Рубрики Хабарҳо

100 муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русия дар Петербург боздошт ва ба комиссариати ҳарбӣ бурда шуданд

Пулиси Русия тайи як юриш ё рейди дурӯза дар ҷануби Санкт-Петербург, беш аз 100 муҳоҷири дорои шаҳрвандии Русияро, ки дар артиш сабти ном накарда буданд боздошт ва ҳамаи онҳоро ба ба комиссариати ҳарбӣ дар минтақаи Фрунзенский мунтақил кард. Дар ин бора РБК бо истинод ба хадамоати матбуотии Раёсати Вазорати умури дохилии Русия Санкт ва вилояти Ленинград гузориш додааст. 

Маълум нест чи миқдор аз ин боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Мақомоти Тоҷикистон ва Сафорати кишвар дар Русия ҳанӯз ҳеҷ маълумоте дар ин бора ироа намекунанд. Як манбаъи “Паём” аз Санкт-Петербург гуфт, ки дар ин маҷмаъанбор тоҷикони зиёде кор мекраданд ва имкон дорад қисми асосии боздоштшудаҳо тоҷикон бошанд. 

Пулис хабар дода, ки ба юришҳои муҳоҷиратиаш “опсияи нав” ҳамроҳ кардааст: муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Русияро доранд боздошт карда ба онҳо “корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи зарурати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони Русия” мегузаронад. 

“Юриши муҳоҷиратӣ ба маҷмаъаанбори сабзавотии (овощебаза) Софийский, ки ду рӯз идома дошт, натиҷаҳое ҳам барои полис ва ҳам комиссариати ҳарбӣ дошт. Дар пайи ин тафтиш тақрибан 400 шаҳрванди хориҷӣ шиносоӣ шуданд, ки 55 нафар аз онҳо бо нақзи қавонини муҳоҷират дар Русия ба сар мебурданд. Ҳамватанони ин муҳоҷирон, ки аллакай дорои шаҳрвандии Русия ҳастанд, тавассути пулис 100 нафар шиносоӣ шуданд” — омадааст дар гузориш. 

Пулис ҳамчунин гузориш дод, ки як парвандаи ҷиноӣ барои яке аз шаҳрвандони хориҷӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷати қалбакӣ тибки моддаи 327-и кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Тибқи қонунҳои Русия хориҷие, ки тобеияти Русияро дарёфт кардааст, бояд зарфи ду ҳафта аз таърихи сабти ном дар маҳалли иқомат, дар артиш сабти ном кунад. Бидуни шиносномаи низомӣ, чунин шаҳрвандон наметавонанд ба таври қонунӣ дар Русия кор кунанд. 

Пас аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Укроин, Думаи давлатӣ дарёфти тобеияти Русияро барои хориҷиёне, ки бо Вазорати дифоъ қарордод мебанданд, содда кард. Тибқи қонун, ҳангом имзои қарордоди солонаи хидмати сарбозӣ, дарёфти шиносномаи русӣ «бидуни интизории тӯлонӣ ва дигар монеъаҳои бюрократӣ» имконпазир хоҳад буд. 

Дар моҳи майи соли ҷорӣ, Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ аз Ҳизби комунист аз таҳияи лоиҳае хабар дод, ки ҷалби муҳоҷиронеро, ки тобеияти Русияро ба даст овардаанд, аз ҷумла муҳоҷироне, ки аз Осиёи марказӣ ва Қафаоз ҳастанд, ба ҷанги Укроин иҷоза медиҳад. Ин намояндаи маҷлис таҳияи ин лоиҳаро ин гуна тавзеҳ дод, ки ҳоло касоне, ки душаҳрвандӣ доранд шомили хидмати сарбозӣ намешаванд. 

Дар ҳамин ҳол, афзоиши ҷамъияти Русия аз ҳисоби муҳоҷирон дар соли гузашта коҳиш ёфт ва ба 61.9 ҳазор нафар ё 0.4 нафар барои ҳар ҳазор нафар ҷамъияти сокини Русия расид (дар сол 2021 афзоиш аз ҳисоби муҳоҷир тақрибан 430 ҳазор нафарро ташкил дода буд).

Дар моҳи май, Вазорати умури дохилии Русия пешниҳод кард, ки як ниҳоди нави назорати идорӣ бар вуруди хориҷиҳо ба Русия эҷод шавад ва контроли давлатӣ дар ин замина лағв шавад. Дар сурати тасвиби ин лоиҳа, Вазорати умури дохила метавонад аз ашхоси ҳуқуқие, ки аз неруи кории муҳоҷирон истифода мекунанд, боздид кунад, ки қаблан барои бозрасӣ аз онҳо муҳлати қонунӣ ё мораторий эълон шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *