Зиндагӣ мақсуд баҳри бандагист.
Зиндагӣ бе бандагӣ шармандагист.
Худованд инсонро барои чӣ офарид? Ва ҳадаф аз офариниши ӯ чист? Ва чӣ рисолат ва вазифае дар рӯи замин дорад?
Ин саволҳоест, ки ҳар як инсон аз худаш бипурсад ва ба онҳо ҷавоб пайдо кунад.Зеро ҳар навъ нодонӣ шояд бахшида шавад, вале агар инсон сирри ҳастии худ, мақсад аз ҳаёт, ҳадафи зиндагонӣ ва рисолаташро дар рӯи замин фаромӯш кунад ин нобахшиданист.
Албатта ҳар созанда асрори сохтаашро медонад, Худованди муттаъол, ки офарандаву созанда ва халқкунандаи инсон аст бояд аз Ӯ бипурсем, ки Худоё инсонро барои чи офаридӣ ва мо чӣ вазифае дар рӯи замин дорем?
Ҷавоби инро Худованд аз тариқи каломи осмонияш Қуръони карим баён доштааст. Онҷое, ки мефармояд: «Ва ҷинну инсро наофаридаам, магар барои ин, ки маро бипарастанд. «(сураи Зориёт.56)
«Ӯ (Худованд) шуморо аз замин офарид ва дар онҷо шуморо сукунат дод (барои ободии он масъулатон кард)»(Ҳуд.61)
Ин ду оят бо ин ҳаҷми кутоҳашон мақсад ва ҳадаф аз офариниши моро баён мекунанд, яъне парастиши Худо ва ободии моддиву маънавии замин ҳадафи аслии офариниши инсон аст.
Ва инчунин Муъоз ибни Ҷабал(р) ривоят мекунад, ки рӯзе дар маркаб пушти Расули Худо(с) нишаста будам фармуд: «Эй Муъоз! медонӣ, ки ҳаққи Худо бар бандагонаш чист? гӯфтам: Худо ва расулаш доност. Гӯфт: «Ин аст,ки Ӯро парастиш кунанд ва бо Ӯ шарике қарор надиҳанд.(ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Парастиши Худованд нидои аввал дар тамоми рисолатҳои осмонӣ буд.Худованд мефармояд:
«Ва мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбаре нафиристодем,магар он,ки ба сӯи ӯ ваҳй фиристодем, ки ғайри ман ҳеҷ маъбуде (барҳақ)нест, пас Маро парастиш кунед»(Анбиё.25)
Пас ҳадаф аз вуҷуди мо ин парастиши Худо аст. Ҳаркӣ бар он пойбанд бошад ва ибодати Худоро ба ҷо оварад мақсуди ҳастии худро дарёфтааст ва аммо ҳаркӣ онро тарк кунад ва ё кутоҳӣ варзад вазифаву ҳадафи ҳаёташро пушти по зада, арзиши аслиашро аз даст додааст.
Бо парастиши Худо мо ба мақсуди офаринишамон мерасем ва шоистаи он мегардем, ки ҷонишини Худо дар руи замин бошем. Худованд пеш аз офариниши мо ба фариштагон гӯфт:»Ман дар рӯи замин ҷонишине меофаринам»(Бақара.30) яъне, иҷро кунанда ва амалӣ гардонандаи ҳукми илоҳӣ, ва аввалин вазифаи ҷойнишинӣ ин шинохти Маъбуд, ба таври шоиста ва сипас парастиши Ӯст.
Мафҳуми дурусту фарогири ибодат
Ибодат ба ду мафҳум истифода мешавад. мафҳуми хос, ки танҳо ибодатҳоеро дар бар мегирад, ки бо одат олудагӣ надорад. Дигар мафҳуми ом, ки дар баргирандаи тамоми амалҳои некӯст.
Яке аз бузургони Исломро дар бораи ин оят: «Эй мардумон парвардигоратонро парастиш кунед»(Бақара.21) аз ибодат ва шохаҳои он пурсиданд дар ҷавоб гӯфт: “Ибодат дар баргирандаи ҳар он чизест, ки Худованд онро дӯст медорад ва аз анҷом додани он хушнуд мегардад. Фарқе надорад, ки гуфтор бошад ё рафтор, ошкор бошад ва ё пинҳон. Пас намоз, закот, руза, ҳаҷ ва ростгӯиву амонатдорӣ, некӯӣ ба падару модар, аҳволпурсӣ аз хешу табор ва вафо кардан ба аҳду паймон, амри маъруфу наҳйи аз мункар ва мубориза бурдан дар роҳи Худо ба ҳама роҳу василаҳои қонунӣ ва эҳсон ба ҳамсоягон, ятимону бенаваоён, мусофирону зердастон аз инсонҳову ҳайвонот, дуъо, зикр, қироат ва ҳамонанди инҳо ҳама ибодатанд. Инчунин дӯстдории Худо ва расули Ӯ(с), тарс аз Худо, ниёиш ба Ӯ, холис гардонидани дин барои Худо ва сабр кардан дар ҳукми илоҳӣ, шукргузории неъматҳои Худо, розӣ будан ба қазояш, таваккал кардан ба Ӯ, умедвор шудан аз раҳматаш, тарсидан аз азобаш ва амсоли инҳо, ки амалҳои қалбианд аз ҷумлаи ибодат ба ҳисоб мераванд. Зеро анҷоми ҳамаи инҳо ба ҷо овардани фармони илоҳист ва Қуръони карим ва ҳадисҳои Расули Худо(с) ба ҳамаи инҳо амр ва ё тарғибу ташвиқ карда, барои амаликунандааш аҷру подош муайян кардаанд.
Ибодат дар луғат ба маънои сар фаровардан ва фурӯтанӣ нишон додан аст, ки ба яке аз маъноҳои калимаи дин мувофиқ меояд ва дар ҳар коре, ки мувофиқ ба ҳукми илоҳӣ анҷом ёбад ва аз Ӯ таъоло итоат шавад ва розигии Худо дар он бошад ибодат ба ҳисоб меравад. Ба ин маъно мо метавонем мафҳуми ибодатро дуруст бифаҳмем ва амалиаш намоем.
Ҳамин тавр мебинем,ки ибодат уфуқи паҳн ва доираи васеъ дорад ва он танҳо дар шиъорҳои исломӣ мунҳасир намегардад, балки ибодат фаротар аз инҳост. Албатта ин шиъорҳо (намоз-руза-закот-ҳаҷ…) ҷуъзи аслии ибодатанд, вале на ҳамаи он. Зеро ибодат илова бар фароиз чандин навъ аз амалҳои ихтиёриро низ дар бар мегирад, ба монанди зикру тиловат, дуъову истиғфор, тасбеҳу таҳлил, садақа, тафаккур дар махлуқоти илоҳӣ, муомилаи нек ва ахлоқу фазилатҳои инсонӣ. Балки дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, мисли хурдану нушидан, суҳбат кардан, муомилот, алоқаҳои иҷтимоъӣ, бинову идораи давлатдорӣ ва ғайра, агар аз Худо итоат шавад ва одобу ахлоқи исломӣ риоят гардад ибодат ҳосил мешавад ва рӯи замин обод мегардад. Худованд мефармояд:
«Бигу ба дурустӣ, ки намози ман ва ҳаҷҷу қурбонии ман ва зиндагониву мавти ман ҳама барои Худо Парвардигори оламиён аст.»(Анъом.162)
Расули Худо(с) фармуданд: «Барои ҳар пайванди аъзои мардумон садақа аст, ҳар рузе, ки офтоб дар он тулуъ мекунад, байни ду нафари хусумат афтода сулҳ андохтан садақа аст, мардеро дар саворияш кумак кардан ва ӯро ё борашро бардоштан садақа аст ва сухани неку садақа аст ва ба ҳар қадаме, ки ба сӯи намоз мегузорӣ садақа аст ва ҳар озордиҳандаеро аз роҳ барканор мекунӣ садақа аст».(ривояти Бухорӣ)
Кадоме аз ин ибодатҳо беҳтаранд?
Вақте, ки доираи ибодат васеъ бошад ва тамоми амалҳои ҳаётро дар бар гирад пас кадом навъе аз ин ибодатҳо беҳтар, дорои аҷри зиёд ва дар назди Худо дӯстдоштатар аст?
Уламо гӯфтаанд, ки афзалияти ибодат аз руи навъаш онест, ки таъкидаш шадидтар бошад. Фароиз бартари доранд бар воҷибот ва воҷибот бартарӣ доранд ба мустаҳаббот ва ибодате, ки нафъаш бар ҷомеа мерасад бар ибодате, ки нафъаш ба фард мерасад бартарӣ дорад.
Аммо аз нигоҳи шахсӣ ва замонӣ беҳтарини ибодат адо кардани воҷиби вақт аст, зеро ҳар замон ибодат ва вазифаи хосси худро дорад ва анҷом додани ибодату вазифаи муайян гаштаи ҳар замон дар ҷои худаш беҳтарин ибодат ба ҳисоб меравад. Пас беҳтарин ибодат масалан дар вақти субҳ машғул гаштан ба намоз, хондани Қуръон, зикру дуъо ва истиғфор аст. Беҳтарин амал дар вақти фаро расидани намозҳои панҷгона лаббай гӯфтан ба муаззин ва шитобидан ба сӯи намоз ва адо кардани он дар масҷид бо хузӯъу хушуъ аст. Дар вақти талаби илм ва дархости донишҷӯён ру овардан ба таълими онҳо ва машғул гаштан ба илм беҳтар аст. Дар вақти ҳозиршавии меҳмон, ба ҷо овардани ҳаққу эҳтироми ӯ, агарчи моро аз баъзе корҳои мустаҳаббӣ ва зикру авродамон боз дорад аз беҳтарин ибодат аст. Дар вақти ба ёрии зарӯриву таъҷилӣ муҳтоҷ гаштани эҳтиёҷманде кумак расонидан ба он ва баровардани ҳоҷати ӯ беҳтарин ибодат аст. Дар вақти ҳуҷуми душманон ва бадхоҳон бар сарзамин ва арзишҳову муқаддасот мубориза бурдан бо онон бо ҳар роҳу василаи қонунӣ ва имконпазир, аз беҳтарин ибодатҳо ба ҳисоб мераванд. Ғайри инҳо дар ҳама вақту ҳол ҷустуҷӯ кардани розигии Худованд ва адо кардани вазифаҳои воҷибу мустаҳабби он замон аз беҳтарин ибодатҳо маҳсуб меёбанд.
Шартҳои қабули ибодат
Барои онки ин ибодатҳо мақбули даргоҳи Худо гарданд ва ҳатто одатҳоямон ибодат маҳсуб шаванд уламо баъд аз имони ба Худо ду шарт гузоштаанд.
Якум: нияти неку ихлос дар амал. Яъне танҳо аз Худо умеди аҷру савоб кардан, зеро ҳар амал вобаста ба ният аст ва ҳаркӣ амалашро ба кадом нияте адо кунад ҳамонро дар меёбад.
Дуввум ҳар амалу ибодат бояд мувофиқи шариъати Худо анҷом ёбад.
Фузайл ибни Аёз мефармояд: Худованд аз амалҳо танҳо холистар ва дурусттарашро қабул мекунад. Гӯфтанд: Эй Абу Алӣ амали холистару дурусттараш кадом аст? Гӯфт: Холистараш он аст, ки амал холис барои Худо бошад,яъне танҳо аз Худо умеди аҷру подош дошта бошад. Аммо дурусттарашон аст, ки амал мувофиқи шариати Худо анҷом ёбад.