Вазир ибни вазир
Ахиран тибқи фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи гумрук аз кор барканор шуд. Дар иллати ин барканорӣ ба кори дигар гузаштани ӯ зикр шуда буд. Вале то ҳол касе намедонад, ки Абдулфаттоҳи Ғоиб ба чӣ кор гузштааст.
Қаблан, ҳангоми ба даст афтодани як гурӯҳи калони кормандони Агентии мубориза бо коррупсия исми Абдулфаттоҳи Ғоиб ҳам сари забонҳо буд. Бисёриҳо мегуфтанд, ки чун шогирдони Абдулфаттоҳ Ғоиб боздошт шуданд, навбат ба худаш ҳам мерасад. Ҳатто овозае дар бораи тарки кишвар кардани ӯ ҳам пайдо шуданд.
Аммо сарусадоҳо атрофи ӯ пештар дар соли 2015 оғоз ёфта буд. Ҳангоме, ки бародараш Наҷмиддин Саидов раиси шӯъбаи “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара бо 600 ҳазор доллар пора ба даст афтод. Он замон ҳам гуфта шуда буд, ки Наҷмиддин Саидов ба хотири “миёнаравӣ” боздошт шудааст. Яъне барои додани мансабе дар Кумитаи гумрук ӯ аз шахсе чунин маблағи калонро дарёфт кардааст. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чанд моҳ бародари ӯ бо пардохти 200 000 сосонӣ ҷарима озод карда шуд (чанд рӯз қабл Аскар Нурализода, масъули Вазорати иқтисоди кишвар барои гирифтани 500 ҳазор доллар ба 11 соли зиндон мақкум гарди).
Аз тарафи дигар, писари Абдулфатоҳ Ғоиб дар ВКД ба мақоми баландтар расид. Шоҳрух Саидов яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ аст, ки пас аз ба мансабҳои баланд расидани Рустам ӯ ҳам дар канори дӯсташ зинаҳои баландро мепаймояд.
Бархе бар ин боваранд, ки карераи Абдулфаттоҳ Ғоиб ҳам ба сар омадааст ва бо ин ҳама бадномиҳо дигар Эмомалӣ Раҳмон намехоҳад ба ӯ мансаберо бовар кунад. Бинобарин ӯ ба нафақа фиристода мешавад.
Аммо баъзеи дигар мегӯянд эҳтимол дорад ӯ ба унвони мушовир ба дастгоҳи Президент гузарад.
Вале дар чанд соли охир Ҳукумат стратегияи наверо руи даст гирифтааст, ки ба ҷои рафиқони куҳансоли Эмомалӣ Раҳмон фарзандони онҳо ва рафиқони Рустами Эмомалӣ рӯи кор омада истодаанд. Ба назар мерасад ин кор ҳам заминасозӣ барои Рустами Эмомалӣ аст.
Барои мисол метавон ба инҳо ишора кард:
Ашраф Гулов, яке аз домодҳои раисиҷумҳур, писари Шералӣ Гул консули генералии Тоҷикистон дар Русия
Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари калонии шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сафир дар Фаронса
Амирҷон Убайдуллоев, муовини сардори раёсати молияи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон
Фаррух Шарипов, собиқ сафири Душанбе дар Туркия писари вазири собиқи умури дохила Ҳумдин Шарипов.
Вақте Абдулмаҷид Достиевро аз Маскав фарохонданду ба нафақа гусел карданд, дар иваз писараш Фарҳод Салим Сафири Душанбе дар Амрико таъин шуд.
Пас аз барканории Убайдуллоев ҳам аз мақоми Раиси шаҳри Душанбе писараш дар Фаронса сафир таъин шуд.
Саймиддин Дустов, коршиноси тоҷик дар як мусоҳибааш соли 2016 ба саволи хабарнигори “Озодӣ” дар бораи ин ки “оё гуфтан мумкин аст, ки бо гузашти 25 сол аз истиқлол акнун дар Тоҷикистон силсилаи нухбагон ё кланҳои қабилавӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст” чунин ҷавоб дода буд:
«Наметавонам ба ин гуфта розӣ бошам. Чаро? Зеро сухан танҳо дар бораи хидматгорони як гурӯҳи хурди ҳукмрон меравад. Онҳое қадр карда мешаванду каме имтиёз ба даст меоранд, ки замоне хидмат нишон додаанду амбитсияи сиёсӣ надоранд. Барои онҳое, ки амбитсияи сиёсӣ доранд, ҳама роҳҳо баста аст. Барои «контрнухбаҳо» низ. Ҳукумат ҳоло ба дарки муҳим будани онҳо барои устувории ҳокимияту суботи ҷомеа нарасидааст. Ин ки фарзандони сиёсатмадорону хоҷагидорони қавии пешинро ҷалб мекунанд, маънии онро надорад, ки беҳтаринҳоянд. Баръакс, тақрибан ҳеч кадом аз онҳо шахсияти барҷаста ё касбии соҳибэҳтиром ба назар намерасанд.»
Аммо саволи матраҳ ин аст, ки вақте падарон бо вуҷуди содир кардани ҷинояту дуздиҳои бузург, ҳарчанд гоҳе “танбеҳ” мешаванд, вале дар асл аз як вазифа ба вазифаи дигар мегузаранд ва ё бо бо тантана ба нафақа гусел карда мешаванд, фарзандонашон, ки тибқи меъёри вафодорӣ ва дӯстиву рафоқатҳо ба мансабҳо таъин мешаванд, чӣ гуна кор хоҳанд кард?