Рубрики Хабарҳо

Ҷудокорони навраси тоҷик ба Загреб мераванд

Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо байни наврасон-2023, ки аз 23 то 27-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад, 7 ҷудокор муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон .

Манбаъ гуфт, инҳо Мадина Қурбонзода дар вазни -48 кг, Лоиқ Қудбудинов ва Икром Шамсов дар вазни -55 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни -60 кг, Ворис Назаров ва Муҳаммадин Лоиқов дар вазни -66 кг ва Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни -73 мебошанд.

Гуфта мешавад, ки онҳоро Коллегияи мураббиёни тими мунтахаби кишвар интихоб кардааст.

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо байни наврасон — 2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии чаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *