Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, ки гуфта мешавад бо як сафари корӣ дар Туркия қарор дорад, дирӯз 2 май бо ҳамтои туркии худ Бекир Шоҳин дидору гуфтугӯ кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додситонӣ, яке аз масоили баррасишуда “эътирофи созмону такшкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар” мебошад.
“Дар рафти он ҳамкории мақомоти прокуратураҳои кишварҳо дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, бахусус терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва масъалаи эътирофи созмону ташкилотҳои хатарзо ҳамчун террористӣ дар ҳудуди якдигар баррасӣ гардиданд”, — омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии Додситонии кулл.
Дар ин гуфтушунид ҳамчунин идома додани таҷрибаи ду кишвар дар мубодилаи маълумоти фаврӣ ва муқовимат бо “зуҳурот номатлуб”, аз ҷумла “пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани маҳкумшудагон ва дигар масоили муҳими соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд”.
Гуфтанист, на танҳо дар сафарҳои раҳбарияти мақомоти тафтишотиву интизомӣ, балки сафарҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷ низ пеш аз ҳама масоили ҳуқуқие чун “истирдоди ҷинояткорон”, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва эътирофи мутақобили “созмону ташкилотҳои террористӣ” баррасӣ мегарданд. Бештари созишномаҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ дар 10 соли гузашта дар ҳамин маврид ба имзо расидаанд.
Дар ҳамин ҳол, тамаркузи мақомоти Тоҷикистон дар “истирдоди ҷинояткорон” асосан рӯи мухолифону фаъолони сиёсӣ ва фаъолони динӣ аст, ки бо даҳҳо иттиҳомоти сохта ва дар аксар вақт зиддунақиз онҳоро ҷинояткор муаррифӣ ва дархости истирдодашонро мекунанд.
Масъалаи дигаре, ки мақомоти Тоҷикистон дар дидору мулоқот бо раҳбарони кишварҳои дигар рӯяш пофишорӣ мекунанд ва омодаанд ба ҳар қимате ба он ноил шаванд, эътирофи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ аст. Борҳо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора назди ҳамтоёнаш дар созмонҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон дар он узв мебошад, мисли СҲШ, СПАД, ИДМ ва ғайра гила ва эътироз кардааст, аммо дар наздики 8 соли талошҳояш, танҳо кишваре, ки ҲНИТ-ро террористӣ эътироф кард, Русия буд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, аз ҷумла раиси он Муҳиддин Кабирӣ, террористӣ эътироф шудани ҲНИТ аз ҷониби Русия танҳо ба нафъи ин ҳизб тамом шудааст: ин эътироф баъди ҳамлаи Русия ба Укроин дар ивази дастгирии Раҳмон аз ин ҳамла сурат гирифт ва дере нагузашта худи ҳукумати Русия аз ҷониби чандин созмонҳои бонуфуз ва кишварҳои ҷаҳон террористӣ эътироф гашт.
Муҳиддин Кабирӣ дар як мусоҳибааш гуфта буд таваҷҷӯҳи кишварҳои Ғарб ба ҲНИТ баъди террористӣ эътироф шуданаш аз ҷониби Русия бо ба таври чашмгире боло рафтааст.
ҲНИТ баъди ин эътирофи Русия ба эътилофи мухолифини кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар мубориза бо режими Путин пайваст ва мавқеъаш дар Ғарбро ба маротиб боло бурд.
Коршиносон мегӯянд террористӣ эътироф шудани ҲНИТ аз ҷониби кишварҳои дигар баъид буд ва баъди эътирофи Русия баъидтар шуд, ба хусус аз ҷониби қудрати минтақавие мисли Туркия, ки дар ҳама ҷанбаҳо сиёсати мустақил дорад ва камтар зери бори фишори абарқудратҳо меравад, чи расад ба кишвари кучаку заъифе мисли Тоҷикистон.