Рубрики Хабарҳо

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи пешини Покистон боздошт шуд

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷаи собиқ ва муовини раиси ҳизби “Таҳрики инсоф”, дар пойтахти Покистон боздошт шуд. Дар пайи парокандасозии парлумон тавассути давлати Шаҳбоз Шариф, то баргузории интихоботи парлумонӣ як сарпараст барои давлат таъйин шудааст. 

Ҳизби покистонии “Таҳрики инсоф” (Ҷунбиш барои адолат) дар шабакаи иҷтимоии Х, ки пеш аз ин Твиттер номида мешуд, эълом кард, ки теъдоди зиёде аз афсарони полис пас аз як конфронси матбуотии шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар маҳалли иқоматаш дар пойтахти Покистон ба хонаи ӯ рехтанд ва вазири хориҷаи пешинро боздошт карданд. 

Як мақоми ин ҳизб гуфт: “ҳокимияти қонун ва озодии баён дар Покистон ба таври комил аз байн рафтааст.” Ин ҳизб ҳеҷ далеле барои дастгирии Қурайшӣ баён накард. 

Ин кишвари Осиёи ҷанубӣ бо беш аз 240 миллион нафар дар як буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дорад. Ҷанги қудрат аз моҳҳо пеш миёни давлати Шаҳбоз Шариф, нахуствазир ва раиси ҳизби Таҳрики инсоф ва Умрон Хон нахуствазири собиқ дар ҷараён аст. 

Ситораи собиқи крикет, Умрон Хон, дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ дар додгоҳи фасоди молӣ ба се соли зиндон маҳкум шуд. Нозирони сиёсӣ ба ин назаранд, ки ин маҳкумият далоили сиёсӣ доштааст. Ҳукми се соли зиндон ӯро аз ширкат дар интихобот маҳрум мекунад. Хон дар апрели 2022 бо раъйи адами эътимод аз самти нахуствазирӣ барканор шуд. 

Ҳоло дастгирии Қурайшӣ охирин гом дар саркӯби ташдидшуда тавассути мақомот алайҳи ҳизби ҳокими собиқ аст. Шумори зиёде аз аъзо ва ҳазорон тан аз ҳаводорони ҳизби Таҳрики инсофи Покистон (PTI) дар моҳҳои ахир боздошт шудаанд. 

Давлати эътилофии мутазалзили Шаҳбоз Шариф, ки ҷонишини давлати Умрон Хон шудааст, авоили моҳи ҷорӣ парлумонро пароканда кард. Сипас як давлати муваққат ба раёсати Анвар Ҳақ Какар, сиёсатмадори камтар шинохташуда, савганд ёд кард то кишварро то баргузории интихобот раҳбарӣ кунад. 

Ба гуфтаи маҳофили огоҳ дар Исломобод, интихоботи парлумонии барномарезишуда барои тирамоҳи соли ҷорӣ мумкин аст чанд моҳ, ва ё шояд то баҳори 2024, ба таъхир биафтад. Ҳизби Таҳрики инсоф пас аз он эълом кард, ки алайҳи ин таъхирсозӣ иқдоми қонунӣ хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *