Рубрики Хабарҳо

Қатъи фаъолияти соҳибкорӣ ду баробар афзоиш ёфтааст

27 ҳазор соҳибкор дар ним соли гузашта аз фаъоият даст кашидаанд. Дар ин бора Нустарулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар нишасти матбуотиаш хабар дод. 

Давлатзода гуфт ин соҳибкорон бо патент фаъолият дошта, бинобар қатъи фаъолияти онҳо, ба буҷа 40 миллион сомонӣ ворид нашудааст. Ин афрод бо патент фаъолият доштанд. 

Раиси Кумитаи андоз ин вазъиятро ба пандемии вируси коруно рабт дода гуфт, ки «дар ин давра баъзе аз нуқтаҳои хидматрасониву бозорҳо кор намекарданд».

Муқоисаи омор нишон медиҳад, аз соҳибкорӣ даст кашидани афрод имсол ду маротиба афзоиш ёфтааст. 

Аввали соли ҷорӣ мақомот , ки ҳудуди 24,4 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон соли гузашта ба фаъолияти худ хотима дода, шаҳодатномаву патенташонро бекор кардаанд. 

Тибқи иттилоъи Агенти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24,4 ҳазор соҳибкорон, ки дар январ-декабри 2019 аз фаъолият даст кашиданд, 3 ҳазор нафар бо шаҳодатнома ва 19,4 ҳазори дигар бо патент кор мекардаанд ва 2 ҳазорашон хоҷагиҳои деҳқонӣ будаанд. .

Агентӣ иттлоъ дода буд, ки дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ 561,3 ҳазор нафар соҳибкор дар қайди мақомот қарор доштанд. 

Аммо шумори онҳое, ки фаъолияти воқеъӣ доранд ҳамагӣ 295,5 ҳазор буда, 155,6 ҳазори онро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *