Бахши хусусии Тоҷикистону Чин “дар доираи сафари расмии” раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Чинчанд санади ҳамкорӣ имзо карданд. Дар ҳамин ҳол, “бахши хусусӣ”-и ҷониби Тоҷикистон ба худи Рустами Эмомалӣ тааллуқ дорад.
Тибқи дафтари матбуотии Маҷлиси миллии кишвар, маблағи умумии созишномаҳои имзошуда зиёда аз 400 млн долларро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, байни ҶСК «Азот»-и Тоҷикистон ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Чин оид ба навсозӣ ва то 180 ҳазор тонна дар як сол расонидани истеҳсоли карбамид дар корхонаи «Азот» ба маблағи 50 млн доллар Созишномаи қолабӣ ба имзо расид.
ҶСК «Азот», ки ба соҳибкори укроинӣ Дмитрий Фирташ ва соҳибкори тоҷик Зайд Саид таъалуқ дошт, баъди боздошти Зайд Саид мусодира шуда буд. Ин ширкат солҳо бекор мехобид, чанд бор аз даст ба даст гузашт, аммо натавонист фаъолияташро аз сар гирад. Мақомот барои ин корхона қимати баланде муайян карда буданд, ки шумори харидоронашро кам мекард.
Аммо соли гузашта мақомот эълон карданд, ки корхонаро ба ихтиёри ширкати “Осиё Кемикал” доданд. Аз эълон бармеомад, ки ин корхонаи бузурги чандсадмиллиондолларӣ ройгон ба ин ширкат дода шудааст. Ширкате, ки номи моликонаш эълон намешавад, вале имтиёзҳои калонеро соҳиб шудааст. Дертар манобеъи “Паём” гуфтанд “Осиё Кемикал” ба холдинги “Авесто Гурӯҳ” мутааллиқ аст. Молики аслии “Авесто Гурӯҳ” Рустами Эмомалӣ мебошад ва он аз тарафи бародарон Мирзоевҳо идора мешавад. Саҳми бародарон дар холдинг 25% гуфта мешавад.
Дар доираи сафари Рустами Эмомалӣ, худи ҶДММ «Осиё Кемикал» ва ширкати «Рунҷонг Холдинг Групп»-и Чин дар бораи сохтмони корхонаи нав оид ба истеҳсоли карбамид дар Тоҷикистон ба маблағи 300 млн доллар бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол Созишномаи қолабӣ имзо карданд.
«Авесто Гуруҳ» низ бо ширкати «Джинчуен»-и Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомашина дар як сол бо маблағи 25 млн доллар созишнома ба имзо расонидааст.
Гуфта мешавад, байни ҶДММ «Мармарӣ»-и Тоҷикистон ва ширкати «Таҷонг Интерпрайс Менеҷмент Консалтинг Co. Ltd.»-и Чин ба маблағи 26 млн доллар дар бораи таъсис додани корхонаи муштарак оид ба сохтмон ва истифодабарии маркази логистикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Молики ин ҶДММ ҳам маълум нест, аммо зоҳиран он ҳам ба худи Рустам таъаллуқ дорад.
Дирӯз “Паём” аз “дастоварди бузург”-и Рустами Эмомалӣ дар ин сафараш, яъне ҷалби садақаи Чин хабар дода, аз имзо нашудани ҳеҷ созишномаи натиҷадори иқтисодӣ интиқод карда буд.
Дертар маълум шуд созишномаҳо имзо шудаанд, аммо танҳо бо ширкатҳое, ки ба худи шаҳрдори Душанбе таъаллуқ доранд.
Хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон, ки тамоми бахшҳои иқтисод дар кишварро монополия кардааст, аз сафарҳои давлативу расмӣ низ ба нафъи кисаи худ истифода мекунад.