Рубрики Хабарҳо

Намоди шуҷоъати азхудгузаштагӣ —Бобои Дона даргузашт (навори насиҳати ӯ)

Дониёр Набиев маъруф ба “Бобои Дона”, узви собиқи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар 87 солагиаш барои кӯмак ба маҳбусони сиёсӣ зиндон шуда буд, дар 90 солагӣ даргузашт. Ин пирамарди шуҷоъ бо вуҷуди ҳабс ва фишори зиёди мақомот аз роҳаш нагашт ва то охирин лаҳзаҳои умраш дар ғами маҳбусон буд.

Бобои Дона, ки қаҳрамонӣ ва сипас боздошташ бори дигар чеҳраи воқеъии режими Тоҷикистонро муаррифӣ кард, дирӯз соати 16 дунёи фониро тарк карда, ба назди парвардигораш рафт. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва раиси ҲНИТ даргузашти Бобои Донаро ба хонавода ва аъзои ҳизбаш таслият гуфт ва онро шаҳодат номид. 

“Муборизае, ки ӯ кард ва дар ин синну сол камтар аз шаҳодат нест. То охир устувор истод. Пеш аз ҳама таслияти мо ба бародарони зиндонӣ аст, ки Бобои Дона ба хотири онҳо зиндон шуд ва корҳоеро дар ин син анҷом медод, ки каси дигар ҷуръаташро надошт. Худованд ҷояшро ҷаннат кунад” — гуфт раиси ҲНИТ

Раёсати Олии ҲНИТ низ бо пахши баёнияи навишт “хабари даргузашти яке аз муборизони роҳи озодӣ ва адолат инсони шарифу содиқ ва узви собиқадори ҲНИТ Донаёр Набиев маъруф ба бобои Дона дили ҳамаро реш кард”.

Дар баёния гуфта мешавад ин узви кӯҳансоли ҲНИТ “пас аз манъи фаъолияти ҲНИТ дигар фаъолияти ҳизбӣ надошт, аммо дӯстони зиндониашро фаромӯш накарда буд. Бинобарин дар соли 2020 ба хотири кумак ба хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ аз тарафи КДАМ боздошт ва ба 5 соли зиндон маҳкум шуд… Бидуни шак ӯ мисдоқи ин оят буд, ки “Аз ҷумлаи муъминон мардоне ҳастанд, ки ба аҳди бастаашон бо Худо содиқона вафо карданд…” (сураи Аҳзоб ояти 23)”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *