Вазорати хориҷаи Чин аз “қарор гирифтани ояндаи Афғонистон дар дасти миллаташ” сухан гуфт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин рӯзи сешанбе қудратгирии Толибонро “дастоварди таърихӣ” тавсиф кард.
Ван Ванбин навишт: “пас аз ду сол, интиқол дар Афғонистон ба таври куллӣ бо субот буда ва ояндаи ин кишвар ба дасти мардуми он бозгаштааст.”
Ӯ суқути Кобулро “шикасти низомӣ ва мудохилаи сиёсӣ” Амрико барои “таҳмили демокросӣ” хонд, ки ба гуфтаи ӯ танҳо ба “ошуфтагӣ ва фоҷиа мунҷар мешавад.”
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ҳамчунон бар ташкили як “ҳукумати фарогир, таъмини ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои қавмӣ” низ таъкид карда ва аз Толибон хостааст то барои посухгӯйи ба ин интизорот “фаъолона” амал кунад.
Ӯ ҳамчунон аз интизороти ҷаҳон мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои террористӣ дар Афғонистон ёд карда ва гуфтааст, ки аз Толибон интизор доранд то ба тааҳҳудоти худ амал кунад ва ҳама созмонҳои террористиро пароканда кунад.
Ванбин ҳамчунон аз ироаи бастаҳои кумакии нақдии Чин ба Афғонистон ёд карда ва аз қатъи кумакҳои Амрико, масдуд кардани дороиҳои Бонки марказӣ ва таҳрими Афғонистон интиқод кард.