт: “рафтан ба ин кишварҳо ва идомаи ҷиҳод ба маротиб муҳимтар аз мондан дар кишвари мо аст.” 

Мақомоти Покистон Толибони афғон ва покистониро “ду рӯй як сикка” тавсиф кардаанд. Ин ду гурӯҳ дар ҷараёни ҷанг алайҳи ҳукумати пешин ва нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон дар канори ҳам ҷангиданд.

Ин рӯзнома ба нақл аз манобеъаш менависад, ки садҳо толиби афғон ба Покистон рафта ва дар канори Толибони покистонӣ меҷанганд. 

Омор нишон медиҳад, ки пас аз бозгашти Толибони афғон ба қудрат, Толибони покистонӣ ҳамалоти худро дар Покистон ду баробар кардааст. Ин гурӯҳ дар соли гузашта, 123 ҳамла дар саросари хоки Покистон алайҳи нерӯҳои ин кишвар анҷом додааст. 

Қаҳҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон ширкати ҷангҷуёни толиб дар набард алайҳи нерӯҳои покистониро “моҷароҷӯйии чанд марди ҷавон” тавсиф кардааст. Ў гуфта, ки пайвастани аъзои ин гурӯҳ ба Толибони покистонӣ як “амри номаъмул” аст. 

Ню-Йорк Таймз дар бораи вилояти Вирдак менависад, ки Толибон дар он ҷо даҳҳо мадрасаи динӣ ва ҷиҳодӣ сохтааст. Абдулборӣ, яке аз бошандагони ин вилоят ба ин рӯзнома гуфт, ки ҷавонон дар он ҷо бештар аз гузашта барои ҷанги мазҳабӣ тамоюл пайдо кардаанд. 

Ӯ, ки бародарзодааш дар ҷанг бо нерӯҳои покистонӣ кушта шуд, гуфт: “қабл аз ҷанг, қарияи мо ба хотири таҳсил кардагони риштаҳои тибб ва муҳандисӣ маъруф буд. Аммо ҳоло насли ҷавон танҳо ба ҷиҳод алоқа доранд.” 

Яке аз ҷангҷуёни Толибон эътироф кард, ки дӯстонаш дар хоки Покистон ҳамалоти интиҳорӣ анҷом доданд. 

Ӯ гуфт: “дар ҳар ҷойи дунё ҳатто Амрико, агар мусулмонон дучори мушкилиянд бояд ба онон кумак кунем. “

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *