Рубрики Хабарҳо

Нақшаи даъват ба артиш 85% иҷро шудааст

Нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Душанбе ва вилояти худмухтори Бадахшон 100 дарсад иҷро шуда, дар тамоми ҷумҳурӣ 85 фоиз амалӣ шудааст.

Дар ин бора сухангӯи Вазорати мудофиа Ориф Низомиён ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.

Низомиён гуфтааст, «Аз  20 то 30 дарсади нафароне, ки ба сафи артиш ҷалб карда шуданд, фарзандони кормандони давлат ҳастанд».

Имсол истиқболи ҷавонон аз даъват ба артиш дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар будааст.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегуянд, ки дар шаҳри Душанбе ва вилояти худмухтори Бадахшон ҷазлби ҷавонон ба сафи артиш 100 дарсад, вилояти Хатлон 90 дарсад, Суғд 70 дарсад ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон 95 дарсад иҷроӣ шудааст.

Пеш аз ин раиси ҷумҳури Тоҷикистон дастур дода буд, ки фарзандони вазирон, намояндагони маҷлис ва кормандони баландпояи давлат ба хидмати артиш ҷалб шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, таъкид карда буд, ки «Фарзандони аъзои ҳукумат, намояндагони парлумон, раисони шаҳр ва фармондорон ҳам бояд ба артиш ҷалб шаванд, зеро тамомии шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари қонуни асосӣ баробар ҳастанд ва мақомоти давлатӣ бояд барои дигар қишрҳои ҷомеа намунаи пойбандӣ ба қавонин бошанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки писари раисҷумҳур, шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ як рӯз ҳам дар сафи артиши миллӣ набуд, аммо дорандаи рутбаи генерал мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *