Рубрики Хабарҳо

Владимир Путин аз Ким Чен Ин дар пойгоҳи фазоии “Восточний”-и Русия пазироӣ кард

Раисҷумҳур Русия имрӯз, чаҳоршанбе 13 сентябр аз раҳбари Кореяи Шимолӣ дар пойгоҳи фазоии “Восточний” дар шарқи Русия пазироӣ кард. 

Расонаҳои русӣ видеои истиқболи Владимир Путин аз Ким Чен Инро мунташир кардаанд. 

Хабаргузории ТАСС навишт, ки Ким Чен Ин аз Владимир Путин ба хотири даъвати ӯ ба Русия “ба рағми машғулиятҳои зиёд” ташаккур кард. 

Раисҷмҳури Русия ба раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфт: ”аз дидан шумо хушҳолам.” 

Тибқи гузориши расонаҳо, Ким Ю Чен, хоҳари раҳбари Кореям Шимолӣ низ бародарашро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад. 

Хабаргузории РИА Новости ҳам навишт, ки Путин дар посух ба ин пурсиш, ки оё ҳамкории низомӣ-фаннӣ шомили дастури кори ин дидор хоҳад буд, гуфт: “дар бораи ҳама масоил сӯҳбат хоҳем кард. Замони кофӣ дорем.” 

Раисҷмҳури Русия ҳамчунин дар посух ба саволе мабнӣ бар ин, ки кишвараш дар сохти моҳвора ба Кореяи Шимолӣ кумак хоҳад кард, гуфт: “ба ҳамин далел ба пойгоҳи фазоии “Востончий” омадем.” 

Путин афзуд, ки Кореяи Шимолӣ тамоюли зиёде ба фановарии мушакӣ нишон дода ва онҳо дар талоши тавсеъаи фаъолиятҳои фазоӣ ҳастанд. 

Иёлоти муттаҳида Амрико, ки пеш аз ин Кореям Шимолиро ба ироаи аслиҳа ба Русия муттаҳам карда, нигарони ҳамкориҳои нави таслиҳотӣ байн Маскав ва Пхенян аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *