Маркази муқовамати миллии Укроин эълом карда, ки як ҳайати эронӣ дар ҳоли баррасии имкони монтажи паҳподҳои мавриди ниёзи Русия дар хоки Беларус аст то аз ин тариқ, мушкилоти ҳамлу нақли ин паҳподҳо ба Русияро давр бизанад.
Jerusalem Post рӯзи чаҳоршанбе, 10 моҳи май бо интишори гузорише аз интиқоли таҷҳизоти сохти паҳподҳои интиҳории Эрон ба Беларус хабар додааст. Ин гузориш ҳадаф аз интиқоли коргоҳҳои сохти паҳподҳои эронӣ ба Беларусро ҷилавгирӣ аз мушкилоти ҳамлу нақл эълом кардааст.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, гурӯҳе аз коршиносони низомии вобаста ба ҳукумати Эрон қасд доранд зери назари дастгоҳҳои иттилотӣ-низомии Русия, таҷҳизоти сохти паҳподҳои интиҳории “Шоҳид” сохти ҳукумати Эронро ба Беларус мунтақил кунанд.
Бар асоси ин гузориш, ки бар асоси иттилооти мунташиршуда аз сӯи маркази муқовамати миллии Укроин танзим шуда, сафари ҳайати эронӣ бо ҳамоҳангии дастгоҳҳои иттилоотии Русия сурат гирифта ва дар ҷараёни он, корхонае дар шаҳри Гомел воқеъ дар ҷануби шарқии Беларус дар наздикии марз бо Русия, ба унвони яке аз гузинаҳои сохт ва монтажи паҳподҳои интиҳорӣ дар назар гирифта шудааст.
Маркази муқовамати миллии Укроин эълом карда, ки ҳадафи ҳукумати Эрон аз интиқоли корхонаи сохти паҳпод ба хоки Беларус, ҳалли мушкилоти лоҷистикӣ аз ҷумла масоили марбут ба душвории ҳамлу нақл аст.
Дар ҳамин ҳол, Юрий Игнат сухангӯи фармондеҳи Нерӯи ҳавоии Укроин, далели ин тасмими Эронро фирор аз таҳримҳои Ғарб ба далели таъмини паҳподҳои Русия дар ҷанг бо Укроин эълом карда ва изофа карда, ки мумкин аст асосан баҳс бар сари тавлид ба маънии воқеӣ набошад балки ин паҳподҳо дар Беларус танҳо ба шакли маҳсулоте омода, монтаж шаванд.
Бар асоси гузоришҳо ва асноди мунташиршуда аз сӯи коршиносон ва мақомоти укроинӣ, Русия дар таҳоҷуми худ ба хоки Укроин ва барои ҳадаф қарор додани марокизи ғайринизомии Укроин , аз паҳподҳои бо номҳои “Шоҳид-136” ва “Шоҳид-131” ва ҳамчунин паҳподҳои “Муҳоҷир-6” истифода кардааст.
Ҳукумати Эрон то муддатҳо ирсоли паҳпод ба Русия барои истифода дар ҷанги Укроинро инкор мекард, аммо дар ниҳоят дар обон моҳ 1401 дар пайи интишори шавоҳиди густурда, Ҳусайн Амир абдоллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ, таҳвили паҳподҳои эронӣ ба Русияро пазируфт ва иддао кард, ки таҳвили ин паҳподҳо “ба сурати маҳдуд ва қабл аз оғози ҷанг” будааст.
Укроин хостори таҳрими қатаот бо корбурди дугона шуд
Юрий Игнат сухангӯи фармондеҳи нерӯи ҳавоии Укроин мегӯяд Русия ҳамчунон метавонад аз паҳподҳои худ аз қабили “Лансет” истифода кунад ва ин паҳподҳо мушкиле дар мотор ва дигар масоили фаннӣ надоранд агарчи чандон қудратманд нестанд.
Ӯ мушкилро таҷҳизоти фаннӣ донист, ки дар паҳподҳои интиҳории “Шоҳид” ба кор гирифта шудаанд, таҷҳизоте аз қабили GPS ва сомонаҳои контролӣ, ки Русия ба танҳоӣ қодир ба тавлиди онҳо нест.
Ба гуфтаи ин мақоми низомии Укроин ин таҷҳизот ҳам корбурди низомӣ ва ҳам ғайри низомӣ доранд ва аз ин рӯ бояд дар феҳристи таҷҳизоти таҳримӣ қарор бигиранд то аз истифода аз онҳо дар паҳподҳо ҷилавгирӣ шавад.
Вазорати молияи Амрико пеш аз ин дар миёнаи моҳи апрели имсол, дар рӯзи ҳамлаи Русия бо истифода аз паҳподҳои Шоҳид-136 ба бандари Одесса дар ҷануби Укроин, аз таҳрими як шабакаи байналмилалии таҳия ва ирсоли таҷҳизоти сохти паҳпод ва таслиҳот ба Эрон хабар дода буд.
Иттиҳоди стратегии Русия, Беларус ва ҳукумати Эрон
Беларус, ки дар ҳамлаи низомии Русия ба Укроин муттаҳиди аслии ин кишвар ба шумор меравад, равобити бисёр наздик бо ҳукумати Эрон дорад. Моҳи гузашта Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, дар дувумин сафари расмии худ ба Эрон пас аз 17 сол, бо Иброҳим Раисӣ мулоқот кард ва пас аз нишасти матбуотии муштарак ва имзое чанд тафоҳумнома, бо ҳайати ҳамроҳи худ ба дидори Хоманаӣ рафт.
Беларус ҳамчунин дар ҷанги Русия алайҳи Укроин борҳо ба артиши Русия иҷоза дода, ки битавонад аз хоки ин кишвар, манотиқе дар Укроинро ҳадаф қарор диҳад.