Рубрики Хабарҳо

Кишвар террористпарвар аст ё мақомот террористзо?

Шоир, публитсист, драманавис, олим ва билохира Шерлок Холмси тоҷик дар як чеҳра — вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, бори дигар аз болотарин дастовард дар сатҳи ҷаҳон (соли 8-ум паёпай) — ошкоршавии 600 ҷинояти “характери террористиву экстремистидошта” дар ним сол хабар дод. Мақомоти интизомиву амниятии ҳеҷ кишваре наметавонад бо чунин дастовард ифтихор кунад — на Моссади Исроил, на FBI-и Амрико ва на ҳатто ФСБ-и Русия, ки мисли ниҳоди зертобеъи шоир Ниҳонӣ ҳар касеро, ки дилаш хост террорист эълон мекунад. 

Чаро Раҳимзода “хоксортар” шуд?

Бо ин ҳол, Шерлок Холмси тоҷик ин дафъа аз солҳои қаблӣ натиҷаи хоксоронатар ба намоиш гузошт. Ба гуфтаи ӯ дар шаш моҳ дар кишвар 1 ҳазору 100 (!) ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, аммо каме бештар аз 600 адади он ошкор гардидааст. Яъне ҳудуди 55 дарсад. Ин таносуб воқеъан хоксорона аст, чун қаблан таносуби ҷиноятҳои “террористиву экстремистии” ошкоршуда бо ҷиноятҳои содиршуда на камтар аз 85-90 дарсад буд. 

Шояд дар кадом нишасти байналмиллалие ба Раҳимзода пешниҳод карда бошанд, ки бо ин дастовардҳои паёпай алайҳи “террористон” раҳбарии муборизаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризмро ба дӯш гирад. Бо дарназардошти ин ки бар замми вазирӣ дар як кишвари “пуртеррорист” раҳбарии муборизаи ҷаҳонӣ метавонад вақти камтаре барои ӯ дар навиштани шеъру драмаву китоб боқӣ гузорад, шоир Ниҳонӣ пешниҳодро рад кардаву барои такрор нашудани ин гуна пешниҳодҳо ошкорсозии ҷиноятҳо дар Тоҷикистонро низ қариб ду маротиба камтар кардааст.   

Вазири пурмаҳсули тоҷик шумори “террористон”-и боздоштшударо низ ба камтарин сатҳ дар 5 соли охир “расонид”: ба гуфтаи ӯ дар ним соли гузашта мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон “ҳамагӣ” 195 аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро боздошт кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбати шаш моҳи аввали соли 2022 66 нафар, яъне ҳудуди 25% камтар мебошад. 

Раҳимзода шумори “террористону экстремистон”-и кишварро, ки дар пайгард қарор доранд, беш аз 1000 нафар эълом кард. Ба гуфтаи ӯ теъдоди нафароне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар ҷустуҷӯй қарор доранд дар 6 моҳи соли гузашта 3 ҳазор нафарро ташкил медод.

Ба иттилои вазири дохила, дар 6 моҳи соли равон 14 ҳолати маблағгузории ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, барои ин кирдор 8 нафар дастгир шудаанд. Соли 2022-юм 24 ва соли 2021-ум 15 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҳисоб гирифта шуда буд. Дар ин нимсола “ҳамагӣ” 2 амали террористӣ ва 2 сӯиқасд ба амали террористӣ ошкор гардидааст. Яъне дар ин бахши “тероризму экстремизм” низ вазир қарор дода каме хоксорӣ кунад. 

Дар ҳамин ҳол, Шерлок Холмси тоҷик дар кашфи ҷиноятҳову боздошти ҷинояткорон  дар бахшҳои дигарро дар ҳамон сатҳи боло нигоҳ дошт. Ба гуфтаи ӯ аз теъдоди умумии 1 ҳазору 700 нафаре, ки дар кофтукови ҷиноятӣ буданд, дар ин давра 1 ҳазору 500 нафар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53 адад зиёд мебошад. Ин рақам дар ним соли 2022 1 ҳазору 447 нафарро ташкил медод.

Камшавии шумори гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аммо афзоиши ҷиноёт

Раҳимзода гуфт дар 6 моҳи соли 2023 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 9 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 48 нафар барои содир кардани 41 ҷиноят ошкор шуд. Ин дар ҳолест, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 100 нафар дастгир гардида буданд. Дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркардаи онҳо хабар дода намешавад.

Соли 2022-юм 55 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 166 нафар барои содир намудани 236 ҷиноят ошкор шуда буд. Соли  2021-ум 75 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 176 нафар барои содир намудани 167 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.

“Ихтиёран баргардонида шуданд”

Вазир-шоир усули овардани “террористон”-у “экстремистҳо”-и тоҷикро низ дар як ҷумла ошкор кард. Ӯ гуфт “дар ин давра 36 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд, дастгир ва беш аз 130 нафари дигар ихтиёран ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, аз Русия 18 нафар, аз Туркия 15 кас, аз Олмон, Ӯзбекистон ва Пошла 1 нафарӣ ба ватан баргардонида шуданд”. “Ихтиёран баргардонида шудан” воқеъан баёнгари усули аслии ВКД аст. Чун ё ихтиёран бармегарданд ва маҷбур баргардонида мешаванд. “Баргардонидан” наметавонад ихтиёрӣ бошад. 

Воқеъан аксари онҳое, ки ВКД бо истифодаи роҳҳои гуногун, аз ҷумла фишор боло хонаводаҳояшон, боздошти яке аз аъзои хонавода, таҳдиди мусодираи амвол ё ҳабси падару фарзанд, таҳдиди таҷовуз ба номуси ҳамсару хоҳар ва ғайра бармегардонад, дар наворҳои сабткардаи ҳамин ниҳод эълон мекунанд, ки ихтиёран баргашта худро ба “милитсияи адолатпарвари тоҷик” таслим кардаанд. Ин ҳолат баёнгари воқеъии ҷумлаи шоир Ниҳонӣ “ихтиёран баргардонида шуданд” мебошад. 

Инчунин, ба гуфтаи вазир-драматург, “150 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистие, ки дар хориҷи кишвар дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштирок мекарданд, ихтиёран ба ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод, 131 нафар аз Русия, 7 нафар аз Туркия, 5 нафар аз Қазоқистон, 2 нафарӣ аз Сурия, Ироқ, Мисри Араб ва 1 нафар Қирғизистон мебошад”.

Таносуби мантиқии вазир-олим

Вазир-олим, “муаллиф”-и чандин китоб, аз ҷумла китобҳои дарсӣ дар донишгоҳ, яке аз омилҳои асосии ҷалби наврасону ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои террористиро таълимоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар номид.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳол 52 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмии динӣ машғуланд, ки дар шаш моҳи соли 2023 18 нафари онҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Шерлок Холмси тоҷик шарҳ намедиҳад, ки чаро вақте сабаб бо суръат кам мешавад, натиҷа баръакс меафзояд. Шурӯъ аз соли 2013 давлати Тоҷикистон ҳазорон нафарро аз мадориси динии хориҷӣ баргардонд ва садҳо мадориси расмиву ғайрирасмии кишварро баст. Бо вуҷуди бастани “роҳи аслии” омодашавии “террористон”-у “экстремистҳо”, ҳар сол шумори онҳо афзоиш меёфт (ба истиснои имсол, ки вазир каме “хоксорӣ” кард). 

Бизнеси бузурги ҳукумат ва чанд ниҳод

Камтар касе дар кишвар ба афсонаҳои Раҳимзода ва дигар вазирони қудративу худи расиҷумҳур дар бораи “террористон”-у “экстремистҳо” бовар мекунад. Чун тақрибан хонаводаи боқӣ намонда, ки нафаре аз он бо ин иттиҳомот таъқиб, дастгир, ё зиндон нашуда бошад. 

Аксари хонаводаҳои кишвар дар пӯст ва кисаи худ натиҷаи “фаъолиятҳои зиддитеррориству зиддиэкстремистӣ”-и режими Раҳмонро эҳсос кардаанд ва медонанд, ки ҳади “террорист”-у “экстремист” будан аз куҷо шурӯъ мешавад: як лайк дар шабакаи иҷтимоӣ метавонад туро террорист созад. Лайк ҳам дарди бадарак. Як маъмури ВКД, КДАМ ё додситонӣ, ки хост аз ту пул ситонад, метавонад телефонатро бо баҳонае бигирад, дар он навореро боргирӣ намояд ва сипас худатро ба паҳнсозии “маводи хусусияти террористиву экстремистидошта” муттаҳам созад. Дар натиҷаи ин “амалиёт”-и маъмури интизомиву амниятӣ, кисаи хонавода метавонад аз 5 то 20-30 ҳаор доллар холитар шавад.

Барои худи ҳукумати Раҳмон ин яке аз бизнесҳои сермаҳсули сиёсиву иқтисодӣ аст: аз як тараф ҷаҳонро аз вуҷуди шумори зиёди террористҳо дар кишвараш метарсонад, то ба нақзи рӯзафзуни ҳуқуқи башар чашм пӯшад, аз тарафи дигар миллионҳо доллар барои “мубориза бо терроризму экстремизм” дарёфт мекунад. 

Барои ҳазорон маъмури ВКД ва КДАМ вуҷуди “террористон”-у “экстремистҳо” бузургтарин манбаъи даромад аст. Метавон бо итминон гуфт, ки 600 ҷинояти “ошкоршуда”, ки вазир-драматург лофашро мезанад, даҳ дарсади он шуморе ҳам нест, ки маъмурони ин ду ниҳод бо ин иттиҳомот шаҳрвнадони бегуноҳро боздошт ва баъди гирифтани ҳазорҳо доллар ришва раҳо мекунанд. 

600 нафари “ошкоршуда”-ву боздоштшуда танҳо онҳое ҳастанд, ки барои харидани ҷонашон маблағҳои 10-15 ҳазордолларӣ надоштанд. Вуҷуди чунин “камбағалон” ба нафъи омор ҳам ҳаст — барои ҳукумати Раҳмон ҳам шуморе аз “террористон”-у “экстремистҳо”-и боздоштшуда лозим аст, то ӯ тавонад аз минбарҳои баланд кишварҳову созмонҳоро аз онҳо тарс диҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *