Алексей Резников, вазири дифоъи Укроин эълом кард, ки ин кишвар муваффақ шудааст тавлиди таслиҳоти дохилиро ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш диҳад ва “бозигарони қудратманд”-и наве низ ба зудӣ вориди бозори таслиҳоти ин кишвар мешаванд.
Бино бар гузориши “Укринформ” хабаргузории расмии Укроин, вай рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ эълом кард: “хабарҳои хубе дар бораи вуруди бозигарони қудратманд ба бозори таслиҳоти Укроин то поёни моҳи ҷорӣ ё ибтидои сентябр мунташир хоҳад шуд.”
Ӯ бо баёни ин ки ба эҳтимоли зиёд дар авохири сентябр барномае бо ҳузури ҳудуди 50 ширкати таслиҳотӣ баргузор мешавад, гуфт: “илова бар ин дар ҳоли омода шудан барои баргузории маҷмаъи саноеъи дифоъӣ ба ҳамроҳи Вазорати умури хориҷа ҳастем.”
Сохти корхонаи паҳподи Байрақдор
Вазир дифоъ Украина ҳамчунин эълом кард, ки пешрафтҳои хубе дар масири роҳандозии корхонаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин “Байрақдор”-и сохти Туркия ҳосил шуда ва тамоми асноди лозим дар ин бора имзо шудааст ва мавзӯъи аслии баъдӣ, маҳалли корхона аст.
Ба гуфтаи Алексей Резников, Укроин пеш аз таҳоҷуми Русия макони муносиберо барои таъсиси корхона пешниҳод дода буд ва созандаи туркиёӣ низ моил аст дар он ҷо корхонаи худро бисозад; Ҳатто агар дар манотиқи нисбатан амни ғарбии Укроин воқеъ нашуда бошад.
Киев ва Анқара қарордоди ифтитоҳи як корхонаи Байрақдор дар Укроинро дар феврали соли гузашта қабл аз таҳоҷуми густурдаи Русия имзо карданд. Парлумони Укроин низ ин тавофуқро дар 13 сентябри 2022 тасвиб кард.
Ҳамкорӣ бо Олмон
Ба гуфтаи Резников, ширкатҳои укроинӣ ҳамчунин дар ҳоли имзои тавофуқномаҳое бо шарикои олмонӣ барои тарзи нигаҳдорӣ аз тонкҳои Леопоард ҳастанд. Ширкати олмонии тавлидкунандаи таслиҳот “Рейн металл” дар моҳи июл барномаҳои худро барои сохти корхонае дар ғарби Укроин барои тавлид ва таъмири худравҳои зиреҳӣ монанди мошинщоҳои зиреҳпӯши “Фокс” эълом кард.
Бо ин ҳол бархе ҳамкориҳои Укроин бо тавлидкунандагони таслиҳоти хориҷӣ дучори мушкилоте шудааст; Ба тавре, ки ширкати лаҳистонии “Алфа” қарордодеро бо вазорати дифоъи Укроин барои ироаи навъҳои силоҳ ва муҳиммот имзо кард, аммо тарафи муомила ба қарордоди худ амал накард ва акнун беш аз 95 миллион доллар ба Укроин қарздор аст.
Резников изҳор дошт, ки бисёре аз ширкатҳои дигар аз ҷумла бархе аз таъсиргузортарин ширкатҳо низ натавонистаанд ба қарордодҳои худ амал кунанд.
Ӯ афзуд бо ин ҳол ширкати “Алфа” бояд ё таҳвили худро такмил кунад ё Киев дархости бозпардохт мекунад.
Вазири дифоъи Укроин ҳамчунин гуфт, ки саноъати дифоъии Укроин акнун қодир аст гулӯлаҳои 155 милиметрии тӯпхонаро тавлид кунад.
Вай афзуд муҳиммоти тонки 125 миллиметрӣ дар ҳоли ҳозир дар ҳоли озмоиш аст ва тавлиди гулӯлаҳои 122 миллиметрии тӯпхона низ бо мушкилоте мувоҷеҳ аст.