Рубрики Хабарҳо

Садҳо деҳаи маҳкум ба нобудӣ

Дарёфти шаҳрвандии Русия аз ҷониби тоҷикон барои кишвар бетаъсир ва ҳатто камтаъсир набудааст. Ба ивази даҳҳо ҳазор шиносномаи русӣ, ки тоҷикон солона дарёфт мекунанд, садҳо деҳа дар кишвар бо суръат холӣ мешаванд. Суръати ин раванд торафт бештар мешавад ва ба гуфтаи коршиносон авоқиби ҷуброннопазире барои кишвар хоҳад дошт. 

Наздики 200 ҳазор тоҷикистонии шаҳрвандии Русияро дарёфткарда дар соли 2022 мутаассифона ҳамаи омор нест. Ин танҳо қисмати болоии кӯҳи ях (айсберг) аст. Қисмати зериобии ин кӯҳи ях аз садҳо ҳазори дигар ташкил шудааст, ки ҳуҷҷатҳои Иқомати муваққат (временное вид на жителство — ВНЖ) ва Сабти ҳузури муваққат (Регистратсия временного пребивания — РВБ) дарёфт кардаанд. Ин шумор аз шумори онҳое, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд ба маротиб бештар аст. Яъне солҳои оянда мо шоҳиди дорои шиносномаи русӣ шудани шумори бамаротиб бештар аз соли 2022 ва холишавии хеле бештари деҳаҳо дар кишвар хоҳем буд. Албатта агар ҷанг вазъи Русияро то ҷое набарад, ки иқомат дар он аз зистан дар Тоҷикистон беҳтар набошад.

Ҳозорон хонаи солҳо холӣ дар деҳаву шаҳракҳо

Деҳаҳо, бахусус дар навоҳии кӯҳистонӣ босуръат холӣ мешаванд. Ин раванд хоси кадом минтақаи хоси Тоҷикистон нест. Шурӯъ аз Мурғоб, нуқтаи шарқии кишвар то Панҷакент, нуқтаи ғарбии он то Шаҳритӯс, нуқтаи ҷанубиву Ашт, нуқтаи шимолӣ ҳазорҳо хона холӣ шудаанд. 

Раванди босуръати холишавии деҳаҳоро мешавад дар навоҳии шарқии кишвар — Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии водии Рашт ду соли охир суръати бештар касб кардаанд. Дар Бадахшон, ки деҳаҳояш кӯчаканд, дар бархе деҳаҳо шумори хонандагон аз муаллимон камтар шудааст. Кор то ҷое расида, ки аз Бадахшон ба Хатлон муаллимони бекормонда даъват мешаванд.

Раванди ҳиҷрат баъди ҳамлаи охири режими Раҳмон ба Бадахшон суръати бесобиқа касб кардааст. Қаблан агар ҳиҷрат бештар сабаби иқтисодӣ дошт, ҳоло сабаби аслӣ сиёсӣ шудааст. Аз тарси таъқибу зиндонӣ шудан, садҳо хонавода вилояти худмухорро тарк кардаанд ва садҳои дигар барои ҳиҷрат омода мешаванд.

Водии Камароби Рашт ҳам рӯ ба холишавӣ овардааст. Қаблан ҳам 95 дарсади хонаводаҳои ин водӣ аз ҳисоби маблағҳои муҳоҷирон ба сар мебурданд, аммо мардон барои кор мерафтанду занону фарзандон дар хонаҳояшон мемонданд. Аммо ҳоло мардон тарҷеҳ медиҳанд хонаводаҳояшонро бо худ бибаранд. Беш аз 30 дарсади хонаводаҳо аз водӣ аллакай кӯч бастаанд. Дар Тавилдараву Тоҷикободу Ҷиргатол ҳам вазъ ҳамин аст. 

Даҳ сол қабл як сотих замин дар бархе деҳаҳои навоҳии Исфара, Истаравшан, Ашт ва ғайра то 5 ҳазор доллар қимат дошт. Ҳоло дар аксари онҳо на танҳо қимати замин ба маротиб поинтар рафтааст, балки аслан қимат надорад — харидоре нест. Ҳазорҳо хона дар ин ноҳияҳо ва дигар навоҳии Суғд, бахусус манотиқи камзамин ва кӯҳӣ солҳост, ки ба дарвозаҳояшон қулф зада шудааст ва ин шумор бо суръат дар ҳоли афзоиш аст. 

Намунаи боризи холишавии хонаҳоро мешавад дар Ворухи Исфара ва Понғози Ашт мушоҳида кард. Сокинони ин ду ҷамоъат, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бо Русия додугирифти тиҷорӣ доштанд, аз солҳо қабл ҳиҷрати хонаводагӣ ба Русияро таҷриба кардаанд. Агар дар ноҳияҳои дигари кишвар ва ё ҷамоъатҳои дигари Исфараву Ашт кӯчидан ба Русия аз даҳ то панҷ соли ахир “мӯд” шудааст, сокинони ин ду ҷамоъати кӯҳиву сераҳолӣ ҳанӯз бист сол қабл ҳам равандро таҷриба мекарданд.

Ҳоло наздики 70 дарсади (!) дарвозаи ҳавлиҳо дар ин ду ҷамоъат қулф зада шудаанд ва бархе хонаҳо аллакай рӯ ба фурӯравӣ овардаанд. Табиист, ки шумори хонандагони мактаб ҳам босуръат кам мешавад ва бархе синфҳо ҳамагӣ 5-10 хонанда доранд. Дар ҳоле, ки шумори синфҳо кам карда шуда ва чанд мактаб ҳам аз фаъолият бозмондааст. Дар маҳаллаҳо асосан пиросолон ба ҷашм мехӯранд.

Вазъ дар деҳаҳои дигари ин ду ноҳия ва ноҳияҳои дигари кӯҳистонӣ ва ҳатто кишоварзии кишвар беҳтар нест. Ҳатто дар маркази ноҳияи Ашт — шаҳраки Шайдон камтар аз ними хонаводаҳо боқӣ монда, дигарон ба Русия кӯч бастаанд. Дар ҷамоъатҳои дигари ноҳияи Исфара ҳам ин раванд босуръат дар ҳоли афзоиш аст. Ҳатто шаҳри Исфара ба шаҳри нимахолӣ табдил шудааст. Конибодому Истаравшан ҳам бо суръат холӣ мешавад. 

Ҷанг ҳам суръатро коҳиш надод

Қисми асосии ҳиҷраткунандаҳо ба Русия мераванд. Шумори хонаоводаҳои кӯчбаста ба кишварҳои дигар бисёр кам аст ва мешавад дар ҳар минтақае бо ангушт ҳисоб кард. 

Ҳамлаи Русия ба Укроин ва дар паи он басиҷи саросариву ҳоло шикори муҳоҷирон барои бо ҳар роҳе бурдан ба ин ҷанг, раванди кӯчиши хонаводаҳои тоҷикистонӣ ба ин кишварро коҳиш надодааст. Оморҳои расмӣ ҳам мегӯянд раванди гирифтани шаҳрвандии Русия аз тарафи тоҷикон, ки аз соли 2013 бо суръати геометрӣ боло меравад, кундтар нашудааст. Ҳоло ҳар рӯз ҳудуди 500 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд. 

Ягона тағйирот дар ин самт ин аст, ки қисмате аз мардон барои ҳамсару фарзандони ноболиғашон шаҳрвандӣ мегиранд, аммо худашон аз гирифтани шиносномаи русӣ худдорӣ мекунанд, то ба артиш ҷалб нашаванд. Ин тасмими мардон оморро ҷандон тағйир надодааст — дар хонаводаи иборат аз 6 нафар 5 нафар шаҳрвандӣ мегиранду як нафар худдорӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бештари тоҷикони шаҳрванди Русия, чӣ қаблан дарёфткардаҳо ва чӣ тоза шаҳрвандшудаҳо қартае дар даст доранд, ки онҳоро аз басиҷ ба артиш ҳифз мекунад — серфарзандӣ. Тибқи қавонини Русия падаре, ки се ё бештар фарзанди ноболиғ дорад, аз басиҷ ба артиш озод аст. Ҳарчанд Ситоди кулли артиши Русия ин имтиёзро барои муддате аз байн бурд, аммо баъди эълони итмоми басиҷ он дубора ҳукми қонунӣ гирифт. Ҳамчунин моҳи июни соли ҷорӣ, Думаи давалтии Русия қонун дар бораи таъхири басиҷи мардони серфарзандро қабул кард. 

Танҳо ҷавонон ҳиҷрат намекунанд

Хонаводаҳои кӯчбаста ба Русия танҳо аз ҳисоби ҷавонон нест. Даҳҳо ҳазор нафақахӯр ҳам барои дарёфти нафақаи бештар шаҳрванди Русия шудаанд. Агар қаблан онҳо баъди гирифтани шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон бармегаштанд, то бо нафақаи бештар даври пирӣ ронанд, ҳоло қисми зиёдашон дар Русия боқӣ мемонанд.

Сабаби барнагаштани нафақахӯрон асосан дар Русия будани аксар ё ҳамаи фарзандонашон аст. Дар кишвар дигар ҳеҷ фарзандашон боқӣ намондааст то онҳоро нигоҳубин кунад.

Агар қаблан дар метрои Маскав ё Санкт-Петербург дидани пирамард ё пиразани тоҷик аз ҳаводиси нодир ба ҳисоб мерафт, ҳоло тақрибан имкон надорад савори метро шавиву мӯйсафед ё кампири тоҷикеро во нахӯрӣ. Дар бештари мусофирбарҳои шаҳрҳои дигар низ ҳол чунин аст.

Масоҷиди шаҳрҳои Русия низ шоҳиди афзоиши рӯзбарӯзи пирамардони тоҷику узбек мешаванд, ки барои истиқомати доимӣ ба ин кишвар кӯчидаанд.

Раванди бебозгашт

Коршиносон ба ин назаранд, ки раванди ҳиҷрати саросарӣ дар умум бебозгашт аст. Абдуманон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд 90 дарсдаи ҳираткардаҳо дар гумон аст баргарданд. 

“Дар деҳот ҷои кор нест ва дар гумон аст замоне пайдо шавад. Намешавад, ки ҳамеша мардон дар ҳиҷрат бошанду занону фарзандон дарди фироқ кашанд. Ҳамчунин вазъи маорифи кишвару таълими хонандагон дар макотиб наметавонад бештари мардумро бетараф гузорад. Шурӯъ ва суръатгирии ин раванд ногузир буд” — мегӯяд ӯ.

“Дар Русия имтиёзҳои зиёде барои хонаводаҳои серфарзанд пешбинӣ шудааст. Ба унвони мисол, як хонаводае, ки се фарзанди ноболиғ дорад, метавонад бо ипотека хона гирад ва пардохти пули онро танҳо аз ҳисоби кӯмакпулии давлат ба фарзандонаш таъмин кунад. Яъне тақрибан хонаи бепул бо тамоми шароитҳо ва имтиёзҳои шаҳр” — шарҳ медиҳад ӯ.  

Ба гуфтаи ӯ “қаблан мардум роҳати зистан дар шаҳрҳо бо хонаводаашонро таҷриба накарда буд. Ҳоло дар гумон аст нафаре, ки ин таҷрибаро дорад, розӣ шавад хонаводаашро дубора ба деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ, ки 1 дарсади шароити шаҳрро ҳам надорад бозпас фиристад. Ҳамчунин таҷрибаи таҳсили хонандагон дар макотиби Русия фарқи сатҳи таълим дар ду кишварро ба намоиш гузоштааст ва маълум аст волидон кадоме аз дуро тарҷеҳ медиҳанд”. 

Шералиев мегӯяд “давлат ҳеҷ барномае барои таъмин ба кори сокинони деҳот надорад ва аслан рӯи кор омдани чунин барномае тақрибан ғайриимкон аст. Чанд сол пас мо садҳо деҳаи комилан холӣ хоҳем дошт. Ин раванд ҳатто дар сурати идомаи тӯлонии ҷанг ҳам қатъ нахоҳад шуд, чун шароит ҳатто дар шаҳрҳои Русияи ҷангзада ҳам ҳамеша беҳтар аз деҳаҳои кӯҳии Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо рӯзе, вақте ҳиҷрати саросарӣ ба иқтисод, демография ва вазъи сиёсии кишвар таҳдид кард, ҳукумат ҳатман чораҳои пешгирикунанда меандешад, ки бо гумони ғолиб ин чораҳо маҷбурӣ хоҳанд буд. Яъне ҳиҷратро қисман ё комилан манъ мекунад. Аммо то он замон мо чанд миллион тоҷики шаҳрванди Русия ва чанд ҳазор тоҷики кушташуда дар ҷанги Укроин хоҳем дошт”. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *