Додгоҳи шаҳри Вони Туркия ду сарбози ин кишварро ба ҷурми таҷовуз ба як зани паноҳҷӯи афғон ба ҳабси дарозмуддат маҳкум кард.
Бо ҳукми додгоҳ онҳо 32 ва 37 соли умри боқимондаи худро паси панҷараҳои зиндон ба сар хоҳанд бурд.
Ин ду сарбоз дар соли гузашта дар ҷараёни ихроҷи паноҳҷуён, бар ин зан таҷовуз карда буданд.
Расонаҳои Туркия рӯзи душанбе, 21 август гузориш доданд, ки дар 2 январи соли гузашта ду сарбози турк ҳашт паноҳҷӯи афғонро дар ҳангоми убур аз марзи Эрон ба сӯи Туркия боздошт карданд.
Сарбозони турк пас аз боздошт ва ихроҷи паноҳҷуёни афғон, як зани паноҳҷуи афғонро бо худ бурданд ва ба ӯ таҷовуз карданд. Ин рӯйдодро зане, ки ба ӯ таҷовуз шуда буд, ба маркази нигаҳбонии марз иттилоъ дод ва ҳар ду сарбоз боздошт шуданд.
Муттаҳамон дар додгоҳ иддао карданд, ки робитаи ҷинсӣ бо ризояти ин паноҳҷӯ сурат гирифта, аммо қурбонӣ гуфт, ки ин иқдом ба зӯр сурат гирифтааст.
Додгоҳи Вон пас аз баррасии асноди лозим ҳукми ниҳоиро эълом ва барои ҳар як аз муттаҳамон ҳукми 32 солу 6 моҳ ва 37 солу як моҳ зиндон содир кард.
Гуфта мешавад додгоҳ ба далели пушаймон нашудани муттаҳамон аз кирдорашон, дар муддати ҳабси онҳо сабукие надодааст.
Туркия ба унвони масири вуруд ба Аврупо, ҳадафи бисёре аз паноҳҷуёни афғон аст. Ҳамакнун бар асоси омори расмӣ, беш аз 300 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Туркия зиндагӣ мекунанд.
Туркия дар моҳҳои ахир боздошт ва ихроҷи паноҳҷуёни афғонро афзоиш додааст. Неруҳои амнияти ин кишвар имсол ҳудуд чаҳор ҳазор паноҳҷӯи афғонро боздошт ва ихроҷ кардаанд.