Рубрики Хабарҳо

Сарнагунии 22 паҳпод дар Одесса ва фишор болои Эрон

Укроин гуфтааст, ки ҳамлаи паҳподии Русия ба минтақаи Одесса дар ҳошияи Баҳри Сиёҳро ноком гузоштааст. 

Нерӯи ҳавоии артиши Укроин бо эъломи ин хабар дар каналтелеграми худ навишт, ки ин ҳамалот бо паҳподи “Шоҳид-131 ва Як-136” анҷом гирифта буд. 

Ба гуфтаи артиши Укроин ин ҳамлаи паҳподии Русия аз ҷануб ва ҷанубу шарқ сурат гирифта буд. 

Ба гуфтаи нерӯи ҳавоии ин кишвар 22 паҳпод дар осмон тарконда шудаанд. 

Паҳподҳои “Шоҳид”, сохти Эрон ҳастанд ва Русия дар ҷанги Укроин алайҳи Киев аз онҳо истифода мекунад бо ин ҳол мақомоти эронӣ ҳар гуна дахолат дар ҷанги Укроинро такзиб мекунанд. 

Фишор бар Эрон барои таваққуфи фурӯши паҳпод ба Русия 

Financial Times ҳафтаи гузашта дар гузориши ихтисосӣ ба нақл аз манбаъи огоҳ навишт Амрико Эронро барои таваққуфи фурӯши паҳподҳои низомӣ ба Русия зери фишор қарор додааст ва ин иқдом бахше аз “тафоҳуми нонавишта”-и густурда дар гуфтугӯҳое аст, ки бо ҳадафи танишзудоӣ ва миҳори барномаи атомии Эрон анҷом шудааст. 

Financial Times ба нақл аз манбаъи огоҳ навишт давлати Ҷо Байден ин хостаро дар музокироти ғайри мустақим дар Қатар ва Уммон дар соли ҷорӣ матраҳ кардааст. Бинобар ин гузориш ин гуфтугӯҳо дар канори музокирот табодули зиндониён анҷом шудааст, ки дар натиҷаи он ҳафтаи гузашта “чаҳор шаҳрванди эронӣ-амрикоӣ” аз зиндони Эвин ба ҳабси хонагӣ мунтақил шуданд. 

Financial Times ба нақл аз як мақоми эронӣ ва ҳамчунин фарди дигаре, ки дар ҷараёни музокирот қарор дорад, навишта Амрико аз Эрон хоста таҳвили паҳподҳои низомӣ ба Русияро, ки дар ҷанг бо Укроин ба кор мераванд, мутаваққиф кунад. 

Ин манбаъ гуфтаанд, ки Амрико ҳамчунин хостори таваққуфи таъмини ё фурӯши қатаоти ин паҳподҳо аст. 

Financial Times ба нақл аз мақомҳои эронӣ, ки яке аз манбаъи ин гузориш буда навишт “Теҳрон, ки расман истифода аз паҳподҳояш дар Укроинро такзиб мекунад борҳо аз Маскав хостааст то истифода аз онҳоро дар даргирӣ мутаваққиф кунад, аммо Вашингтон хоҳони “гомҳои ҷиддитаре” аст. 

Мақоми эронӣ, ки бо Financial Times сӯҳбат карда гуфтааст ҳар ду тарафи музокирот умедворанд иқдомоташон ба коҳиши таниш бианҷомад. 

Шабеҳсозии қатаоти хориҷӣ дар паҳподҳои Эрон 

Ҳудуди се моҳ пеш Муассисаи таҳқиқоти таслиҳотии муноқишот, ки як муассисаи бритониёӣ аст, аз шабеҳсозии қатаоти хориҷии мавриди истифода дар паҳподҳои эронӣ ба хотири ташдиди таҳримҳои Амрико хабар додааст. 

Ба гузориши ин муассиса, ки бар рӯйи паҳподҳои эронии мавриди истифода дар ҷанги Укроин таҳқиқ мекунад, як ширкати эронӣ ба номи “Сармад” тавонистааст ду қитъа электироники мавриди истифода дар тавлиди ин ҷангафрӯзҳоро шабеҳсозӣ кунад. 

Рӯзномаи “Вол стрит журнал” ба нақл аз Дэмиен Сплит Раз, аз мудирони муассисаи таҳқиқоти таслиҳотии муноқишот навишт: “фишори таҳримҳо бар таъмини қатаоти хориҷӣ боис шудааст эрониҳо ҳис кунанд, ки бояд то ҳадди имкон қатаотро дар дохил тавлид кунанд.” 

Русия садҳо паҳподи интиҳории сохти Эронро барои ҳадаф қарор додани зерсохтҳои ғайри низомии Укроин ба кор гирифтааст. 

Эрон фурӯши паҳпод ба Русияро марбут ба қабл аз ҷанги Укроин унвон кардааст вале кишварҳои ғарбӣ Теҳрон ва Маскавро ба густариши ҳамкориҳои паҳподӣ муттаҳам мекунанд. 

Муассисаи таҳқиқоти таслиҳотии муноқишот пештар дар гузорише аз корбурди қатаоти амрикоӣ, аврупоӣ ва ҷопонӣ дар тавлиди паҳподҳои эронӣ хабар дода буд. 

Бисёре аз ин қатаот монанди резтарошаҳо (микрочип), линзи дурбин, мотор ва сомонаҳои ҷиҳатёбии қатаотӣ ҳастанд, ки ба роҳати қобили харидорӣ ҳастанд. 

Амрико ва муттаҳидонаш бо ҷорисозии таҳримҳо алайҳи созандагони паҳпод дар Эрон ва таъминкунандагони қатаоти он саъй доранд монеъ аз корбурди онҳо дар ҷанги Укроин шаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *