Рашт. Боздиди вазир аз хонаҳои нав барои зарардидагон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар доираи сафар ба минтақаи Рашт аз рафти корҳои сохтмони хонаҳо барои оилаҳое, ки бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, боздид ба амал овард.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмон ба масъулин дастурҳои мушаххас ва маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.
Мақсад аз ин ташриф назорат аз раванди иҷрои корҳои барқарорсозӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз сокинони осебдида мебошад.
Раҳимзода Рамазон таъкид намуд, ки иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ барои барқарор кардани шароити зисти зарардидагон аз авлавиятҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, бо иштироки фаъолонаи сохторҳои дахлдор ва дастгирии мардуми маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube