Рубрики Хабарҳо

СУДАН

Ҷумҳури Судан кишварест дар шарқи қитъаи Африқо, ки аз самти  шимол бо Египт, аз тарафи шимолу ғарбӣ бо Ливия, аз самти ғарб бо Чад, аз тарафи ҷанубуғарбӣ бо Ҷумҳурии Марказиафриқоӣ, аз ҷануб бо Судани Ҷанубӣ ва аз ҷанубушарқӣ бо Эритрей ва Эфиопия ҳамсарҳад аст. Танҳо сарҳади тарафи шимолушарқиаш соҳили  баҳри Сурх аст.

Номи Судан маънои сарзамини сиёҳонро дорад. Масоҳаташ 2,505,813 км мурабба. Пойтахташ шаҳри Хартум мебошад. Саршумори аҳолиаш 39,154,000 нафар, ки беш аз 97 фоиз мусалмононанд.  Забони давлатиаш аввал фақат забони арабӣ дониста мешуд. Шурӯъ аз соли 2005 забонҳои расмӣ арабӣ ва англисӣ эълом шуда  аст. Роҳбари давлат Президент, мақомоти қонунгузораш парламенти дупалатагӣ, ки яке шӯрои иёлот ва дигаре асамблеяи миллист. Ҳоло низоми қонунии Судан ба риояи шариати исломӣ қарор дода шудааст. Воҳиди пулиаш фунти Судан. Шиори миллат “Ал наср лана” (Яъне ғолибияти мо).  Коди телефон дар ин давлат рақами +209 мебошад.

Ин кишвар савумин кишвари бузурги қитъаи Африқо ва дувумин кишвари бузурги арабӣ пас аз Алҷазоир маҳсуб меёбад. Судан бузургтарин кишвари Африқо ва бузургтарин кишвари ҷаҳони араб буд, то он даме, ки дар соли 2001 Судани ҷанубӣ дар пайи баргузории як раъйпурсӣ аз ин кишвар ҷудо шуд.

Истиқлолиятро санаи 1-уми январи  соли 1956 аз зердастии давлатҳои Бритониёи Кабир ва Миср ба даст овард. Як давраи 10 сола байни солҳои 1972 то 1983 давраи вазнини нооромиҳои сиёсӣ ва ҷанги дохилиро аз сар гузаронид. Ин кишвар бо ҷангҳои пайдарпайи дохилӣ рӯбарӯст, ки бо масоили поксозии қавмӣ ва ғуломдорӣ даргир аст. Дар шохаси фасоди идорӣ Судон ба унвони яке аз фасодтарин кишварҳои ҷаҳон аз назари мизони фасоди идорӣ зикр шудааст. Судан панҷумин кишвари ҷаҳон аз назари густардагии гуруснагӣ дар миёни аҳолӣ аст ва аз ин назар дар вазъияти ҳушдордиҳандае ба сар мебарад.

Таърих

Дар қадим номи Нубияро дошт. Мисриҳо ин ҷоро Куш, ё Яят мегуфтанд, юнониҳо Эфиопия ном мебурданд. То ҳанӯзам аҳолии дараи Нил, ки дар ҳамсоягии Миср (ҷануби Асуан) зиндагӣ мекунанд, худро Нубиӣ меноманд.

Дар асрҳои ҳафтум Судани кӯчакро  подшоҳии парокандаи масеҳиён, мисли Алуо, Мукурра, Нобатия  идора мекард. Дар солҳои 640-ум нуфузи арабҳо то Миср ва баъдтар то Судон расида омад. Минтақаи байни дарёи Сурх ва Нил ҳудуде буд, ки аз маъданҳои пурқимат, металҳои ранга-тилло, зумурад буд. Маъданчиёни заршиноси араб шурӯъ ба нуфуз дар ин ҷо карданд. Дар ин миён дини худро низ, яъне исломро миёни Судониҳои шимолӣ таблиғ менамудандю Соли 960 бошад дар шарқи давлат роҳбарӣ ҳам ба намояндаи қавми Рабиаи араб муяссар шуда буд. Дигар қабилаҳои араб самти поёнии Нубияро ишғол намуда буданд, ки дар соли 1174 ба Миср ҳамроҳ шуда буд.Соли 1272 роҳбари давлат Донгола бо салибиён  муттаҳид шуда, лашкар кашид ва ба давлати Миср дарафтод, аммо дар набард шикаст хӯрд.

Аз асрҳои 17 то 18 дар қаламрави  Судани кунунӣ иёлотҳои мустақили Салтанати Сенат ва Салтанати  Дарфур вуҷуд доштанд, ки бисёре аз ҳамсоягонро фатҳ карда буданд. Аммо дар миёнаи қарни 18-ум инҳо тақсим ба роҳбарони ҷудогонаи феодалӣ шуданд. Солҳои 1819 то 1838 вилоятҳои Донгол, Бербер, Кассала, Сеннар ва Кордофан аз тарафи Миср забт шуда буд. Соли 1841 Судани Миср ном гирифт ва дар ҳамон давра ба империяи Усмонӣ ворид карда шуд. Пойтахти Cуданро дар ҳамин давра шаҳри  Хартум интихоб карданд. Нимаи дуюми асри 19 болои Судан таъсири Британияи Кабир бузургтар гардида генерал губернатори кишвар марди англис таъин шуд. Аммо ҷунбиши миллӣ бо роҳбарии Муҳаммад ибни Абдуллоҳ соли 1881 қабилаҳои ғарбӣ ва марказии Судонро муттаҳид сохта бар зидди усмониён шӯриш бардоштанд. Соли 1885 хартум аз ҷониби мардуми Судон пурра ишғол шуда, раҳбарони ғасбгари аврупои ва туркҳо аз кишвар ронда шуданд/ Аммо ин мубориза қариби 15 сол идома ёфта билохира соли 1898 аз ҷониби инглисҳову мисриён  шикаст дода шуд. Соли 1899 Британияи Кабир бо Миср созишномае тартиб доданд, ки ҳукумати Суданро ҳамроҳ идора мекунанд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳон роҳбарони бритониёи Суданро ба яке аз намоёнтарин кишварҳо дар парвариши пахта табдил доданд. Роҳи оҳани Кассала -порт -Судан сохта ба истифода дода шуд, ки тӯлаш то Сеннар мерафт.

Дар рафти ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ҷониби Италия як қатор шаҳрҳои Судан, вилояти Абиссиниро забт карданд, вале баъди соле боз даст кашиданд.  

Давраи истиқлол

Ҳукумати миср соли 1952 ҳуқуқи худкифой ба мардуми Судан дод ва баъди соле интихоботи парлумонӣ дар Судон доир шуд. Соли 1955 нерӯҳои Бритониёи ва мисри аз судан хориҷ карда шуданд. Судан кишвари мустақил эълон шуд. Маркази давлат Хартум буд, ки  мақомоти калидиашро мусалмонон ташкил карда буданд. Аз соли 1955 то 1972 боз ҳам дар Судон шӯришҳои мардумӣ ба хотири таъсиси як давлати федееролӣ идома дошт. Дар тӯли ин муддат ин кишвар чандин кудатои низомиву давлатиро таҷриба кард. Ниҳоят соли 1972 дар Аддис-Абеба  созишномаи оташбас миёни мардуми шимолу ҷануби Судон ба имзо расид. Ин ҳолат тӯли 10сол тӯл кашид ва пас аз он муноқишаи артиши мардумӣ барои озодии Судан шурӯ шуд. Далели ин умури сиёсати исломгароии кишвар буд, ки таҳти роҳбарии президенти ондавраи кишвар Ҷаъфар Нимейрӣ идора мешуд.

Соли 1989 баъди як табаддулоти дигар Ҳасан Абдуллоҳ Туробӣ сари қудрат омад, ки артиши мардумии исломӣ таъсис дода буд.  Аз соли 1990 кишвар бо шиддат як давраи исломисозиро аз сар гузаронид. Дар ин давра бо даъвати раҳбари бунёдгарони исломии Судан ба кишвар милионери саудӣ Уссома Бинни лодан таклиф шуд. Баъди 5 соли фаъолияташ  артиши худро маҷбуран ба Афғонистон интиқол дод. Баъди референдуми соли 2011 Судан ба кишвари мустақил табдил ёфт. Аммо гирудори ҷангҳои дохилии ин сарзамин то ҳанӯзам боқист.

Иқтисодиёт

Даромади солонаи кишвар 11, 84 миллиард доллар ва хароҷот 12, 95 милиард долларро ташкил мекунад. Шарикони аслии тиҷорӣ бо Судан Арабистони Саудӣ, Миср, Аморати муттаҳидаи Араб, Чин, Ҷопон, ки харидорони маҳсулоти нафтӣ, пунба, кунҷид, бодоми заминӣ, арақ  ва қанд мебошанд.

Судан 80 миллион гектар замини корам  барои парвариши ғалладона ва сабзавот дорад. Дар парвариши пахта Судан байни давлатҳои дигари қитъаи Африқо ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Инчунин дар як сол зиёда  800 ҳазор тонна чормағзи заминӣ, 165 ҳазор тонна кунҷид, 59 ҳазор тонна гандум, 4891 ҳазор тонна соргум ва инчунин арзан , лӯбиё, ҷав, ҷуворимакка ба даст меорад. Ҷойгоҳи муҳимеро дар парвариши меваҷоту сабзавот дорад, ки  аз кишту парвариши манго, афлесун, банан, лимӯ, грепфрут ва полезиҳо- тарбузу харбуза, пиёзу помидор ва ғайра даромад ба даст меорад.

Маориф

Таълим барои кӯдакони аз 6 то 13 сола ҳатмист. Дар Судан 147 мактаби миёна, 19 адад донишгоҳу донишкадаҳои олӣ фаъолият мебаранд. 70, 2 фоизи аҳолӣ  маълумотноканд. 79, 6 фоизи мардҳо ва 60, 8 фоизи занон . Бунёди мактабҳо ва фарогирии мардум бо таълим асосан аз ҷониби туркҳои ҳокимшуда дар соли 1850 ибтидо гирифта буд. Он вақтҳо танҳо забонҳои арабӣ, туркӣ, дониши динии исломӣ ва арифметика омӯзонида мешуд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *