Мақомоти Русия мегуянд маъмурияти фазоии ин кишвар барои иктишофи қутби ҷануби моҳ, ки барои аввалин бор пас аз қариб ним қарн анҷом мешуд, шикаст хӯрдааст.
Ожонси фазоии Русия, Роскосмос, рӯзи якшанбе 20 август эълом кард ковишгари “Луна-25” ба далели нақси фаннӣ ба сатҳи Моҳ бархӯрд кардааст.
Русия пештар эълом карда буд, ки дар пайи пайдо шудани мушкил дар новбарии ковишгар, иртиботи худро бо Луна-25 аз даст додааст. Дар баёнияи ҷадиди Ожонси фазоии Русия омадааст: “ковишгар (ба ҳангоми кам кардани баландӣ) ба самти як мадори пешбининашуда ҳаракат кард ва ба далели бархӯрд бо сатҳи Моҳ аз байн рафт.”
Нозирон ин шикастро зарбае ба эътибори фазоии Русия медонанд. Дар воқеъ нокомии Маскав дар ин маъмурият нишондиҳандаи коҳиши қудрати фазоии Русия аз даврони авҷи худ дар миёнаи ҷанги сард аст. Дар соли 1976 буд, ки Русия барои охирин бор ковишгари Луна-24-ро ба мадори Моҳ фиристод.
Ковишгари ҷадид рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта тавассути як мушаки “Союз” аз пойгоҳи фазоии “Восточний” воқеъ дар 7 ҳазор километрии шарқи Маскав ба фазо партоб шуда буд.
Луна-25, ки вазне дар ҳудуди 800 килограмм дошт қарор буд дар қутби ҷануби Моҳ фуруд биёяд, минтақае, ки тасаввур мешавад захоири азиме аз яхро дар худ ҷой дода бошад. Донишмандони НАСА ва дигар ожонсҳои фазоӣ дар солҳои ахир осоре аз оби яхзадаро дар даҳонаҳои сояхези он шиносоӣ кардаанд.
Маъмурияти ҷадиди фазоии Русия рақибони ҷиддӣ ҳамчун Ҳинд дорад, ки моҳи гузашта ковишгаре бо номи “Чандраян-3”-ро ба сӯи Моҳ партоб карда буд. Ин дар ҳоле аст, ки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Чин низ пештар барномаҳои пешрафтҳоеро барои иктишоф дар қутби ҷануби Моҳ роҳандозӣ кардаанд.
Маъмурияти моҳи Русия барои Маскав аз аҳамияти зиёде бархурдор буд зеро Кремл борҳо иддао карда буд таҳримҳои Ғарб бар сари ҷанги Укроин, ки бисёре аз онҳо бахши ҳавофазоии Русияро ҳадаф қарор дода, дар фалаҷ кардани тавони фазоии Русия нотавон будааст.
Пас аз ин ки Русия соли гузашта ба фармони Владимир Путин ба Укроин ҳамла кард, Ожонси фазоии Аврупо эълом кард, ки бо Маскав дар партоби Луна-25 ва ҳамчунин маъмуриятҳои ояндаи Луна-26 ва Луна-27 ҳамкорӣ нахоҳад кард.
Бо вуҷуди ин Маскав эълом кард, ки ба барномаҳои ковишии худ дар моҳ идома хоҳад дод ва таҷҳизоти Ожонси фазоии Аврупоро бо абзорҳои сохти Русия ҷойгузин хоҳад кард.
Ожонси фазоии Аврупо пештар қасд дошт дурбини новбарии Pilot-D-ро бо насб рӯйи ковишгари “Луна-25” озмоиш кунад, аммо пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин куллияи робитаи худ бо ин пружаро қатъ кард.