Манбаъ: 13 нерӯи амниятӣ дар ҳамлаҳои Толибон дар Қундуз ҷон бохтанд
Як манбаъи амниятӣ имрӯз 20 — июл ба шабакаи хабарии Тулӯънюз гуфтааст, ки 13 тан аз нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳамлаҳои Толибон дар вилояти Қундуз, ҷон бохтанд ва 10 тани дигар, захмӣ шудаанд.
Манбаъ афзудааст, ки гурӯҳе аз ҷангҷӯёни Толибон соати яки шаби гузашта аз чандин бахш бар постгоҳҳои нерӯҳои амниятӣ дар деҳаи Шинвори ҳавзаи дуввуми амниятии маркази вилояти Қундуз ва кӯчаи Қазоқ дар масири шоҳроҳи Қундуз-ноҳияи Алиободи ин вилоят, ҳамлаи таҳоҷумӣ карданд, ки дар натиҷаи он, 9 полис ва чаҳор сарбози артиши Афғонистон, ҷон бохтанд ва 10 нафари дигар ба шумули 6 полиси миллӣ ва маҳаллӣ, захмӣ шудаанд.
Ӯ афзуд, ки ҳамлаҳои Толибон аз сӯи нерӯҳои амниятӣ дафъ шуд ва даргириҳо пас аз се соат, поён ёфт.
Вай афзудааст, ки дар ин даргириҳо ба гурӯҳи Толибон низ талафоти сангин ворид шудааст, ки то кунун рақами дақиқи он дар даст нест.
Мақомҳои маҳаллӣ ва Толибон то кунун дар бораи ин даргириҳо, чизе нагуфтаанд.