Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар нишасте бахшида ба ёдбуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раиси аввали ҲНИТ, ки дар Варшава баргузор шуд, гуфт бо газашти солҳо назараш дар бораи ҳизби исломӣ, тағйир кардааст.
Ӯ гуфт қаблан назари ӯ дар ин бора хилофи назари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, аммо бо гузашти соҳо ба ин натиҷа расидааст, ки дар масъалаи вуҷуди ҳизбҳои сиёсӣ ва исломӣ дар ҷомеъаҳое мисли Тоҷикистон ҳақ ба ҷониби Нурӣ буда.
Ҳамчунин Кабирӣ таъкид кард, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо қолабшикание, ки дошт таҳаввулоти бузурге дар ҷомеъаи онвақтаи Тоҷикистон эҷод карда буд.
Матни пурраи суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар маросими ёдбуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ:
Яке аз вежагиҳое, ки устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ доштанд, ин вежагии қолабшиканӣ, яъне ғайристандарт рафтор кардан дар тамоми масоил буд. Агар Устод қолабшикан намебуданд, ғайристандартӣ рафтор намекарданд, имкон надошт, ки як ҳаракатеро дар Тоҷикистон таъсис бидиҳанд. Таъсиси як ҳаракати оппозитсионӣ, динӣ ва рӯшанфикрӣ ин маънои онро дорад, ки инсон қолабшикан аст. Вагарна ӯ метавонист дар қолаби рехтаи устодонаш ҳаракат кунад. Аммо бо он ҷасорат ва шуҷоате, ки устод доштанд ва бо он қолабшиканӣ, чун зарурат буд, омаданд ҳаракатеро поягузорӣ карданд ва дар муқобили ҷараёни мавҷуд қарор гирифтанд.
Бинобар ин, вақте аз шогирдони устод касе даст ба қолабшиканӣ зад ва як ҳарфи ҷадид гуфт ва ҳатто агар ин мавқеъ ва ин ҳарф бо мавқеъҳо ва дидгоҳҳои худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар солҳои гузашта мухолифат ҳам дошта бошад, ин дар чаҳорчуба ва ростои фарҳанг ва таълимоти мактаби худи устод рост меояд. Яъне ҳамеша барӯз будан, вобаста ба шароит сӯҳбат ва амал кардан, аз вежагиҳои устоди марҳум буд.
Ба номи маҳфил аҳаммият дода бошед, “арзишҳои миллӣ ва динӣ аз нигоҳи устод Нурӣ” аст ва як-ду ҷумла ҳам дар ин бора бигуям.
Ман муносибати устод Нуриро, ба арзишҳои миллӣ ва арзишҳои динӣ тавре, ки медидам ва ҳис мекардам, ки эшон ин дуро ду қаноти як паранда медонистанд, ки бидуни якеаш он паранда наметавонад парвоз кунад. Агар миллати тоҷикро мо ба паранда ташбеҳ кунем, ки бояд парвоз кунад, ду бол дорад, ки якеаш арзишҳои миллӣ ва дигараш арзишҳои динӣ аст, ва тавозун байни ин ду қанот, ду арзиш, барои парвози бо муваффақияту хуб хело муҳим аст. Бинобар ҳамин ҳамчун як роҳбари исломӣ ҳамчун як инсони саропо бо тамоми вуҷудаш дар Ислом ва фарҳанги исломӣ ғута хурда буд, инро талош мекард дар қолаб ё дар зоҳир дар шакли миллӣ баён ва ҳифз кунад. Шумо агар дар рафтораш, дар гуфтораш дар тамоми зиндагиаш нигоҳ кунед, як инсони исломӣ дар қолаби миллӣ ва чаҳорчӯби фарҳанги миллӣ, рафтор мекард, тарзи либоспушӣ, муносибат ва ҳатто агар андешаҳояшро ҳам варақ бизанед, талош кардааст он андешаҳо ба воқеияти миллат созгор бошад.
Аммо баъзе нуктаҳоеро мехоҳам бигуям, ки ба воқеияти имрӯзаи мо ҳам, ҳатто ба воқеияти Ҳизб ва воқеияти мубориза ҳам, рабт дорад.
Як замоне буд вақте, ки ман кори илмии худро мекардам, мавзуъи кори илмии ман, “Ҳизбу ҳаракатҳои Тоҷикистон дар шароити истиқлолият “ буд, аз он ҷумла бори аввал ман дар корҳои илмӣ дар Тоҷикистон, таҳқиқотро дар бораи Ҳизби Таҳрир ворид кардам. Агарчӣ хело душвор буд он замонҳо, ки дар бораи як ҳизби мамнуъи дар кишвар таҳқиқот сурат бигирад ва назари илмӣ дар он бора гуфта шавад. Чун хело агар ҷуръат мекарданд дар мавриди ҳизбу ҳаракатҳое, ки мавриди таҳқиқ қарор бигиранд, ҳизби Наҳзат, ҳизби Демократ ва дигарҳоро ворид мекарданд, аммо хело бо эҳтиёт. Аммо банда на танҳо ҳизбу ҳаракатҳи амалкунандаро мавриди таҳқиқ қарор додам, балки Ҳизби Таҳрирро, ки аз воқеиятҳои кишвар буд, таҳқиқ кардам. Дар ин таҳқиқот, дар яке аз тезисҳо ба ин натиҷа расидам, ки аҳзоби исломӣ ба мисли ҳизби Таҳрир ва ҳар ҳизбу ҳаракатҳои дигари исломӣ, агар қонунҳои амалкунанда дар кишварро эътироф кунанд ва дар чаҳорчуби қонун амал ва фаъолият кунанд (мисли дигар ҳизбҳо) ин ба нафъи кишвару миллат ва аз он ҷумла ба нафъи дин хоҳад буд. Чун фикр мекардам танаввуъи динӣ гуногунандешии динӣ бисёрҳизбии динӣ ҳам шояд ба нафъи Ислом ва миллат бошад. Дар суханроние ки доштам, устод ҳам ҳузур доштанд, дар инҷо устод нисбати ин масала назари мухолиф доштанд. Устод гуфтанд, ки ман тарафдори бисёрҳизбӣ дар ҷомеъа ҳастам, ба мисли Ҳизби исломӣ, дар муқобили дигар ҳизбҳои дунявӣ, аммо вуҷуди ҳизбҳои динии мутаъаддид дар як ҷомеа, ваҳдати миллиро халалдор мекунад. Албатта мо он вақт зери таъсири нигоҳҳои ҷадид, ба мисли бисёрҳизбӣ бошад, ҳатто рақобат байни андешаи динӣ ҳам бошад, қарор гирифта будем, ман бештар бар назари худам будам ва ҳоло як миқдор назари ман фарқ карда истодааст.
Ҳануз ҳам тарафдори гуногунандешии динии сиёсӣ ҳастам, аммо ҳоло дорам ба ин натиҷа мерасам, ки ин (фикр) метавонад дар ҷомеаҳое, ки гуногунандешӣ, демократия ва эҳтироми андешаи якдигар дар фарҳанги сиёсии мардум қавӣ, поядор ва ниҳодина шуда бошад, ишкол надорад.
Аммо дар ҷомеае, ки ҳанӯз фарҳанги сиёсӣ шакл нагирифтааст, ҳанӯз ҳам масъалаи ҳаққу ботил аст, сиёҳу сафед аст як ҳизби исломӣ кофист.
Тараф аз нигоҳи эътиқодӣ нафареро, ки аз мазҳаби худаш нест аз мактаби фикрии худаш нест, дар чаҳорчӯб ва мубодилаи ҳаққу ботил мебинад. Модоме, ки ман ҳақ ҳастам, чӣ ақидаи динӣ бошад чӣ ақидаи мазҳабӣ, пас вақте ман ҳақ ҳастам, барои ҳақ буданам далел аз ояту ҳадис дорам, пас дар ин формула тарафи дигар ботил аст, аммо оне ки эътиқод дорад тарафи дигар, оне ки дар муқобил истодааст ботил аст, агар фарҳанги қавии таҳаммулгароӣ дошта бошад, тарафи муқобилро таҳаммул карда тавонад, эҳтиром мекунад, ҳатто бо вуҷуди эътиқоди ботил будани тарафи дигар ӯро таҳаммул мекунад, бо ӯ саломуалайк мекунад ва ҳамзистӣ мекунад. Аммо вақте фарҳанги сиёсӣ қавӣ нест, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ҳануз дар ҷомеа устувор нашудааст, масалаи ҳаққу ботил хело хатарнок аст. Ҳатто тараф баъзан барои аз байн бурдани ботил, далел пайдо мекунад аз Қуръону ҳадис ва даст ба амал мезанад ва талош мекунад рақиби худро аз саҳна бо ҳар баҳона берун кунад.
Иттифоқан ин масъала, масъалаи ҳаққу ботил масъалаи табшир масъалаи аз байн бурдани рақиб, фақат моли диндорҳо нест, инро мо набояд зикр кунем, ки ин корро фақат диндорҳо мекунанд. Дақиқан мо, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ба маротиб таҳаммулгаротар будаем аз рақибони дунявии худамон.
Мо омода будем ҳастем, ки дар паҳлӯи мо ҳатто дар ҳокимият гурӯҳҳои дунявӣ бошанд ҳама гуна гурӯҳҳо бошанд ва мо бо онҳо ҳамзистӣ дошта бошем.
Аммо тарафи дигар моро таҳаммул накард, ва тамоми корро анҷом дод то моро аз саҳна ҳазф кунад. Ҳатто кор то ҳаде расид, ки ҳоло он ифротгароҳое, ки дар сари ҳокимият ҳастанд, ҷойи худаш, ҳатто баъзе ба ном рӯшанфикрон ва зиёиёни тоҷик ҳам дар рондан ва берун кардани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистоназ саҳна саҳм доштанд ва далел меоварданд, ки чаро Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, бояд ҳазф шавад.
Ҳоло баргардем ба воқеъиятҳои худамон, Ҳизби Наҳзат ё мубориза, алъон каму беш дарк мекунам, ки манзури раҳматии Устод аз ин ки танаввуъи мазҳабӣ ё инки ба вуҷуд овардани алтернативаи динӣ дар як ҷомеаи нопухта ва хом чӣ қадар хатар доштааст, инро алъон ман дар таҷрибаи худамон мебинам.
Мо вақте ки дар ин ҳиҷрат қарор гирифтем, дар ин чаҳор панҷ соли охир бо назардошти воқеиятҳо ва шароите ки дорем, ба ин натиҷа расидем, ки ниёзманди ба вуҷуд овардани чандин ниҳодҳои паралел, алтернативӣ ва ҳамсу аз тарафи муҳоҷирин дорем.
Бигзор Ҳизби Наҳзат, дигар муҳоҷирин якҷоя якчунин марказҳои фарҳангӣ, ҷамъиятҳо созмонҳои ҳуқуқӣ дар ҳар шакле ба вуҷуд биёянд, ва шарт нест ки ҳамаи инро мо аз номи Наҳзат анҷом диҳем.
Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо он дироят ва таҷрибае, ки дорад бо ибтикори амал омад барои таъсис додани чандин созмонҳову ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқӣ, иқдом кард, ҳатто дар якҷоягӣ бо дигар ҳизбу созмонҳо Паймон ташкил додем, то Ҳизби Наҳзат ҳамчун монополисти саҳнаи сиёсӣ ва фарҳангӣ набошад ва дарро боз кунем, ҳамкорӣ бошад ва дар ҳолатҳои гуногун амал кунем.
Дар бархе ҷойҳо вақте ин таҷриба ҳаст, фарҳанги таҳаммулгароӣ қавӣ ҳаст, таъсиси ин гуна ҷамъият созмону ташкилотҳо бе ягон мушкилӣ сурат мегирад ва ҳар кас медонад кораш чӣ аст.
Аммо дар ҷое ки фарҳанги сиёсӣ қавӣ нест, рақобатҳои шахсӣ болотар аз манфиатҳои милливу мубориза меистад, таъсис ё пайдоиши баъзе созмонҳову ташкилотҳо боиси ихтилоф ва рақобат мешавад, ҳатто мутаассифона метавонад боиси адоват ҳам шавад.
Дақиқан ҳамон нигароние, ки раҳматии устод Нурӣ доштанд, ки дар бархе ҷомеъаҳои нопухта, дар он ҷое, ки фарҳанги сиёсӣ қавӣ нест ва манфиатҳои шахсӣ болотар аз манфиатҳои ҷамъиятӣ меистанд, дар онҷо танаввуъ ва такассур боиси ихтилоф ва кашмакашҳо мешаванд. Мутаассифона дар бархе ҷойҳо, ҳатто дар ҳамин Лаҳистон низ нишонаҳояшро мебинем, ки мардум манфиати як гурӯҳ як созмон ҳатто манфиати шахсиро болотар мегузоранд.
Аз ҳама бадаш ин аст, ки ҳамаи ин корҳо боз дар қолаби тафаккур ва андешаи динӣ ва бо ривоятҳо ва далелҳои динӣ, сурат мегирад, ва шиъори асосӣ ҳам дифоъ аз Ислом, дифоъ аз Наҳзат, дифоъ аз арзишҳо, дифоъ аз Устод Нурӣ аст. Як гуна рақобат байни андешаҳои динӣ дар дохили як созмон ба вуҷуд меояд, ки устоди марҳум дар замони худаш аз ин ҳушдор дода буданд ва пешгирӣ мекарданд. Ҳоло дарк мекунем, ки барои чӣ Устод ин ҳарфҳоро мегуфтанд ва нигарониашон аз чӣ буд.
Нуктаи охирин ин ки вақте ман муруре мекунам ба фаъолиятҳои Устод дар замони худашон ва гоҳ гоҳе қиёс мекунам бо замони худамон, агарчӣ тарафдори муқоиса нестам ва усулан ба ин назарам, ки муқоиса кардани чизҳои муқоиса нашаванда, як кори беҳуда аст, намешавад ду ҳодисаро, ки дар замонҳои гуногун ҳастанд, бо ҳам муқоиса кард, намешавад ду шахсро ду падидаро ду ҳолатро, ки аз нигоҳи замонӣ ва маконӣ фарқ мекунанд, бо ҳам муқоиса ва натиҷагирӣ кард. Ба ҳар ҳол бад нест барои ибрат гоҳ гоҳе ин кор анҷом бигирад.
Агар мо фақат вазъияти он руза ва имрӯзаро бо ҳам муқоиса кунем, бо канор гузоштани номҳо ва чеҳраҳо, дақиқан ҳамон вазияте, ки дар он замон буд, масалан: Устод Нурӣ ва Ҳимматзодаро канор гузорем, имрӯз мо дорем афроде ба монанди шахсиятҳое, ки дар он замон буданд, ҳоло мо ба хубу бадаш кор надорем.
Яъне ҳамаи инҳоро дорем имруз дар муборизаи худамон, танҳо номҳо фарқ мекунанд, ҳамон далел ҳамон мантиқ, магар Мулло Абдурраҳим барои корҳояш далел надошт, мулло Абдурраҳим аз Қуръон он қадар далел меовард ва ҳоло ҳам меорад. Фикр мекунед касоне, ки ба мубориза зарба заданд, корҳое, ки карданд, далел надоштанд, онҳо ҳам далел доштанд. Ҳатто мегуфтанд далелҳои мо аз далелҳои Мулло Абдулло (устод ҳам намегуфтанд) қавитаранд, мегуфтанд мулло Абдуллоҳро мо мулло Абдуллоҳ кардем.
Ё шумо нашунидаед ин ҳарфҳоро!?
Ҳатман, ки медонед!
Манзурам аз ин ёдовариҳо ин аст, ки вақте мо дар бораи ин гуна шахсиятҳо фикр мекунем, баҳсу таҳлил мекунем, ёдамон наравад, ки чӣ Устод Нурӣ Чӣ Устод Ҳиматзода ва чӣ касоне, ки онҳоро дар он замон кумак карданд, чӣ касоне, ки ба онҳо мушкилӣ ба вуҷуд меоварданд, ҳамагӣ қабл аз ҳама инсон буданд, биноан ҳамчун инсон рафтор мекунанд, на ҳамчун малак. Инсон хубӣ дорад, бадӣ дорад, паҳлуҳои мусбату манфӣ дорад,ва дар замони мо ҳам ҳамин аст. Алон ки мо (ин маҳфилро мегузаронем) ман мебинам, ки бародарон ва масъулин каме нороҳатанд ва ё хиҷолатзадаанд, ки наход дар маҳфил ва чорабиние, ки ба хотири Устод Нурӣ мешавад, мардум таваҷҷуҳи зиёд надошта бошанд, ба хусус касоне, ки худро пайрави мактаби Устод медонанд ва хело ҳам суиистифода аз номи Устод ва Ҳизби Наҳзат мешавад. Ман дар ин ҳолатҳо хело ором рафтор мекунам, ин кор бароям хело табиӣ аст. Чун мо дар наҳзат маъракаҳои чанд ҳазор нафараро ҳам доштем, даҳ ҳазор нафар ҳам дар чорабиниҳои мо ширкат кардаанд, чорабиниҳое ҳам гузарондем, ки ду кас ширкат дошт, яъне ин рӯзҳо барои мо нав нестанд.
Устод Нурӣ низ ҳамингуна буд, замоне буд, ки дар авҷи маҳбубият қарор дошт, як вақти дигар муҳоҷир, вақтҳое ҳам пинҳонӣ аз Тоҷикистон фирор карда Афғонистон рафт, боз замоне дар авҷи қудрат баргашт, ҳолатҳои бемории эшонро дидем, ҳолатҳои заъфи эшонро дидем, ҳолатҳоеро ҳам дидем, ки ҳатто барқу оби хонаашро мақомот дар Душанбе қатъ карданд, хулоса мо ҳама ҳолатҳои пастиву баландиро дидем.
Имрӯз ҳам мо дар ҳамин марҳилаҳо ҳастем, марҳилаҳои пешрафт аст боз каме рукуд аст, марҳилаҳое аст, ки бархе ихтилофи назарҳо ба вуҷуд меояд, аммо мо бояд ҳамаи инро табиӣ ва ором қабул кунем ва инро табиати мубориза ва роҳ қабул бидонем.
Устод як ҷумлаи зебо дар ин маврид доштанд, ки ҳамеша онро мегуфтанд ва бо ҳамин суханамро хатм кунам. Мегуфтанд муборизаи мо ба мисли як қаторе аст, ки чандин вагон дорад ва ҳар касе аз ҳамон истгоҳи лозимии худаш савори ин қатор мешавад ва баъдан дар истгоҳе, ки мақсадаш аст поён мешавад ва ин қатори муориза бошад роҳи худро давом медиҳад ва дар ҳоли рафтану чархишу ҳаракат аст, ҳар кас аз ҷое ки барояш лозим аст савор мешавад ва дар ҳар куҷое, ки лозим медонад мефарояд.
Дақиқан чунин аст, ҳоло мебинем як бародар ҳаст, рафта истодааст ва мақсадаш дар ҳамин қатор то фалон нуқта расидан аст, он нуқта ҳарчӣ метавонад бошад, агар бародаре аз қатор фаромад, пас бидонем, ки истгоҳи он бародар то ҳаминҷо будааст. Биноан хело ором ва хело табии ва бе ягон нороҳатӣ ингуна ҳолатҳоро қабул кард ва роҳи худро давом дод.
Дар охир дуо кунем, ки Худованд рӯҳи устодонро аз мову шумо шод бигардонад ва моро дар ин роҳ устувор нигоҳ дорад.