Рубрики Хабарҳо

Бачаҳои Мубин Эргашев ба Ҷоми Осиё-2024 роҳхат гирифтанд

Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии Мубин Эргашев ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Австралия бо ҳисоби мусовӣ — 1:1 бозӣ кард ва дар гурӯҳи “I” мақоми дуюмро касб кард.

Қаблан Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) тими Лаосро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд.

Ҳамин тавр, Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гуруҳ бо 4 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *