Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ ҳодисаи зиндони Ваҳдатро қатли ом хонд

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллӣ фоҷеъаи зиндон Ваҳдат дар 19 май ва зиндони Хуҷанд дар ҳафт моҳи қаблро қатли оми зиндониён донист ва ҳукуматро масъули он номид.

Ӯ гуфт “Вакте, ки мо дар бораи омилхо ва сабабҳои ин катли ом сӯҳбат мекунем бояд чанд нуктаро ба назар гирем. Пеш аз ҳама ман бо дарки масъулият ин ҳодисаро қатли оми тоҷикон ё худ шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндони Ваҳдат ба истилоҳ “Кирпичний” медонам. Новобаста аз он ки иҷрокунандаи аслии ин қатли ом ҳукумати Тоҷикистон буд ё мақомдорони зиндон ё аз руи версияе, ки макомдорони Тоҷикистон эълон карданд, ДОИШ буд. Новобаста аз он ки силоҳ дар дасти кӣ буд, бидуни шак ва бе ягон дудилагӣ, масъули асосии ин казияро ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон медонам”.

Раҳбари Паймони Миллӣ ба гузинаи ироакардаи ҳукумат шубҳа кард ва гуфт:

«Ҳоло намехоҳам гузинае, ки мо ба он бовар дорем эълон кунам, зеро бисёр мехостам, ки мақомот таҳқиқоти хқудро анҷом бидиҳанд. Ҳамон тавре, ки мо қаблан ҳам эълон ва талаб кардем, ки бояд як коммиссияи мустақил аз ҳисоби созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва маҳаллӣ, салиби сурх ва аз ҳисоби пайвандони зиндониён ташкил карда шавад. Ва нафакат казияи зиндони ваҳдат, балки зиндони Хуҷанд ҳам таҳқиқ шавад. Ҷомеа ҳақ дорад талаб кунад, ки ҳукумат гузориш ва шарҳ диҳад, ки дар зиндони Хучанд ва Вахдат чӣ гузашт.

Ин маҳбусон ҷавонҳое буданд, ки сини аксарияташон аз 20 то сисола буд. Онҳо ягон мева ва ё сабзавот набуданд, ки тавон дар як рӯз онҳоро аз байн бурд. Ҳар кадоми онҳо даҳҳо ва садҳо хешу табор доранд, ки имрӯз дар таъзия нишастаанд ва мотам доранд. Онҳо ҳама шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Ҳукумат вазифадор аст, ки ба саволи онҳо ва ҷомеа чавоб диҳад”.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт барои он худи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гунаҳкори аслии ин ҳодиса  медонад, ки “новобаста аз он, ки бо дасти киҳо ин катли ом иҷро шуд, чун фазое, ки имруз дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ин фазо бевосита аз ҷониби худи Эмомалӣ раҳмон тарҳрезӣ ва шакл гирифтааст. Зиндон ҳам як ҷузъ ҷомеаи Тоҷикистон аст.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *