Давлати Бритониё тасмим гирифтааст гурӯҳи муздури “Вагнер”-и Русияро террористӣ эълом кунад, ки ба маънии ғайриқонунӣ шудани узвият дар он ё ҳимоят аз ин гурӯҳ хоҳад буд.
Пешнависи ин дастур, ки дар парлумон матраҳ хоҳад шуд иҷоза медиҳад дороиҳои “Вагнер” мутааллиқ ба як созмони террористӣ эълом ва забт шавад.
Вазири кишвари Бритониё гуфт, ки “Вагнер” як гурӯҳи “хашин ва мухарриб аст… Як абзори низомӣ дар дасти Русия таҳти назорати Владимир Путин.”
Ӯ гуфт, ки фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар Укроин ва Африқо “таҳдиде барои амнияти ҷаҳон аст.”
Суэлла Браверман афзуд: «идомаи фаъолиятҳои бесуботкунандаи “Вагнер” фақат дар хидмати аҳдофи сиёсии Кремл аст.”
“Онҳо террорист ҳастанд, ба ҳамин содаги — ва дастури пешниҳоди ин мавзӯъро дар қавонини Бритониё тасреҳ хоҳад кард.”
“Вагнер”, ки дар соли 2014 бунён гузошта шуд нақше калидӣ дар ҳамлаи Русия ба Укроин бозӣ кард, ва ҳамчунин дар Сурия, Либия, Маллӣ ва бархе кишварҳои дигари африқоӣ фаъолият мекунад.
Ҷангҷуёни он ба иртикоби ҷиноёт аз ҷумла куштор ва шиканҷаи шаҳрвандони укроинӣ муттаҳам шудаанд.
Амрико дар соли 2020 гуфт, ки сарбозони “Вагнер” дар атрофи Траблос, пойтахти Либия, мин гузоштаанд.
Ва дар моҳи июл Бритониё гуфт, ки ин гурӯҳ “дар Малӣ ва ҷумҳури Африқои марказӣ даст ба эъдом ва шиканҷа задааст.”
Ояндаи ин гурӯҳ баъд аз кудатои нимкораи Евгений Пригожин, раҳбари он, алайҳи фармондеҳи артиши Русия зери савол рафт.
Мақомҳои Русия гуфтанд, ки Пригожин дар ҳодисаи ҳавоии рӯзи 23 август дар Русия кушта шудааст.
“Қонуни терроризми соли 2000” ба вазири кишвар ихтиёри онро медиҳад, ки як созмонро бар асоси нигарониҳое, ки дар мавриди таҳдидҳои он вуҷуд дорад террористӣ эълом кунад.
Бар асоси ин қонуни ҳимоят аз ин гурӯҳ аз ҷумла тартиб додани мулоқотҳо бо ҳадафи пешбурди фаъолиятҳои он ҷурм хоҳад буд.
Зери по гузоштани ин қонун метавонад ба 14 соли зиндон ва панҷ ҳазор фунт ҷарима мунҷар шавад.
Давлати Бритониё барои муддате аз сӯи намояндагони парлумон барои чунин иқдоме таҳти фишор буд.
Пештар дар соли ҷорӣ Дэвид Ламӣ, вазири хориҷаи аз ҳизби коргар, давлатро тарғиб кард “Вагнер”-ро террористӣ эълом кунад ва гуфт, ки ин гурӯҳ “масъули фоҷеаъҳои ҳавлнок дар Укроин ва атрофи ҷаҳон аст.”
Вазорати хориҷа таҳримҳоеро бар ин гурӯҳ эъмол карда буд, ки шомили ҳабси дороиҳои Пригожин ва чанд фармондеҳи аршади он мешуд.
Бо ин ҳол Алише Кирнс, раиси Кумитаи равобити хориҷии парлумон, дар моҳи июл гуфт: “таҳрим кофӣ нест, Бритониё бояд гурӯҳи “Вагнер”-ро ҳамоне, ки ҳаст эълом кунад: як гурӯҳи террористӣ.”
Кумитаи таҳти назари ӯ ҳамчунин дар гузорише гуфт, ки давлат “ба таври чашмгире дучори ғафлат” буда ва аз “надоштани дарки нуфузи “Вагнер” барои Аврупо, ба хусус қабзае, ки бар кишварҳои африқоӣ доранд” интиқод кард.