Рубрики Хабарҳо

Лавров: замоне, ки шартҳои мо иҷро шавад, ба тавофуқномаи ғалла боз хоҳем гашт

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт вақте шартҳои Маскав дар тавофуқномаи баста бо Созмони милал бароварда шавад, ба тавофуқномаи ғалла боз хоҳанд гашт. 

Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия асри дирӯз панҷшанбе пас аз дидор бо Ҳокон Фидон вазири умури хориҷаи Туркия дар Маскав дар нишасти хабарии муштарак бо баёни ин ки кишварҳои ғарбӣ дар чорчуби тарҳи ғаллаи Баҳри Сиёҳ ба ваъдаҳои худ амал накарданд, изҳор дошт: замоне, ки шартҳои мо дар тавофуқномаи баста бо Созмони Милал бароварда шавад, ба тавофуқи ғалла боз хоҳем гашт. 

Вай афзуд: “дар дидори дирӯз, пешниҳоди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои ирсоли як миллион тонн ғалла ба Туркия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Пас аз фаровардани ғалла дар Туркия, ирсоли он ба кишварҳое, ки бештарин ниёз ба онро доранд, дар дастури кор қарор дорад”. 

Лавров бо таъкид бар ин ки кишварҳои ғарбӣ бояд барои эҳёи аҳдномаи ғаллаи Баҳри Сиёҳ, ки дар 18 июл мутаваққиф шуд гом бардоранд, гуфт: “бо вуҷуди ин ки аз талошҳои Созмони Милал қадрдонӣ мекунем, аммо ваъдаҳое вуҷуд дорад, ки тавассути Созмони Милал муҳаққақ нашудааст”. 

Вай бо баёни ин ки онҳо аз рӯйкарди сиёсати хориҷии Туркия қадрдонӣ мекунанд, гуфт: алорағми талошҳои машкуки кишварҳои ғарбӣ, мо аз сиёсати хориҷии Туркия қадрдонӣ мекунем ва дар ин замина, ба унвони шарикони баробар ва бо суди мутақобил ба кори созанда идома медиҳем. 

Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин тасреҳ кард: “мехоҳем барои афзоиши мубодилоти тиҷории байни ду кишвар ба вижа дар ҳавзаи энержӣ, гардишгарӣ ва кишоварзӣ гом бардорем. Бо вуҷуди монеъи кишварҳои ғарбӣ ба пешрафти худ дар ин масир идома хоҳем дод”. 

Лавров гуфт: “Русия омодаи афзоиши ирсоли гази табии худ ба Туркия аст. Проектҳои роҳбурдии мо ба вижа дар бахши энержӣ, ки ба таври суннатӣ локомотиви равобити мо буда, дар ҳоли тавсеа аст”. 

Лавров бо ишора ба ин ки мавзӯъи Укроин низ дар дидор бо Фидон маврид баҳс қарор гирифт, таъкид кард, ки “формулаи сулҳи ироа шуда тавассути Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин барои Русия ғайри қобили қабул аст”. 

Ӯ ҳамчунин изофа кард: “дар ин дидор дар бораи иқдомоте, ки бояд дар ростои оддисозии равобити Туркия ва Сурия бардошта шавад гуфтугӯ кардем. Ҳамчунин дар мавриди иқдомоте ба вижа кушоиши роҳҳои мувосилотӣ дар Қафқоз гуфтугӯ кардем”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *