Ереван рӯзи панҷшанбе, 7 сентябр бо ишора ба таҳаррукоти низомии Боку дар тӯли марзи ду кишвар, аз эҳтимоли ҳамлаи низомии ҷумҳурии Озарбойҷон ба хоки Арманистон хабар дод.
Танишҳо миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳҳои гузашта ба шиддат афзоиш ёфтааст, зеро ҳар ду кишвар ҳамдигарро ба ҳамалоти фаромарзӣ муттаҳам мекунанд.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар ҷаласаи ҳайати вазирони ин кишвар гуфт, ки вазъияти низомӣ-сиёсии минтақа “бадтар” шудааст.
Ӯ гуфт, ки ҷумҳурии Озарбойҷон нерӯҳои низомии худро дар марзи ду кишвар ва ҳамчунин дар наздикии минтақаи Қарабоғ мутамаркиз кардааст.
Пашинян дар идома гуфт: “ҷумҳурии Озарбойҷон бо ин таҳаррукот, азми худро барои иқдомҳои таҳрикомези низомии ҷадид алайҳи Қарабоғ ва Арманистон нишон медиҳад.”
Боку бо радди иддаоҳои Арманистон, ин мавзӯъро як “дурӯғ” унвон кард. Вазорати хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон дар баёнияе эълом кард: “Арманистон бояд иддаоҳои арзии худ бар ҷумҳурии Озарбойҷонро канор бигузорад, ба таҳаррукоти низомӣ-сиёсии худ поён диҳад ва монеъи раванди сулҳ нашавад.”
Ҳамзамон бо тарҳи иддаоҳои Ереван мабнӣ бар таҳаррукоти низомии Боку дар марзи миёни ду кишвар, вазири дифоъи Қибрис дар ҳисобҳои корбарии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт ҳамтои арманистонияш сафари барномарезӣ шудаи худ ба Қибрисро ба далели “вахомати авзоъ” лағв кард.
Ҳайати назоратии Иттиҳодияи Аврупо мустақар дар самти марзи Арманистон эълом кард, ки фаъолиятҳои гаштзании худро барои мушоҳидаи ҳар гуна таҳаррукоти низомии ҷумҳурии Озарбойҷон афзоиш додааст.
Иддаоҳои Пашинян дар остонаи баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ дар минтақаи ҷудоиталаб дар рӯзи шанбе ва чанд рӯзи пеш аз размоиши муштараки нерӯҳои Арманистон ва Амрико матраҳ шудааст.
Кремл рӯзи панҷшанбе бо интиқод аз размоиши муштараки Арманистон ва Амрико, эълом кард, ки ин размоишҳо ба субот дар минтақаи ноороми Қафқоз осеб мерасонанд. Маскав минтақаи Қафқозро минтақаи таҳти нуфузии худ медонад.
Пашинян аз Маскав ба далели шикаст дар рафъи садгузории роҳи ягонаи Қарабоғ ба Арманистон интиқод кардааст.
Дар соли 2020, Русия нерӯҳои ҳофизи сулҳи худро пас аз миёнҷигарӣ барои поёни ҷанг миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин минтақаи Қарабоғ мустақар кард.
Пештар Пашинян аз такяи Арманистон ба Русия ба унвони зомини амнияти ин кишвар ба унвони як “иштибоҳи стратегӣ” ном бурда буд.