Рубрики Хабарҳо

Бонки Ҷаҳонӣ: Бузургтарин бӯҳрони нарх оғоз шуд

Дар гузориши нави коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи дурнамои бозори коло гуфта мешавад, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ба бузургтарин бӯҳрони нархҳо аз солҳои 1970-ум ворид шудааст.

Ин бонк пешбинӣ кардааст, ки интизор меравад қимати нерӯи барқ ​​беш аз 50 дарсад ва молҳои ғайриэнергетикӣ тақрибан 20 дарсад боло шавад. 

Дар гузориши чадиди таҳлилгарони Бонки Ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд, ки паёмадҳои даргириҳо дар Украина ва вазъи энержӣ барои муддати тӯлонӣ идома хоҳад дошт ва бӯҳрони нархҳо бадтарини ҳолати бӯҳронӣ аз солҳои 70-ум ба ин сӯ хоҳад буд.

Дар баёнияи матбуъотии Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад: «Афзоиши қимати он маҳсулоти ғизоие, ки тавлидкунандагони аслӣ Русия ва Украина ҳастанд ва ҳамчунин нуриҳои гази табиӣ, барои аввалин бор аз соли 2008 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст”. 

Ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ Индермит Гилл гуфт, ки дар маҷмӯъ, ин бузургтарин шоки молӣ аст, ки мо аз солҳои 1970-ум аз сар гузаронидаем. Афзоиши якбораи маҳдудиятҳо дар тиҷорати маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳо шадидтар мешавад. 

Нархи миёнаи солонаи нафти Brent дар давоми соли 2022 42% афзоиш ёфта, то 100 доллар барои як бушка хоҳад шуд. Таҳлилгарон тавсеаи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русияро таҳдиде ба бозори нафт арзёбӣ карданд.

Иқтидори захиравии картели ОПЕК-и кишварҳои истихроҷкунандаи нафт метавонад аз интизории онҳо камтар бошад. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунанд, ки барои истихроҷ ва таъминот бо нафти шел (сланцевая нефть) дар Иёлоти Муттаҳида нерӯи корӣ намерасад.

Алюминий ва никел, ки барои нерӯи алтернативӣ заруранд, дар соли 2022 ба далели мушкилоти интиқол аз Русия мутаносибан 37 ва 51 дарсад гарон хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, имсол нархи металлҳо 16 фоиз меафзояд: барои металлҳои қиматбаҳо аз ҷумла оҳан, никел, алюминий, мис – бештар аз 22 фоиз,  тилло, нуқра, платина– 3 фоиз.

111% болоравии нархи газ дар Аврупо дар соли 2022 боиси қариб 70% болоравии нархи нуриҳои минералӣ ва болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.

Маҳсулоти кишоварзӣ аз сабаби норасоии нуриҳои минералӣ, кам шудани ҳосил ва аз кишт даст кашидани деҳқонон боз ҳам қиматтар мешавад. Дар давоми соли 2022 нархи маводи ғизоӣ ба ҳисоби миёна 23 дарсад ва гандум беш аз 40 дарсад боло хоҳад рафт. Аз ҳама навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ равғани нахл (палма) дар соли 2022 гаронтар хоҳад буд, яъне 45 фоиз ва бештар аз он.

Дар оянда хам ба афзоиши истехсоли озукаворй нархи баланди нурихо халал мерасонад. 

Қаблан ҳам хабар дода шуд, ки қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ, нафт, металл ва дигар коло то охири соли 2024 дар сатҳи баландтаринҳои таърихӣ боқӣ хоҳад монд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *