Салом, Эмомалӣ Шарипович!
Ту боз маросими батахтнишинӣ гузаронидӣ. Пас аз “интихобот”-и “одилона” ва бо гирифтани 91%-и орои мардум. Гӯё давоқеъ мардум интихобат карданд. Вале, аз чи сабаб бошад, ки ҳама натиҷаҳои интихоботро аз пеш медонист. Ҳатто пешбинӣ буд, ки чун “пешво”-и миллат бояд атрофи 90% ё болотар аз он овози интихобкунандагонро бигирӣ. Акнун мебинам, ки дар Тоҷикистон минбаъд муҳаббати мардумро ҳам пешгӯӣ карда мешудааст. Ҳатто фоизи ин дӯстдориро низ. Тантанаҳоят хеле дилтангкунанда ва ғайри қобили таваҷҷуҳ буданд. Шояд барои худат ҳам. Зеро аҳволат хеле харобу гунаҳкорона менамуд. Охир бори панҷум аст ва соли 29-уми идоракунии якмароми ҳамон як нафар. Ҳамон каси порина! Бовар кун, дилбазан шудаӣ.
Вақте худро “президенти навинтихобшуда” меномӣ, дигар касе аз ту ягон навигарӣ ва иқдоми навро интизор нест. Чунки дигар ҳеҷ куҷоят нав нест. Баръакс кӯҳнатар шудаӣ. Пиртар ва фачтар. Дигар ин нағмаҳоят на дар кафлез меғунҷаду на дар дег! Усули гузаронидани интихоботҳоят ҳам дигар барои мардуми тоҷик чизи наве нест. Ҳама қадамҳои мемондаатро мардум пешгӯӣ карда метавонанд. Мардум дурӯғҳоятро азёд кардаанд. Мисли ҳамон суруди даврони шӯравӣ, ки ради галочки ва дилсардона хонда мешуд:
“Ман калон мешавам,
Қаҳрамон меншавам.
Бар ватани худам,
Посбон мешавам”.
Вале имрӯз ҳама тоҷикон медонанд, ки на дар 70 соли даврони шӯравӣ ва на дар муддати 28 соли ҳумронии ту на калон шудему на қаҳрамон. Бар ватани худамон ҳам посбон нашудаем. Ҳоло ҳам ватанро, яъне туро дар сари қудрат дар давлати худат, артиши хориҷӣ посбонӣ мекунад. Вақте рақибони сиёсиатро танқид карданӣ шуда, ҳамеша ба хоҷаҳои хориҷиашон ишора мекунӣ, дилам мешӯрад. Дар ҳамин ҳолат шояд гумон мекунӣ, ки касе намедониста бошад хоҷаҳои хориҷии ту кистанд? “Дуздиву ғарӣ пушти саргини хар” мегӯянд. Мутаассифонаи ту, саргинаки хар ҳеҷ айберо пинҳон карда наметавонад. Бахусус, вақте айбҳои ту он қадар зиёд шудаанд, ки дигар саргини фил ҳам пинҳонаш карда наметавонад. Хаёл мекунӣ, касе хоҷаҳои хориҷии туро намедониста бошад. Ҳоҷати тадқиқот гузаронидан ва ҷустуҷӯ кардан ҳам намондааст. Генералҳои рус Квачкову Чубарин яке паси дигаре рӯирост дар дар матбуот шоҳидӣ дода истодаанд, ки чи гуна бо кӯмаки Сангаку офитсерҳои рус сари қудрат омадӣ. Ва барои тасдиқ сурататро ҳам, ки пеши ин ҳарбиён бечоравор чоп мекунанд
Дигар таърихи ба сари қудрат омаданат вирди забонҳост ва хурду калон медонад, ки Сангак кӣ буду куҷо шуд. Шояд ҷузъиёти бештари тақдири ӯ ва дигар командирҳои саҳроиро, ки ба ҳар роҳ аз байн бурдиашон, пас аз суқутат чоп шаваду досийеи сиёҳатро боз ҳам сиёҳтар кунад. Кароче, роҳбариат дар таърихи истиқлолияти тоҷикон чун як доғи нангине боқӣ мемонад. Чуноне, ки саргузашти ҳама диктаторҳои дигар. Агар диктаторҳои машҳури дараҷаи байналмилалиеро чун Гитлеру Муссолиниву Сталин, ки ба ҳайси сиёсатмадор дунёро ба ларза овардаву ба рафти пешравии ҷаҳон таъсири бевосита гузошта буданд, таърих ин қадар сиёҳу беобрӯ карда бошад, пас туву Ким Чен Ину Лукашенкову Бердимуҳаммадов барин диктаторҳои ноқисулақл танҳо масхараи даҳони мардум хоҳед шуд. Писханди таърих. Ҳамчун роҳбарони худписанду ноӯҳдабарое, ки ба пешравии халқи худ ба муддати мадиде халал ворид кардед. Махсусан, ки ту. Тоҷикро бо “кӯмак”-и хоҷаҳои хориҷиат дар миқёси пасошӯравӣ ончунон беобрӯву бесаводу паст нишон додӣ, ки ҳатто чукчаҳоро русҳои мустамликадор дар давраи 400-500 соли истилояшон ин қадар наҳ назада буданд. Тоҷик дигар на танҳо мавриди масхараи русҳост, балки мавриди таҳқири публичнии қазоқҳо ҳам қарор дорад. Муносибатеро, ки қирғизҳои ҳамсоя дар сарҳад нисбати мардуми тоҷик чанд соли охир раво мебинанд, магар пастзанӣ нест? Ва ё вақте Хитой рӯирост даъвои 45% замини Тоҷикистон мекунад, магар ин амалаш бечорагиву нокасии моро пеши ин ҳамсоя-аждаҳо нишон намедиҳад?
Ана ҳамин аст, сиёсати “хирадмандона”-и ту дар давоми 28 соли идоракунии бетанаффусат! Ва боз ба ҳамон фаҳмиши кӯҳнаат аз сари нав ба сари тахт менишинӣ. Мардум аз ту ҳамчун роҳбари кӯҳнаи навинтихобшудаи кишвар чиро интизор буда метавонанд? Фақат онро, ки оператсияи рақами 2 – ба сари тахт шинондани Рустами писарат ва давом додани роҳбарии авлодиатро амалӣ мекунӣ? Ва ё онро, ки боз хешони бештаратро ба сари қудрат меориву мардуми бечораро аз ҷонашон сер мекунӣ? Оё медонӣ, ки мардуми дохилу хориҷ идоракунии ғайриқонуниатро “шоҳигарии эълоннашуда” меноманд. Ту имрӯз ба ҳамон Заҳҳоки таърихӣ монанд шудаӣ, ки нафси морҳои китфонат (хешони бешуморат)-ро танҳо бо гӯшти бадани фарзандони мардум ором карда метавониву халос. Агар ин корро накунӣ, худатро хоҳанд хӯрд! Ана ҳамин хел нафси калон доранд.
Ҳангоми рӯи конститутсияи сердарбеҳат (на рӯи китоби муҷаддаси мусулмонон – Қуръон!) даст гузошта гуфтӣ “Ман мардуми шарифи Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва барояшон содиқона хизмат мекунам!”
Боз як дурӯғи навбатии шохдор! Кай онҳоро дӯст дошта будӣ? Агар онҳоро дӯст медоштӣ, шояд дараҷаи зиндагиашонро дар ин муддати тӯлонии роҳбарият каме болотар мебурдӣ. Онҳоро ватангурезу хори мамлакатҳои хориҷӣ намекардӣ. Халқи зиёди аз коронавирус мурдаро ба қавле бо ҷурми бемориҳои илтиҳоби шуш, инфаркт ва ғайраҳо “списат” намекардӣ. Ва, билохира, дар айни авҷи коронавирус саросемавор интихобот намегузарондӣ ва бешармона гузашта ба тахти президентӣ наменишастӣ.
Худкушии корманди бехатарии фурудгоҳи Душанбе – и ҷавон дар рузи 26 октябри соли 2020, ки аз худ се кӯдаки хурдсолро сағир монд, мисоли барҷастаи “дӯстдори”-и халқи шарифи Тоҷикистон аз ҷониби туву командаи пӯстканҳоят аст. Ӯ аз сабаби он, ки ҳафт моҳи охир фурудгоҳи Душанбе маошашро надодаву аз ҳисоби маоши ҳаққу ҳалоли ӯ барои ту дар ким-кадом қавр дача месохт, худашро парронд. Барои он ки аз квартираи иҷорааш 14 000 сомонӣ қарздор буду соҳибхона пешаш ултиматум гузошта буд. Яъне, аз зӯромад ба ҷони ҷавонаш ҷабр кардаву худро бо яроқи хизматиаш парронду ба додараш паёмак навишт, ки “биёву мурдаи маро аз фурудгоҳ бар!”. Барои он ки аз мардуми қаторӣ буду пеши туву органҳои ноҳақат оҷиз монда буд.
Ва ба нишони эътироз ин корро маҳз дар фурудгоҳ анҷом дод, то ба мардум аз вазъи ҳолаш дарак диҳад! То бигӯяд, ки туву хешонат ӯро ба ҷонаш расондаед. Ин як сигнали норозигии мардум аз сиёсати туст. Ин баёнгари он аст, туву мақомоти аз хешу табор ва ҳамтабақонат иборатат болои мардум зулми зиёд мекунед. Чи тавре, ки доим мекунед, барои рупӯш кардани айби қафои олудаатон пас аз ду рӯзи худкушиаш маоши Шеравганро рӯзи 28 октябр ба картааш гузаронида, беимонона эълон кардед, ки фурудгоҳ пешаш қарздор нест. Ва беинсофона пас аз мурданаш ӯро ба қаллобӣ муттаҳам карданӣ мешавед. Бале, ин боз ҳамон почерки ҳароми генерал-шоиру генерал-басаҳнагузорандаат аст! Худо мекард, ки ин рӯз ба сари фарзандон худатон меомад, шояд баъд дарду алами пайвандони Шеравганро эҳсос мекардед.
Вақте савганд ёд мекардӣ, овозат меларзид. Базӯр аз рӯи коғаз мехондӣ. Ҳатто нафасат кӯтаҳӣ мекарду ба ҷои “иқтисодӣ”- “иқсодӣ” мехондиву ба ҷои “иҷтимоӣ” – “ичмоӣ”. Дигар ҳатто забонат гапатро намегирад. Вале боз ҳам ҳамон ҷисми фартутатро тариқи “интихобот”-и дурӯғин ба сари мардуми бечораи тоҷик маҷбуран бор кардӣ. Агар бо забони худат карда гӯем, кайҳо вақти “Чол кет!”-ат расидааст. Дар ҳар кишваре президент ё роҳбари давлат ҳуқуқ надорад аз ду навбат зиёд сари ин вазифаи муҳим қарор дошта бошад. Ва ҳам чи қадар захираи ақлоние дошта бошад дар ҳамин мӯҳлат истифодааш мекунад. Яъне запасаш танҳо ба ҳамин мерасад. Ту бошӣ, гумон мекунӣ, ки калаат калон асту ақлат аз дигар президентҳои кишварҳои пешрафта бисёртар?
Аҷаб соддалавҳӣ, мегум! Худо ақла ки надиҳад, аз каллаи дам фоидае нест! Натиҷаи роҳбариат, нишондодҳои байналмилалиат шаҳодати сифати роҳбарии туву командаат ҳастанд. Як бор бин, ки дар рейтингҳои байналмилалӣ кишвари роҳбарӣ мекардаатро ба кадом дараҷа расондаӣ! Камбағалтарин! Фасодзадатарин! Ва бесалоҳияттарин ҳукумат! Ҳамсафи мамолики қафомондатарини Африқо! Ва мехоҳӣ ба ҳамин темп боз кишварро ба гуфти худат “ба пеш!” барӣ! Медонӣ, бо дастакатро мушт кардаву артистона аз саҳна “Тоҷикистон ба пеш!” гуфтанҳоят кишвар ба ҳеҷ кадом “пеш” намерасад. Ё бо “доим рақсу бозӣ бошад!” гуфтанат шиками мардум сер намешавад.
Зафари Шаҳзод, як сокини Тоҷикистон дар Фейсбук , ки ба хотири шоҳаншоҳ шудани ту “молакеро кушта, садақа додааст”. Ва боз илова кардааст, ки “миллионҳо мардуми қашшоқе чун ӯ дар ҳаққат дуъо мекунанд”. Аз ҳама аҷибаш он аст, ки туро “шоҳаншоҳ” номидааст. Чи тавре худат мехоҳӣ. Чи тавре дар нақша дорӣ! Агар ин ҳам кори Ятмов нест, пас чи гуна ақидаи туву як Зафари Шаҳзод 100% совпадат мекардааст? Яъне, ба қавле аппробатсия карда истодаӣ нақшаатро бо овози Зафар. Просто “репетитсия аст” бгуву мон! Боз як спектакли беҳунарона. Намедонӣ, чи хел карда Рустами маишатпарастатро аз гиребонаш кашолакунон болои тахт бароварда шинонӣ. Ҳама стратегияат ана ҳамин аст. Журналисти мустақил Раҷаби Мирзо дар мусоҳибаи як рӯз пас аз интихобот ба Радиои “Озодӣ” додааш ба рӯи ин нақшаи генералиат рӯшанӣ андохта буд. Мебинӣ, мардум ҳама нақшаҳоятро пеш аз амалӣ шуданашон медонанд. Чуноне дар интихобот “ғолиб омаданат”-рову 91% овоз гирифтанатро пешгӯӣ карда буданд.
Аҷаб нест қисман дуруст ҳам гӯӣ, ки мардуми тоҷикро хеле дӯст медорӣ. Шояд захираҳои кишвари ин мардумро дар назар доштӣ, ки бебаркаш дуздидаву барои сад пуштат дар хориҷа бурда захира дорӣ? Шояд сархамиву пуртоқатии ин мардум сахт маъқулат аст, ки пас аз интихоботи пурра тақаллубиат чун дар Беларус даст ба тазоҳурот назаданд? Ё шояд дар дилат хурсандӣ, ки бо “кӯмак”-и Ятим Саймумини “режиссер”-у Шариф Рамазони “шоир”-ат мардуми тоҷикро лапак карда тавонистӣ? Он қадар сода ҳам набош, Эмомчик. Як маротиба саратро аз болои телевизионҳои бахмалини Тоҷикистон бардошта, ба мусофирони тоҷик шаби 31-уми октябр дар фурудгоҳи Домодедово диққат бидеҳ. Вақте ин мардуми хушфеъли тоҷикро ба ҷонашон мерасонӣ, дар ғазаб ҳам шуда метавонанд.
Бо ҳар қадами навбатии дар сиёсат мондаат шиори “Бо хун омадааму бо хун меравам!”-атро тасдиқ мекунӣ. Яъне, ба принсипи забткоронаи чингизиат комилан содиқӣ. Чуноне бародари дар диктаторӣ ҳамхунат Александр Лукашенка бо яроқ ба сари қудрат омаданатро ҳар замон қайд карда меистад. Воқеан, ин навбат ҳам болои мурдаҳои мардуми аз коронавирус фавтида (списатшуда) по монда, ба тахти орзуҳоят нишастӣ. Вале оё ин дафъа насибат мекарда бошад?
Бо камоли эҳтиром
Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат