Рубрики Хабарҳо

The Sunday Times: Амрико ҳазорон паҳподи ҷангӣ ба минтақаи Ҳиндучин мефиристад

Рӯзномаи бритониёии “Санди Таймз” (The Sunday Times) гузориш дод, ки Иёлоти Муттаҳида, дар талош барои муқобила бо таҳдиди афзояндаи артиши Чин дар Осиёи ҷанубишарқӣ, қасд дорад тай ду соли оянда садҳо ҳазор ҳавопаймои бидуни сарнишин ба минтақаи Ҳиндучин бифиристад. 

Ба гуфтаи ин рӯзнома, “ибтикори дубаробарсозии” Вазорати дифоъи Амрико, ё Пентагон шомили хариди куллии тамоми анвоъи системаҳои ҷангии бидуни сарнишин, монанди ҳавопаймоҳо, киштиҳо, ва зердарёиҳо аст. Амрикоиҳо бо мушоҳидаи короӣ ва арзонии системҳои ҷанги бидуни сарнишин дар ҷараёни ҷанги Укроин ба ин натиҷа расидаанд, ки метавонанд дар рақобати худ бо Чин аз онҳо истифода кунанд. 

Имрӯз Чин бо 350 киштӣ ва зердарёӣ бузургтарин нерӯи дарёии ҷаҳонро дорад. Дар муқоиса, неруи дарёии Амрико 293 шиновар дорад. Бо ин ҳол, Амрико ҳанӯз нисбат ба Чин бартарии дарёӣ дорад, зеро дорои новҳои ҳавопаймобари бештаре аст, ва дар баробари ҳар се ҳавопаймобари чинӣ, Амрико ёздаҳ ҳавопаймобар дорад. 

Дар айни ҳол, новҳои ҳавопаймобари амрикоӣ дар баробари зарродхонаи мушакҳои зиддикиштии чинӣ машҳур ба “ҳавопаймобаркуш” осебпазир ҳастанд. Бо назар ба ин бартарии токтикии Чин аст, ки Амрикоиҳо ахиран ба тасмим гирифтаанд то минтақаи Ҳиндучинро пур аз системҳои ҷангии бидуни сарнишини худ кунанд. 

Ба гуфтаи The Sunday Times, барномаи навсозии низомии Чин ба ин ҳадаф пайванд аст, ки агар Пекин замоне қасд кард Тайванро тасарруф кунад, неруи дарёии ин кишвар битавонад новҳои ҳавопаймобари амрикаӣ дар дарёи Чини ҷанубиро шикаст диҳад. 

Раҳбарони Чин ба фармондеҳони низомии ин кишвар дастур додаанд то соли 2027 худро омодаи ҳамла ба ҷазираи худгардон кунанд. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, гуфтааст, ки мехоҳад кишварашро то соли 2049 ба як абарқудрати ҷаҳонии низомӣ ва иқтисодӣ табдил кунад. 

Котлин Ҳекс, муовини вазири дифоъи Амрико, дар бораи ибтикори дубаробарсозӣ гуфтааст: “қасд дорем аз тариқи анбӯҳи паҳподҳои худамон бо анбӯҳи паҳподҳои артиши озодибахши Чин муқобила кунем, аммо барномарезии мо, зарба задан ба мо, ва шикаст додани мо сахттар хоҳад буд.”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *