Рубрики Хабарҳо

Шумори қурбониёни сел танҳо дар як шаҳри Либия аз 5200 нафар гузашт

Сухангӯйи намояндагии Вазорати дохилаи Либия дар шарқи ин кишвар гуфт, дар фоҷиаи сел танҳо дар Дарна 5200 нафар ҷон бохтанд. 

Ториқ Ал-Хараз, сухангӯйи Вазорати дохилаи давлати Маҷлиси намояндагони Тобруқ ба хабарнигорон гуфт, ки дар фоҷиаи сел танҳо дар Дарна 5200 нафар ҷон бохтанд. 

Ал-Хараз бо баёни ин ки ҷасадҳои 1300 нафар аз ҷонбохтагони сел, ки ҳуввияти онҳо мушаххас аст, ҷаноза карда шуд, тасреҳ кард: ҷасадҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ба далели нопадид шудани кулли хонаводаҳо дар сел қобили шиносоӣ набуда ва наметавон онҳоро дарҳоли ҳозир дафн кард. 

Вай бо баёни ин ки мумкин аст теъдоди ҷонбохтагони сел дар Дарна аз 10 ҳазор нафар фаротар равад, гуфт: ҳанӯз ҷасадҳои зиёде пайдо нашудаанд ва тимҳои мутахассиси имдод ва наҷот аз Туркия, Аморот ва Миср дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа ҳузур доранд. Талош барои наҷоти ҷасадҳое, ки дар асари сел ба дарё кашида шудаанд, идома дорад. 

Тӯфони медитаронаии “Данил” рӯзи якшанбе чандин минтақа дар шарқи Либияро фаро гирифт, ки муҳимтарини онҳо шаҳрҳои Бенғозӣ, Ал-Базоъ ва Ал-Мараҷ, Сус ва Дарна буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *