Рубрики Хабарҳо

СNN: Маск бо қатъи интернети Starlink, ҳамлаи Укроин ба киштии ҷангии Русияро халалдор кард

СNN дар гузорише бо истинод ба бахшҳое аз зиндагиномаи Илон Маск, ки рӯзҳои наздик мунташир хоҳад шуд, навишт ин ғӯли фановарӣ ва миллиардери амрикоӣ, соли гузашта бо қатъи интернети моҳвораии Старлинк, ҳамлаи Укроин ба киштии Русия дар наздикии Кримро халалдор кард. 

Интизор меравад зиндагиномаи Илон Маск, ки ба қалами Уолтер Айзексон, зиндагиноманависи матраҳи амрикоӣ навишта шуда, таҳти унвони “Илон Маск” дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи ҷорӣ рӯнамоӣ шавад. 

СNN ба нақл аз бахшҳое аз ин китоб, бидуни ин ки таърихи дақиқеро мушаххас кунад, навишт, ки порсол нерӯҳои укроинӣ бо истифода аз интернети моҳвораии Старлинк, паҳподҳои пур аз маводи мунфаҷираро ба самти як киштии ҷангии Русия дар наздикии соҳили Крим ҳидоят карданд. 

Дар пайи ин иқдом, Илон Маск ба муҳандисони худ дар ширкати SpaceX

ба таври “маҳрамона” дастур дод, ки шабакаи иртиботии Старлинкро қатъ кунанд. 

Хомӯш шудани дастгоҳи интернети моҳвораии Старлинк, сабаб шуд, ки ҳидоятгарони укроинӣ иртиботи худ бо паҳподҳоро аз даст диҳанд ва ин киштиҳо дубора ба соҳил баргарданд. 

Уолтер Айзексон дар китоби “Илон Маск” навиштааст, ки ҳамон тавр, ки паҳподҳои пури маводи мунфаҷира ба киштии ҷангии Русия наздик мешуданд, иртибот бо онҳо қатъ шуд ва дубора ба соҳил баргаштанд. 

СNN навишта, ки нигаронӣ ва тарси Маск аз ин буд, ки Русия барои талофии ҳамлаи Укроин ба киштияш, даст ба ҳамлаи ҳастаӣ бизанад. Тибқи гузориш, ин нигаронӣ аз гуфтугӯҳои Маск бо бархе мақомҳои аршади ҳукумати Русия манша мегирад. 

Др гузориш омада, ки мавзӯъи қатъи интернети Старлинк ва эҷоди халал дар ҳамлаи Укроин, намоёнгари мавқеияти мунҳасир ба фарди (уникалии) Илон Маск дар таҳоҷуми Маскав ба Киев аст. 

СNN навишт, ки ин ғӯли фановарӣ, хоста ё нохоста акнун табдил ба як “даллоли қудрат” шуда, ки ҳатто мақомҳои амрикоӣ низ наметавонанд аз ин амр чашмпушӣ кунанд. 

Бар пойяи ин гузориш, мақомоти укроинӣ ба думболи қатъи интернети моҳвораҳои Старлинк, барои аз саргирии ироаи ин хадамот даст ба домони Илон Маск шуданд. 

Бо оғози таҳоҷуми Маскав ба Киев дар моҳи феврали порсол, Русия ба аксари системҳои мухобиротӣ дар Укроин осеб расонд ё онҳоро ғайрифаъол кард. 

Пас аз он, Илон Маск мувофиқат кард, ки ба арзиши миллионҳо доллар дастгоҳҳои интернети моҳвораии Старлинк сохти ширкати SpaceX-ро дар ихтиёри Укроин қарор диҳад. Он чи, ки барои Укроин аз аҳамияти болое бархурдор буд ва сабаб шуд иртиботи нерӯҳояш бо ҳам дар аксарияти нуқоти ин кишвар ҳифз шавад. 

Дар гузориш омада ҳангоме, ки нерӯҳои укриноӣ даст ба истифода интернети Старлинк фаротар аз эҷоди иртиботот, яъне ҳидояти ҳамалоте аз роҳи дур алайҳи Русия, заданд, Илон Маск дар бораи тасмими худ мабнӣ бар ирояи ин фановарӣ мутараддид шуд. 

Уолтер Айзексон дар китоби худ ба нақл аз Маск навишт, ки ӯ мепурсад: “ман чи гуна дар ин ҷанг ҳастам?”  Ва молики SpaceX изофа кард: “Старлинк қарор набуд ба ҷанг биравад. Барои ин сохта шуд, ки мардум Нетфликс тамошо кунанд, мактабҳои онлайнро думбол кунанд ва корҳои сулҳомези хуб анҷом диҳанд, на ҳамла бо паҳпод.” 

Ба думболи ин иттифоқ, Илон Маск бо Ҷек Саливон, мушовири амнияти миллии Амрико, Марк Милли, раиси ситоди артиши Иёлоти муттаҳида ва сафири Русия дар Вашингтон гуфтугӯи телефонӣ ва нигарониҳояшро иброз кард. 

Илова бар ин, ба рағми ин ки ширкати SpaceX  даҳҳо миллион долларро барои ироаи интернети моҳвораӣ ба Укроин ҳазина карда, идомаи ин масрафҳо ва ин ки кӣ бояд онро ба ӯҳда бигирад, чолиши дигаре барои мақомҳои амрикоӣ будааст. SpaceX дар моҳи октябр гузориш дод, ки Илон Маск ба вазорати дифоъи Амрико иблоғ карда, ки дигар ҳазинаи фароҳамсозии интернети Старлинк ба Укроинро пардохт нахоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *