Пас аз нашри гузориши БиБиСӣ дар бораи филми “Хиёнат” хабаргузории давлатии “Ховар” номи коргардони онро дар гузоришаш аз нишасти матбуотии Маҳмадсаид Шоҳиён, раҳбари “Тоҷикфилм” иваз кард. Қаблан ин хабаргузорӣ аз қавли Шоҳиён коргардони ин филми бемуаллифро Рустам Сатторзода гуфта буд.
Акнун “Ховар” қавли Шоҳиёнро тағйир дода, номи коргардони филмро Малик Туразода муаррифӣ кардааст, ки ин ном ба хонандагони тоҷик шинос нест. Ҳамчунин тибқи тағйироти воридкардаи “Ховар” ба қавли Шоҳиён, афроди дигаре низ дар ин филм саҳм гузоштаанд: мушовир Мирзо Убайд, муаллиф Раҳмат Темуриён, наворбардор Шукрулло Қаҳҳоров, муҳаррир Нурулло Салимзода, ёвари наворбардор Суҳроб Салимзода, ёвари коргардон Муҳсин Қосимзода, ровӣ Манучеҳр Ализода ва директор Илёс Маҳмудзода.
Қаблан дар матлаби “Ховар” аз 23.07.2020 аз қавли Маҳмадсаъиди Шоҳиён, раҳбари “Тоҷикфилм” гуфта мешуд, ки “филми мустанади «Хиёнат»-и коргардон Рустам Сатторзода дар се қисм бо давомнокии 210 дақиқа рӯйи кор омад, ки бо далелу арқоми қатъӣ дар бораи хоинии душманони миллат ҳикоят мекунад.” Дирӯз хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон дар ин гузоришаш дасткорӣ кард ва номи Рустам Сатторзода аз он ғайб зад.
Муаллифи гузориши ВВС Дориюши Раҷабиён менависад, ки “Рустами Сатторзода пас аз интишори гузориши БиБиСӣ бо ман тамос гирифту гуфт, ки як филмбардор аст ва бо филми “Хиёнат” сарукоре надорад. Дар гузориши БиБиСӣ ҳам таъкид шудааст, ки филми “Хиёнат” ҷуз орми истудиюи “Тоҷикфилм” дигар ҳеч имзое надорад, аммо хабаргузории давлатии “Ховар” ба нақл аз раиси ин истудию гуфтааст, ки коргардони он Рустами Сатторзода аст; номе, ки дар маҳофили хабарӣ чандон ошно нест. Ҳоло чиро хабаргузории «Ховар» ё раиси «Тоҷикфилм» чунин кардааст, Худо донаду худаш”.
Ин рӯзноманигори маъруф ҳамчунин бо овардани акс навишта, ки “хабари аслии “Ховар” ҳамчунон дар пойгоҳҳои дигар ҳаст; аз ҷумла торнамои Телевизюни давлатии Тоҷикистон, ки албатта, пас аз ин нивиштаи ман он ҳам “ислоҳ” хоҳад шуд”.