Fair Trials, созмони ҳомии ҳуқуқи башар, ки афроди дигарандеши бегуноҳ таъқибшавандаро ҳимоя мекунад, рабудашавии Шарофиддин Гадоевро «намунаи ваҳшатзои сӯистифода аз Интерпол» номидааст, ки кишварҳо худкома барои таъқиби мухолифон, дигарандешон ва хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ анҷом медиҳанд.
Ин созмон бо нашри баёнияе гуфтааст, дастгиршавии Гадоев дар Маскав дар асоси як иттилоияи сурхи Интрепол сурат гирифтааст.
Fair Trials гуфтааст тайи панҷ соли гузашта, Тоҷикистон мунтақидон давлатро шадидан саркӯб карда, барои дастгир ва саркӯби онҳор аз Интерпол истифода кардааст. “Дар мавриди Гадоев, Тоҷикистон ба таври возеҳ қоидаи Интерпол дар бораи паноҳндагонро нақз кардааст, чун боздошти афроде, ки дорои вазъи паноҳандагӣ ҳастанд, агар аз кишваре дархост шуда бошад, ки он нафар аз он фирор кардааст, ҷоиз нест” — омадааст дар баёния.
Ин созмон навиштааст Гадоев баъди нашри навори қабл аз сафараш, ки мегуфт ба ҳеҷ ваҷҳ ба Тоҷикистон бар нахоҳад гашт аз тарафи ҳамкоронаш ва дар натиҷаи фишори ҷомеъаи байналмиллалӣ озод гардид, аммо садҳо мухолиф паси панҷараҳои режими Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Fair Trials гуфтааст муборизааш алайҳи сӯистифода аз Интерполро идома хоҳад дод ва мекӯшад то пулиси байналмилалро водор ба ислоҳот кунад.
Шарофиддин Гадоев ягона нафаре нест, ки бо сӯистифода аз Интрпол боздошт мешавад. Қаблан фаъолоне чун Шоҳнаими Карим ва Бобоҷон Қаюмзод низ ҳангоми убур аз сарҳадҳо боздошт шуда буданд, аммо бо дахолати созмонҳои байналмилал озод гаштанд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ то ҳол ягона нафар аз мухолифони тоҷик аст, ки бо кӯшиши ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз рӯйхати Интерпол хориҷ карда шудааст.