Рубрики Хабарҳо

Карантини сахти хонаводаи Кароматуллоев дар Истаравшан

Санаи 28 апрел расонаҳо хабар дода буданд, ки яке аз роҳбарони ширкати «Оби зулол”, бузургтарин корхонаи тавлиди нӯшокиҳои Тоҷикистон вафот кардааст. Аммо манбаъи Паём мегӯяд саббаи марги ӯ дақиқан коруно буд ва ҳоло кулли хонавода дар карантин қарор доранд.

Сабаби марги Эҳсонуллохон Кароматуллоев, муовини аввали мудири  ширкати «Оби зулол”-ро аз дарди қалб унвон карда буданд. 

Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар бораи аз гирифторӣ ба коронавирус фавтидани Кароматуллоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба назар мерасид. 

Саъдӣ Умаров, як муовини дигари мудири «Оби зулол” ҳам ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки Кароматуллоев аз дарди қалб фавтидааст, на аз илтиҳоби шуш. Як манбаи наздик ба осоишгоҳи «Авис Сити” дар Истаравшан, ки Эҳсонуллохон Кароматуллоев онҷо муолиҷа мегирифт, гуфта буд, ки баъди маргаш осоишгоҳро баста, карантин эълон кардаанд.

Дирӯз 29 апрел, як манбаъ аз шаҳри Истаравшан ба радиои Паём тавассути паёмрасони вотсап хабар дода гуфт, аз пайвандони Эҳсонуллохон Кароматуллоев аст ва афзуд, ки Кароматуллоев ягон намуд бемории қалбӣ надошт. Ӯ бо сабаби нафастангӣ ва зуком бистарӣ шуда буд. 

“Дар аввал ин қадар парво надоштем, фикр кардем зуком аст, баъд шикоятҳояш аз нафастангӣ ва дарди буғумҳо сар шуд, сурфа дошт. Тақдир ҳамин будаст раҳматӣ шуд. Аммо ҳоло ҳама нафароне, ки бо Эҳсонуллохон пайвандӣ доштем, моро карантин кардаанд. Зери назорати ҷиддии мақомот қарор дорем. Магар нафаре, ки аз бемории қалб мефавтад, пайвандонашро карантин мекунанд? Шароит дар Истаравшан хеле вазнин аст. Ҳама ҷо тарсу воҳима”. — изҳор дошт манбаъи хабар.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *