Рубрики Хабарҳо

Укроин равобити дипломатики худ бо Эронро қатъ мекунад

Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин, рӯзи сешанбе 18 октябр гуфт, ки ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳоди қатъи равобити дипломатики Киев ва Теҳронро додааст. Ин пешниҳоди Кулеба дар пайи фурӯши аслиҳаи низомии Эрон ба Русия аст.

Рӯзи душанбе 17 октябр Русия бори дигар бо ҳавопаймоҳои бесарнишини интиҳорӣ ба даҳҳо ҳадаф, аз ҷумла ба зербиноҳои энержии Укроин ҳамла кард. Дар ин ҳамлаҳо чанд тан аз шаҳрвандони Укроин кушта шуданд.

Киев иддао дорад, ки ин ҳамлаҳоро ҳавопаймои бесарнишини эронии Шаҳид-136 анҷом додааст. Теҳрон мегӯяд, ки ба ҳеҷ яке аз ҷонибҳои дар ҷанг иштирокдошта ҳеҷ гуна силоҳ надодааст. 

Дмитрий Кулба мегӯяд, Укроин мутмаин аст, ки ин ҳавопаймоҳои бесарнишин эронӣ ҳастанд ва омода аст барои иддаои худ ба қудратҳои аврупоӣ “далелҳои зиёде” пешниҳод кунад.

Вай дар як нишасти хабарӣ гуфт: Эрон комилан масъули тахриби равобит бо Укроин аст. “Ман ба президенти Укроин пешниҳод кардам, ки равобити дипломатиро бо Теҳрон қатъ кунад.”

Кулеба ҳамчунин афзуд, ки Киев қасд дорад ба Исроил барои харидории таҷҳизоти дифоъӣ ва ҳамкориҳои низомӣ дархости расмӣ ирсол кунад. Аммо мақомоти Исроил дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Рӯзи сешанбе Ҷидон Саар, вазири адлия ва узви кобинаи амниятии Исроил дар радиои миллии Исроил эълом кард: “Дастгирии мо аз Укроин аз системаҳои аслиҳа ва ҷангофаринҳо намешавад ва мавқеъ дар ин замина тағйир наёфтааст.”

Ҳарчанд Исроил ҳамлаи низомии Русия ба Укроинро маҳкум карда ва ба Киев кумакҳои башардӯстона фиристодааст, аммо ба далели нигаронӣ аз ҳамкориҳои низомӣ бо Русия дар кишвари ҳамсояаш, Сурия то кунун аз кумакҳои низомӣ ва аслиҳа ба Укроин худдорӣ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *