Рубрики Хабарҳо

Русия марги Евгений Пригожинро таъйид кард

Мақомоти русӣ расман таъйид кардаанд, ки Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи шибҳинизомии Вагнер дар миёни мусофирони ҳавопаймое будааст, ки дар ҷараёни суқути он дар рӯзи чаҳоршанбе (23 август) ҷони худро аз даст доданд. 

Онҳо гуфтаанд, ки ка озмоишҳои генетикии анҷомшуда, нишон дода, ки ҳувияти ҳар даҳ нафаре, ки дар ин ҷети шахсӣ буданд бо номҳои мавҷуд дар феҳристи мусофирон мутобиқат дорад. 

Вазъияти дақиқи суқути ин ҳавопаймо, ки байни Маскав ва Санкт-петербург сурат гирифт, ҳанӯз мушаххас нест. 

Кремл гумоназаниҳо дар бораи саббаҳои ин суқутро рад кардааст. 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пеш аз ин ба хонаводаи Пригожин тасаллият гуфта ва ӯро фарди бо истеъдод тавсиф карда буд, ки муртакиби иштибоҳоти ҷиддӣ шудааст. 

Евгений Пригожин аз замони раҳбарии шӯриши кӯтоҳмуддати худ дар Русия дар моҳи июн, ки танҳо 24 соат ба тӯл анҷомид, ҳузур ва фаъолияти чандоне дар анзори умумӣ надошт. 

Дар ҷараёни он шӯриш, ҳудуди панҷ ҳазор сарбози Вагнер контроли шаҳри Ростови лаби Дон ҷануби Русияро ба даст гирифтанд ва бо ҳадафи барканории раҳбари низомии Русия ба тарафи Маскав ҳаракат карданд. 

Путин дар он замон ин иқдомро “хиёнат” хонд ва гуфт, ки омилонаш муҷозот хоҳанд шуд. 

Охирин бор чанд рӯз қабл аз суқути ин ҳавопаймо, паёми видеоӣ аз тарафи Пригожин мунташир шуд, ки дар он гуфта буд, ки дар Африқо аст. 

Раҳбари гурӯҳи Вагнер дар ин паёми видеоӣ гуфта буд, ки ин гурӯҳ Африқоро “озодтар” мекунад. 

Гурӯҳи Вагнер дар соли 2014 эҷод шуд ва то замони шӯриш дар ду моҳи пеш дар ҷанги Укроин ва дар канори нерӯҳои Русия бисёр фаъол буд. 

Ин гурӯҳ дар ҳашт соли гузашта ҳамчунин дар Сурия ва кишварҳои африқоӣ ҳам фаъол будааст ва борҳо ба ҷиноёти ҷангӣ ва нақзи ҳуқуқи башар муттаҳам шудааст. 

Бритониё таҳримҳоеро алайҳи ду фармондеҳи амалиётии Вагнер дар ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҷорӣ ва онҳоро ба шиканҷа ва куштори ғайринизомиён муттаҳам кард. 

Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳам нерӯҳои Вагнерро муттаҳам кардааст, ки даромадҳои ҳанагуфте бо анҷоми муомилоти ғайриқонунии тилло дар ин қора ба даст овардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *