Филми Муҳиддини Музаффар — “Дов” дар кинофестивале дар Русия беҳтарин филм шинохта шуд. Ин ҷоизаи аввали ин филм нест, дар ҳоле, ки коргардони он аз набудани тамошобин замони намоишаш дар Тоҷикистон шикоят карда буд.
Ҳакамон дар киноофестивали “Шарқу Ғарб” дар Оренбурги Русия филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ва “Суғдсинамо”-ро сазовори ҷоизаи асосии ҷашнвора – “Беҳтарин филм” донистаанд. Дар ин бора “Суғд-синамо” .
Ҳамчунин ҷоизаи иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ дар ин филм Салоҳидин Шукурзода ва Абдулмуъмин Шарифӣ ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарманд”-и ин ҷашнвораи байнамиллалиро соҳиб шуданд.
Гузашта аз ин, филми «Дов» дар чорумин фестивали байнамиллалии «Лендок» дар шаҳри Санк-Петербург соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин филмнома» гардидааст.
Бори чандум аст, ки филми тоҷикии “Дов” ба гирифтани ҷоизаи асосии ҷашнвораҳо даст меёбад.
Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2022 филми мазкур дар ҷашнвораи синамои миллии “Тоҷи Сомон” соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” гардида буд. Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” низ ба Салоҳиддин Шукуров, иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосӣ дар ин филм тақдим карда шуд.
Баъд аз ин, дар шаҳрҳои гуногуни Кореяи Ҷанубӣ, Русия, ИМА, Ҳиндустон ва Эрон ба намоиш гузошта шуд.
Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябр, дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд.
Дар филм ҳунарпешаҳои театру кинои тоҷик, мисли Салоҳиддин Шукуров, Абдулмумин Шарифӣ, Исфандиёр Ғуломов, Баҳодур Миралибеков, Мавлона Наҷмиддинова, Фирӯза Раҳмонова ва дигарон нақш офаридаанд.