Рубрики Хабарҳо

Кашфи боз 4 ҷасади қурбониёни сел. Шумори кушташудагон ба 21 нафар расид

Дар ҷараёни рафъи авоқиби сел дар манотиқи осебдидаи Тоҷикистон, ҷасади чаҳор куштаи дигар пайдо шуд. Дар натиҷа, теъдод онҳо ба 21 нафар афзоиш ёфт. Дирӯз аз 17 кушта гузориш шуда буд. 

Умеда Юсуфӣ, раҳбари дафтар матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон гуфтааст тайи дирӯз ҷасади ду нафар дар Ваҳдат ва ду тани дигар дар Варзоб пайдо шуд, ки дар миён онҳо як кӯдаки 40 рӯза ҳам дида шуд. 

Ба гуфтаи вай, дар умум 17 нафар дар ноҳияи Ваҳдат ва ду нафарӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб бар асари сели ду рӯзи қабл ҷони худро аз даст доданд.

Юсуфӣ гуфтааст ҷасадҳо барои муайян кардани шахсияти онҳо ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуданд.

Дирӯз гузориш шуд, ки барои расонидани кӯмак ба зарардидагон ва муайян кардани хисороти ношӣ аз сел комиссиюни вижае дар Тоҷикистон таъсис шудааст. Таъсиси комиссиюн аз иқдомотест, ки мақомоти Тоҷикистон бо суръат анҷом медиҳанд, аммо кӯмакҳое, ки баъди ҳисоб шудани хисорот бояд бирасанд, ба нудрат ба дасти зарардидагон мерасанд. 

Тибқи иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба хонаҳои сокинони маҳаллӣ, ки зарар дидаанд, сафар мекунанд. Ин комиссиюн, ҳамчунин, раванди рафъи харобиҳо ва расонидани кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро роҳанжозӣ хоҳад кард.

Гурӯҳро Матлубахон Сатториён, муовини нахуствазири Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол бо гузашти се рӯз аз вуқӯъи обхезӣ сокинони мегӯянд то ҳол ба ғайр оби ошомиданӣ, дигар ҳеҷ кумаке нагирифтаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *